раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархор, аз он хабар дод, ки панҷ нафар сокинони
ноҳияи Фархор наздаш ба иддаои ин ки онҳоро раиси ҷамоат Раҳимов Валӣ даъват
карда аз онҳо хостааст, шумо аъзои Ҳизби наҳзати исломиед ва рӯихатеро барои мо
нишон дода, ки гуйё онро аз поитахт оварда бошад, ҳозир шуданд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли раиси
бахш ва худи онҳо, ишон аъзои ҲНИТ набуданд ва нестанд. Ин панҷ нафар аз раиси бахш тақозо доранд, то
барои онҳо маълумотнома дар бораи ин ки онҳо аъзои ҳизб нестанд, омода намояд ва дар
асоси он худро аз ин вазъият берун кунанд.
Наҷмиддинов Шамсиддин
яке аз ин панҷ нафар мегӯяд: моро туҳмат карданд, ки шумо аъзои ҳизбед, дар
ҳоле ки мо танҳо панҷ вақт намози худро мехонему халос. Ин як навъ паст задан
(шояд нуфузи ҳизбро аз байн бурдан) ва эҷоди хусумат миёни мо сокинон ва ҳизби наҳзат мебошад.
Бекназар Каримов
нафари дигар низ дар ин бора мегуяд: мо ҳама шаҳрвандони оддием, аъзои ҳизб
нестем. Оё ин нисбати мо туҳмат ҳисоб намешавад?
Ин рӯзи чандум
аст, ки ин нафарон барои исботи аъзои ҲНИТ набудани худ ба идораи ҳизб муроҷиат
мекунанд. Мақомот ва масъулин ҳам ба ин таҳдиду фишорҳо ягон аксуламал нишон
намедиҳанд.
Аммо саволи мо ин
аст, ки магар ҲНИТ дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном нашудааст? Агар Вазорати
Адлия ба ҳизбе иҷозати фаъолият дода бошад дигар ниҳодҳо чаро ин иҷозатномаро
қабул надоранд? Магар ин афрод тобеъи қонунҳои мавҷудаи кишваранд ё ягон қонуни
дигареро итоат мекунанд?