Абдуллоҳи Карим
nahzat.tj
Парлумони Сумол ахиран, рӯзи душанбеи гузашта Ҳасан Шайх Маҳмуд, раиси Ҳизби сулҳ ва рушдро ба ҳайси раиси нави кишвари Сумол интихоб намуд, ки бо ҳамин ӯ нахустин раиси интихобии ин кишвар маҳсуб мегардад.
Шайх Маҳмуди 56- сола, устоди донишгоҳ, ҳангоми овоздиҳии намояндагон дар давраи дувуми интихобот аксарияти овозҳоро ба даст овард ва бар рақиби худ раиси пешини Сумол Шайх Шариф Аҳмад пирӯз гардид.
Дар ин кишвари ҷангзадаи мусалмонӣ тайи даҳсолаҳо бори нахуст раҳбар ва таъсисдиҳандаи донишгоҳ дар Сумол ва шахси мулкӣ раиси кишвар интихоб гардид. Ӯ миёни ҷомеаи сумолӣ то андозае эътибор дошта, бо нирӯҳои мухталифи ватанӣ иртиботи наздик дорад ва муҳимтар аз ҳама аз таъйиди гурӯҳҳои муътадили исломӣ бархӯрдор мебошад.
Бояд қайд намуд, ки бозингари асосӣ дар саҳнаи сиёсати ин кишвар нирӯҳҳои исломӣ маҳсуб мешаванд ва раиси пешини он, Шайх Шариф Аҳмад, низ аз намояндагони онҳо буд. Вале дар муддати сарварии худ ӯ то андозае дар тавсиа бахшидани нуфузи идории раёсати худ комёб гашт, вале натавонист гурӯҳҳои исломиро сари як миз барои гуфтушунид нишонад.
Шайх Шариф Аҳмад, раиси қаблӣ, чанд сол пеш бо таъсиси ҷунбише бо номи “Додгоҳҳои исломӣ” рӯйи майдон омад ва дар муддати кӯтоҳ тавонист доираи “ҷавлон”-и дигар гурӯҳҳои ҷиҳодиро танг намояд. Бо ҳамин бо даст даровардани қисмати асосии Сумол чун “шахсияти созанда” ва дар марҳалаи кунунӣ “зарурӣ” шинохта шуд ва мавриди таъйиди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Агарчӣ ӯ низ аз гурӯҳи исломие раҳбарӣ мекард ва таҳкими асосҳои исломӣ ҳадафи ӯ дониста мешуд.
Чун раҳбари кишвари Сумол интихоб шудани Шайх Шариф Аҳмад аз тарафи порлумони пешини ин кишвар аз заруроти давр шуморида мешуд, зеро дар ӯ “бозингарони асосӣ”-и наздику дур шахсиятеро медиданд, ки метавонад захми кишвари Сумолро дармон ёбад ва то андозае манфиатҳои ононро низ бароварда созад.
Ин кишвар бо вуҷуди хурдии ҳаҷм ва хоксории вазъи иқтисодӣ, тавонистааст ҳамлаҳои ишғолии тарафҳои берунаро бозгардонад. Барои мисол мардуми ин кишвар тавонист охирҳои соли навадум беҳтарин нирӯҳҳои амрикоиро шикаст диҳад ва ононро водор намояд, ки дар як муддати кӯтоҳ “шармандавор” аз кишвар пой ақиб кашанд. Ҳамин тавр давлатҳои ҳамсоя мисли Эфиопия, Кения ва ғайра низ мувоҷеҳи мушкилоти зиёд дар роҳи ишғоли ин сарзамин шуданд.
Дар муддати ахир раиси пешин Шайх Шариф Аҳмад дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Африко ва дастгирии низомиёни он то ҳадде рақиби оштинопазири худ гурӯҳи ҷиҳодии “Ҷавонони муҷоҳид”- ро шикаст дод ва аз пойтахт ба минтақаҳои ҷанубитар ақиб андохт. Акнун пойтахт шаҳри Мақдишу ва атрофи он холӣ аз гурӯҳҳои “Ҷавонони муҷоҳид” бошад ҳам, вале гоҳ – гоҳе ин гурӯҳ аз вуҷуди хеш дарак медиҳад.
Ҳамин тавр бо интихоби парлумони нав, ки дар пайи он раиси кишвар низ интихоб гардид, зоҳиран, кишвари ҷангзадаи Сумол ба давраи гузариш оғоз намуд. Вале хатари асосие, ки раис ва порлумони нави ин кишварро рӯ ба рӯ аст, дар симои гурӯҳи оштинопазири “Ҷавонони муҷоҳид”, ки ахиран, баъди эълони интихоби раиси нав Ҳасан Шайх Маҳмуд бо пахши як баёния онро “ғайриқонунӣ” ҳисобиданд ва бо ҳамин ба маъное мавқеи худро нисбат ба ӯ ташхис бахшиданд, боқӣ мемонад.
Аммо чизе, ки таҳлилгарон ва коршиносони масоили ин минтақаро умедвор менамояд, ин аст, ки бори нахуст ин кишвар сарқонуни худро таҳия намуд ва аз тарафи анҷумани таъсисии худ, ки ҳамаи табақа ва қишрҳои мухталифи ҷомеа ва аз ҳама муҳим намояндагони қабилаҳи гуногуни онро дар бар мегирифт, ба тасвиб расонид, порлумони худро ба василаи ин анҷуман ташкил намуд ва ахиран, соҳиби раисҷумҳури интихобӣ гардид. Бо умеди сулҳу оромиши доим ба ин кишвари ҷангзада.