nahzat.tj
Нигаронии ҳоҷиҳои имсола аз фармони нави вазорати тандурустӣ
Як идда шаҳрвандоне, ки имсол нияти зиёрати Хонаи Худо – Маккаи Мукаррама доранд, ба мо шикоят намуданд, ки дар асоси талаботи фармони Вазорати тандурустӣ бояд ки онҳо ташхиси тиббиро дар Душанбе гузаранд. Тибқи фармони Вазорати тандурустӣ шаҳрвандони навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, ки имсол нияти ба ҳаҷ рафтан дорад, ташхиси тиббиро дар пойтахт мегузаранд. Зимнан шаҳрвандони навоҳии Суғд, Хатлон ва Бадахшон, ки имсол нияти ҳаҷ доранд, дар марказҳои вилоятии хеш ва ноҳияҳои дурдаст дар ҳамон беморхонаҳои ноҳиявӣ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Тибқи фармони мазкур, пардохти гузаштан аз ташхиси тиббӣ чун дигар беморхонаҳо 88 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Самандар Таваллоев аз Файзобод гуфт, ки то ба пойтахт омадан рафтан пардохт мехоҳад ва беҳтар он аст, ки ташхиси тиббиро шаҳрвандон дар беморхонаҳои макони зисти хеш гузаранд. Ба гуфти ҳамсӯҳбатам, дар ин иқдом омилҳои зиёди додани пора бештар мешавад.
Зимнан ҳоло ба ҳаҷҷи имсола беш аз 4 моҳ боқӣ мондааст, аммо чаро аз ҳоло марҳалаи гузаштани ҳаҷкунадагон шурӯъ шудааст ва ҳадаф аз иқдоми вазорати тандурустӣ дар чист?
Аз Вазорати тандурустӣ ба мо гуфтанд, ки воқеан фармон дар бораи дар пойтахти кишвар аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҳаҷқунандагони имсола дуруст аст, аммо ҳадафи он сарсон кардани шаҳрвандон набуда, балки пешгирии ҳолатҳои нигаронкунада дар саломатии онҳо мебошад.
Ҳамакнун тибқи ин фармон шаҳрвандоне, ки барои ба ҳаҷҷи фарзӣ рафтан дар соли 2012 омодагӣ мегиранд, бояд марҳалаи ташхиси тибии худро дар Маркази профликтавии воқеъ дар шаҳраки тиббӣ маъруф ба номи «Мед-городок» гузаранд. Саида Ҷабборова, муовини вазири тандурустии кишвар ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом дуруст ташхис кардани солимии шаҳрвандоне, ки нияти сафар доранд, будааст на чизе беш аз ин.
«Дар мавсими ҳаҷҷи 2011 нашъамандон ҳам будаанд»
Шаҳрвандон мегӯянд, ки форма ё санади тиббиеро, ки ба онҳо додаанд ва дар асоси он бояд, ки аз ташхис гузаранд, имзои Саида Ҷабборова, муовини вазири тандурустӣ аст.
Муовини ин вазорат мегӯяд: «Ин иқдом дар пояи шикоятҳои ҷониби Арабистони Сауъдӣ дар мавриди зери суол қарор доштани саломатии ҳаҷкунандагон ба роҳ монда шудааст. Онҳо хар сол баъди ба охир расидани сафари ҳаҷ ба ниҳодҳои марбутаи кишвари мо гузориш менависанд, ки чи мушкилот пеш омад ва чи кор бояд кард. Аз ин ҷо ҳама сиҳат сафар мекунанд ва санади тиббӣ мегиранд, аммо он ҷо мераванд, бемор мешаванд. Бубинед, ҳар сол аз мо беш аз 5 ҳазор ба ҳаҷ мераванд ва ҳамагӣ 10 табиб онҳоро ҳамроҳӣ мекунад, ки ба сари 5 ҳазор ночиз аст.»
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки шаҳрвандон маъмулан дар ноҳияҳо санади ташхиси тиббиро мегиранд ё дуруст ташхис намегузаранд, баъди ба ҳаҷ рафтани онҳое, ки саломатиашон хуб нест, мариз мешаванд. Бино ба иттилои ин вазорат, дар байни ҳаҷкунандагон ҳатто нашъманд ҳам ба қайд гирифта шудааст.
Хонум С. Ҷабборова мегӯяд: «Дар ҳаҷҷи соли 2011 як нафар нашаъманд ҳам будааст, ки дар Маккаву Мадина ба истилоҳ «бемориаш» хуруҷ кардааст ва Арабистони Сауъдӣ дар ин бора ба мо нома фиристода, хоҳиш карданд, ки ба санадҳои ташхиси тиббии шаҳрвандонатон ҷиддӣ муносибат кунед. Илова бар ин, як нафар дар ҳамин ҳаҷ аз сактаи дил фавтид. Нафароне, ки бемориашон дар ҳавои гарм хуруҷ мегирад, барои онҳо ҳаҷ ҳам манъ аст. Аммо санади ташхиси тиббӣ гирифта мераванд».
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки чор моҳ қабл аз ҳаҷҷи соли 2012 ба роҳ мондани марҳаллаи ташхиси тиббӣ барои ҳаҷкунандагон ба манфиати онҳо аст, зеро агар ҳангоми гузаронидани ташхиси тиббӣ ягон беморӣ дошта бошанд, фурсати табобат ҳаст. Гуфта мешавад, ки ҳар сол ҳудуди 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаҷ мераванд.
Ин иқдом ба хотири рушди фасод нест?
Аммо нигаронии эҳтимолияти ба истилоҳ гарм шудани амалҳои фасод дар ташхиси тибииро шаҳрвандон ёдовар мешаванд. Зеро ба гуфти онҳо, дар сурати дар як Марказ зиёд будани муштариён – ташхисгузарон заминаҳои фасодро ба вуҷуд меорад.
Каримхон Салимов, шаҳрванди 65 – сола аз Турсунзода мегӯяд, ки «сарҷамъ кардани мардум шояд ба хотири пора гирифтан бошад.»
Аммо Саида Ҷабборова мегӯяд, ки тасмим ба хотири солимӣ ва «забонкӯтоҳ набудан дар назди Арабистони Сауъдӣ аст, то нагӯянд ки беморонро фиристодед.» Ҳамсӯҳбатам меафзояд, ки агар ҳолатҳои фасод рух диҳад, мардум метавонад ба вазорати тандурустӣ ва мақомоти марбута муроҷиат кунад.
Онҳое, ки дар таърихи 16 май дар шаҳраки «Мед-городок» аз ташхиси тиббӣ мегузаштанд, дар сӯҳбат ба мо, аз рафти кор қонеъ будани худро изҳор доштанд.
Дар ҳоле, ки Вазорати тандурустӣ аз фармони нави хеш хабар медиҳад ва шаҳрвандон аз ин иқдом нигаронӣ мекунанд, ки чанде қабл мақомот ҳолатҳои ҷой доштани фасодро дар мавсими ҳаҷҷи 2011 ошкор карданд.