Тоҷикистон ҳоло ҳам мехоҳад таҷрибаи кишвари Филиппинро дар робита ба муҳоҷират дар Тоҷикистон амалӣ созад.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар гуфт, ки ҳайате таҳти роҳбарии Нурулло Маҳмадуллоев, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ аз сафари корӣ аз Филиппин баргаштаанд.
Ӯ мегӯяд, ки сафари онҳо бо мақсади омӯзиш, таҳлил ва баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии давлати Филиппин буда, гурӯҳи корӣ дар ҷараёни сафари худ бо Саул Т. Де Вриз, муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ин кишвар мулоқот намудааст.
Бино ба гуфтаи номбурда, вазири меҳнати Филиппин зикр намуда, ки бо иштироки бевоситаи тамоми вазорату идораҳои дахлдори кишвари Филиппин давра ба давра мушкилоти муҳоҷиратро ҳал намудааст. Зеро ба гуфтаи муовини вазири меҳнати Филиппин, ба танҳоӣ масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро ҳал намудан кори басо мушкил аст ва дар ин роҳ ҳамкории мунтазами тамоми вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ зарур аст.
Ӯ зикр карда, ки таҷрибаи давлати Филиппин оид ба идораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз ёфта, аз 8 то беш аз 10 миллион шаҳрванди ин кишвар ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолияти доранд.
Бояд гуфт, Филиппин кишварест, ки муҳоҷирати меҳнатиро дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба роҳ мондааст ва дар ин ҷода муваффақ ҳам шудааст. Омӯхтани таҷрибаи ин кишвар дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар Тоҷикистон амалисозии он боиси таҳсин ҳам ҳаст. Аммо ниҳоди мутамаркиз ба муҳоҷират ва ё собиқ Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати кишвар шурӯъ аз авоили таъсисёбии худ тасмим дошт, ки таҷрибаи кишвари Филиппинро дар Тоҷикистон амалӣ созад, вале то ҳол кори ҷиддие дар ин бахш нишон надодааст. Ҳоло ҳам ин сохтори кунун тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар тасмим дорад, то таҷрибаи Филиппинро роҳандозӣ кунад.
Ин кишвар муҳоҷиронро ба хориҷи кишвар бо касбу ҳунар дар марокизи таълимгоҳҳо омода намуда, онҳоро ба кишварҳои атроф бо тариқи шартнома мефиристад ва дар тӯли фаъолияти худ системаи кории худро ба низом даровардааст. Агарчи кишвари Тоҷикистон ҳам дар марказҳои касбомӯзӣ касбу ҳунарҳоро ба муҳоҷирони худ ба роҳ мондааст, вале на ҳама вақт ширкатҳо имкони ба кор таъмин намудани муҳоҷиронро доранд. Барои намуна, чанд сол қабл ширкате бо номи “Замони Юнус” дар бахши муҳоҷират кор мекард, ки дар дохили кишвар тавонист иддаеро барои ба муҳоҷират рафтан ба кишварҳои арабӣ омода намояд, вале ин дар ростои бурдани муҳоҷирони соҳибтахассус, аз ҷумла табибон комёб нагашт. Вобаста ба он ки ширкат чаро муваффақ нашуд, фарзияҳо зиёданд, яке аз ҷумлаи чунин фарзияҳо ин буда, ки масъулин имконият надоданд, то ин ширкат кори худро ба пеш бубарад.
Ба ҳар сурат, иддае умедворанд, ки бо мурури замон тақаллубҳо ошкор гардида, муҳоҷирони сарсон ба низоми кории худ медароянд.
Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, барои он ки ин таҷрибаи Филиппин дар кишвари мо пиёда гардад, ба якчанд омил бояд таваҷҷуҳ кард. “Аввалан, бояд ба сиёсати кадрӣ таваҷҷуҳ дошта бошем. То вақте ки ба вазифаҳои давлатӣ мутахассисони касбиро таъйин намекунему ба онҳо озодии фаъолият ва ин фаъолияти онҳоро бо маблағи даркорӣ таъмин нанамоем, ҳеҷ гуна пешравие намешавад. Он чӣ, ки имрӯз дар раъси Хадамоти муҳоҷират мутахассиси соҳа фаъолият дорад, кори хайр аст, вале боз ҳам дар ҳайати як вазорати дигар ин корро ба роҳ мондан зарур аст. Ин хадамот бояд дар шакли алоҳида ва бо ваколатҳои зиёд фаъолият кунад, то тавонад сиёсати давлатиро дар ин самт тарҳрезӣ ва роҳандозӣ кунад”, мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ин коршинос, барои муваффақона амалӣ гаштани сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ бояд теъдоди кормандони баландихтисос дар ин хадамот ҳадди ақал 50 фоизро ташкил кунад. “Мутахассисоне, ки дар кишварҳои ғарбӣ таҳсил кардаанду аз равандҳои нав дар ин соҳа хабардор ҳастанд, дар асоси илми муосир кишварро ба чунин равандҳо тайёр менамоянд. Сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо иборат аз тайёр намудани аробакашу сохтмончию роҳрӯб нест. Мутаассифона, имрӯз сиёсати мо ба тайёр намудани танҳо ана ҳамин категорияи муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудаасту халос. Баъдан, давлат бояд дарк кунад, ки дар танҳоӣ зӯраш барои танзими ин соҳа намерасад. Он бояд ба ин кор ҳарчӣ зиёдтар ширкатҳои хусусиро ҷалб кунад ва ба ҳамаи онҳо новобаста ба мансубияташон ба ин ё он минтақа ва ё наздикиашон ба ин ё он мансабдор имкони баробари ширкат кардан дар ташкили муҳоҷирати меҳнатӣ бояд диҳад”, афзуд А. Қодиров.
Коршиносон ҷиҳати ҳалли масоили муҳоҷират роҳандозии фаъолияти гурӯҳҳо ё ташкилоту ширкатҳоро зикр мекунанд, ки ҳалли масоили муҳоҷират ва таъмину ҳифзи ҳуқуқи онро уҳда карда метавонанд. Ба гуфтаи коршиносон, ташкили гурӯҳҳо ва ба ин ё он кишвар равон кардани муҳоҷирон барои иҷрои ин ё он кор як намуди соҳибкорӣ аст ва чунин соҳибкорон бояд имкони рақобати солим кардан дошта бошанд. Ва қонунгузорӣ дар ин соҳа бояд хеле содда ва дастраси ҳамагон бошад ва соҳибкорӣ озод аз ҳама гуна садҳои маъмурӣ бошад. Вазифаи давлат танҳо назорат аз болои иҷрои ҳамин қонунҳо ва ҷорӣ намудани андоз аз ин намуди соҳибкорӣ бошаду халос. Филиппин тавонистааст, ки чунин шароит муҳайё созад, барои ҳамин ҳам сиёсати муҳоҷирати меҳнатиаш муваффақ аст, Тоҷикистон чаро бояд дар ин роҳ чунин муваффақ нагардад?
Categories
МУҲОҶИРАТ