Убури ғайриқонунии як марзбони ӯзбак дар минтақаи Чапани ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сабаб гардид, ки миёни марзбонони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон даргирӣ ба амал биёяд.
Ба гуфтаи хабаргузориҳо марзбони мазкур, ки савори асп буда, 150 то 200 метр марзи Тоҷикистон убур намуда ва бо дурбини телефони дастӣ ҳудуди Тоҷикистон ва марзбонони тоҷикро наворбардорӣ кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, пас аз таҳқиқи он ки марзбони ӯзбак бо убур кардани худ қонуни марздориро вайрон намудааст, маҷбур мешаванд ӯро дастгир намоянд. Вале дар натиҷаи талош барои боздошти ӯ, марзбонони ӯзбак ба сӯйи марзбонони тоҷик тирандозӣ мекунанд, ки марзбонони тоҷик низ бо онҳо даргир мешаванд.
Ҳамзамон хабаргузорӣ аз баёнияи Идораи кулли марзбонони Кумитаи давлатии милии Тоҷикистон менависад, ки зуҳри 1 сентябр дар минтақаи мазкур марзвайронкунӣ аз тарафи се марзбони савори се асп ба масофаи 1000 метрии ҳудуди Тоҷикистон ворид шуда ва як чӯпони тоҷикро ба зӯр ба хоки Ӯзбакистон бурдаанд.
Ҳамзамон ҷониби Ӯзбакистон нисбати қазияи мазкур аз мулоқот бо марзбонони тоҷик ва баррасии ин қазия худдорӣ намудааст. Лозим ба ёдоварист, ки тайи солҳои ахир, аз ҷумла бо оғози сохти нерӯгоҳи “Роғун” равобит миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон рӯ ба зиштӣ овардааст. Ҳамзамон чунин даргириҳо ва нофаҳмиҳо миёни марзбонон ва сарҳадчиён ба назар мерасад.