Categories Интихобот

Абдуқаҳҳори Давлат шоиставу арзандаи вакилист!

Дар конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ, ки 12 январи соли равон
дар ноҳияи Ҷ. Румӣ баргузор гашт, ҷамъомадагон аз ҳавзаи Ҷ. Румӣ №30 ҷавонмарди
шинохтаву рўзноманигору сиёсатмадори асил Абдуқаҳҳори Давлат (Давлятов Абдуқаҳҳор)-ро
якдилона ба номзадии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ пешбарӣ карданд.

Ба мисли дигар навоҳӣ ба бахши ноҳиявии ҲНИТ ҳукуматдорон толор ҳам
надоданд ва наҳзатиёни ноҳия пеши касе сари таъзим ҳам фуруд наоварданду илтиҷо
ҳам накарданд, чун дилпур буданд, ки қароргоҳи замонавие дар ихтиёр доранд.
Конфронс дар қароргоҳи бахши ноҳиявии ҲНИТ бо шукуҳу шаҳомати хосае баргузор
гардид.

Метавон гуфт толори маҷлисгоҳи бахши ноҳиявӣ фазоеро мемонд, ки
воқеан ҳам фазои сиёсӣ буд, зеро ин аз чеҳраву руҳияи 300 нафар аз меҳмонону
120 нафар аз вакилон гувоҳӣ медод.

Воқеан ҳам ҲНИТ дар интихобу пешбарии вакили арзандаи худ Абдуқаҳҳори
Давлат хато накардааст. Абдуқаҳҳор аз зумраи он фаъолони ҲНИТ аст, ки наметавон
ўро бо василае шикаст, зеро муҷаҳҳаз бо донишу маърифати диниву дунявист. Асло
сухани зидди қонун надорад, навиштаҳои рўзноманигориаш ҳам созандаанд, на
сўзанда. Ба замми ин ҳама ҷавонмарди хоксору дидадарост, ба қавли рўзноманигоре
“дардошнову дилошност”.

Абдуқаҳҳор Давлатовро ҳанўз вақти дар рўзномаи “Наҷот” сармуҳаррир
буданаш хуб мешинохтам ва дар ҳалли масъалаи баҳсбарнгезе, ки бо мақомоти маҳаллӣ
доштам, дасти кўмакам расонида буд.

Мушкилоте дар мактаб доштам ва ҳар гоҳ, ки аз фасодкории сарвари
мактабу ҳамсоѓар бо мудири маорифи ноҳия буданаш шикоят ба масъули ноҳия
мебурдам, маро чун “хабаркашу нависанда” унвон бурда, пешорўям дари тамоми
идораҳоро ба қавле баста буданд. Билохира водор шудам то ба чанд расонае номаи
шикоятӣ нависам, аммо рўзномаҳои хусусиву давлатӣ эътиборам надоданд. Баъдан
маслиҳатам доданд, то унвонии рўзномаи “Наҷот” номае барам. Номаро иншо кардаму
худ назди сардабири он Абдуқаҳҳори Давлат рафтам. Ў маро хуш қабул кард,
сараввал бо пиёлаи чое ташнагиам шикаст ва баъдан арзам шунид. Маслиҳатам дод:
“Устоди арҷманд, агар шикоятномаро дар рўзномаи ҳизбӣ ба нашр расонам, мушкилот
даҳчанд мешавад, хубаш дар ҳузури шумо бо Вазорати маориф дар тамос шуда,
масъаларо чун рўзноманигор мавриди баррасӣ қарор медиҳам ва чун муроде ҳосил
нашуд, баъдан онро дар рўзнома ҷой медиҳам”. Ман розӣ шудам ва А. Давлат бо
масъули Вазорати маориф дар тамос шуда, масъаларо фаҳмонд ва худро чун
рўзноманигори мустақил муаррифӣ кард. Худи ҳамон лаҳза маро ба вазорат даъват
карданд, аризаам гирифтанд ва рўзи дигар аллакай намояндаи Вазорати маорифро
назди мактаб дидам, ки пайи ҳалли қазия омада буд. Замоне, ки бо дигар аз
омўзгорон намояндаи ҳукумат ҳамсуҳбат шуд, ҳама аз рафтори сарвари мактабу
мудири маорифи ноҳия шикоят карданд. Се рўз баъд аз ин ҳам сарвари мактабу ҳам
мудири маорифро аз вазифа барканор карданд. То ба имрўз дар он мактаб содиқона
пайи таълиму тадриси хонандагонам, ки дар ин саҳми бародар Абдуқаҳҳори Давлат
бениҳоят зиёд аст.

Бинед, ки Абдуқаҳҳори Давлат маро фаромўш накарда чун меҳмони
фахрӣ ба кори конфронс даъватам кард. Хеле ҷавони дидадаро ва инсондўсту
инсоншинос аст. Ҳама вақт кўшиш мекунад, то ҳақро ба ҳақдор расонад, дасти муҳтоҷе
гирад. Ҳарчанд ҷавон аст, аз улуми динӣ хуб бохабар аст, аз суҳбат бо ў кас ҳаловат
мебарад.

Имрўз, ки ҲНИТ ўро чун номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ
кардааст, бовар дорам, ки ин ҷавони худшиносу худошинос дар рушди кишвар саҳми
муносиби худ мегузорад. Аз суҳбат бо ў кас дарк мекунад, ки ин ҷавони бедордил
дарди халқу миллат дар дил дорад. Ў мехоҳад, ки муҳоҷирони кории тоҷики хориҷ
аз кишвар аз ҳаққу ҳуқуқҳои худ баҳравар бошанд, зани тоҷик дар ватан соҳибмақом
бошад ва касе натавонад, ки ҳуқуқҳои ўро поймол кунад, таълиму тарбия ҷавобгўи
суннатҳои миллӣ бошад.

Абдуқаҳҳор имрўз бештар аз он нигарон аст, ки сатҳи таълиму
тарбияи насли наврас ҷавобгўи давр нест ва наврасон аксари вақти худро дар
марокизи дилхушию бозиҳои компютерӣ мегузаронанд, ки ин ҳама ба суди миллат
нест.

Абдуқаҳҳор зидди гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату созмонҳои
экстремистист ва борҳо шоҳиди суҳбату мулоқотҳояш бо ҷавонон будам, ки аз онҳо
даъват мекунад, то омўзанд, касб пеша кунанд, фарзанди вафодори халқу диёр
бошанд.

Аз тамоми ҷавононе, ки рўзи интихобот сари сандуқҳои раъй
мераванд, даъват мекунам, то лаҳзае таваққуф кунанд ва корномаи Абдуқаҳҳори
Давлатро маротибе пеши назар оранд ва баъдан ўро вакили арзандаи худ интихоб
кунанд. Бале, Абдуқаҳҳори Давлат арзанда аст, шоистаи вакилӣ дар парлумон аст.
Роҳат сафед, Абдуқаҳҳор!

Муллоюнус Асатуллоев,

омўзгор аз ноҳияи Қубодиён

Маълумот барои андеша:

Абдуқаҳҳори Давлат дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муҳаррири
масъули маҷаллаи арабии «Ҷайҳун», ёвари директори хабаргузории илмию таҳлилии
«Мизон», сармутахассиси Маркази матбуоти Вазорати саноати ҶТ, ёвари директори
генералии ҶСНК «Тоҷиктекстил», директори Маркази иттилоотиву таҳлилии «Пресс
панорама” кор кардааст. Дар баробари ин, дар бахшҳои мухталифи ҲНИТ ифои вазифа
намуда, котиби Дастгоҳи иҷроия, муовини раиси шуъбаи кадр ва омўзиши сиёсӣ,
сармуҳаррири ҳафтаномаи«Наҷот», раиси шўъбаи табъу нашри ҲНИТ ва айни ҳол
раисии шуъбаи робитаҳои хориҷии ҲНИТ-ро бар дўш дорад. Узви Шўрои сиёсӣ ва
Раёсати олии ҲНИТ мебошад.

Оиладор соҳиби 1 фарзанд мебошад.

More From Author

You May Also Like