Тибқи гузориши
дафтари Комиссариати Олии СММ, оид ба корҳои паноҳандагон, ҷанг дар Сурия ва Ироқ,муноқишаи
мусаллаҳона инчунин мушкилоти сиёсӣ дар соири кишварҳо боиси он
гардида, ки дар мамолики мухталифи ҷаҳон
давоми 22 соли ахир шумораи дархост, барои паноҳандагӣ аз ҳама бештар сабт
гардидааст.
Манбаъ меафзояд: Дар
давоми сол 866000 дархост барои паноҳандагӣ пешниҳод гардида
буд, ки ин нишондод, 45% бештар аз соли 2013- ро дар бар мегирад. Нишондиҳандаҳои
соли 2014 баландтарин аз соли 1992 ба шумор мераванд, ки бо сар задани низоъ
дар Босни ва Ҳерсеговин иттифоқ афтода буд.
Дар соли 2014
аҳолии Сурия бузургтарин паноҳҷӯяндагон аз дидгоҳи теъдод ба шумор мераванд.Тахмин
меравад 150000 нафар аризаи паноҳандагӣ пешниҳод кардаанд ва ё ҳар
панҷуме барои паноҳандагӣ дар кишварҳои пешрафта дархост намудаанд.
Барои муҳоҷират
аз Ироқ 68700 нафар сокинони ин кишвар дархост пешниҳод кардаанд, ки
чунин нишондод ду маротиба бештар аз соли 2013 мебошад.
Дар чунин як
нишондоде Афғонҳо дар ҷои сеюм қарор доранд.
Дар соли 2014 бештарин барномаи қабули паноҳандагон ҳамчун
кишвари пешрафта дар Олмон ба қайд гирифта шудааст, ки ин теъдоди бештар аз 173000
нафарро дар бар мегирад. Чаҳоряки аз ин теъдодро аҳолии Сурия ташкил мекунад.
Ҳанӯз соли 2014
дар кишвари Туркия беш аз 1,5 миллион аҳолии Сурия ба ҳайси паноҳанда зиндагӣ
мекарданд.
Инчунин 87800
дархости нав, ки бештар ба аҳолии Ироқ рабт дорад, пешниҳод гардидааст.
Дар давлати
Италия бошад соли 2014, 63700 дархости нав ҷиҳати паноҳандагӣ пешниҳод
гардида буд, ки ин яке аз нишондодҳои баландтаринро дар ин кишвар шомил аст. Манбаъ:”Ислам.ру”