Categories Uncategorized

Фатвои мисрӣ ришвадодан дар интихоботро ӽаром хонд

Абдулатифи Ҳаммод

Nahzat.tj

«Дорул ифто»-и Миср, рӯзи паҷшанбе 17 май фатвоеро содир намуд, ки дар он пора додан барои камбизоатон ба хотири ба даст овардани раъйи онӽо дар интихобот, аз нигоӽи шаръ ӽаром аст.

Ҳамчунин қайд намуд, ки аз нигоӽи шариъати исломӣ мумкин нест, ки номзад дар интихобот моли худро барои таъсир расондан бар мардум сарф намояд ва аз ӽама номзадӽо хостанд, ки амонатдор бошанду дар ваъдаӽои худ ростқавл ва ӽар ваъдаеро ки ба мардум додаанд, ба он вафодор бимонанд.

Ин фатво овозеро ки дар муқобили пул дода мешавад хиёнат ба амонати раъйдиӽӣ Хонд, зеро ин овоз ба касе дода мешавад, ки мустаӽиқ нест ва дини Ислом моро ба ростиву озодии иродат ва пешво мондани як марди солеӽ амр мекунад, ҳамчунин истифода кардан аз камбизоатии мардумро манъ мекунад.

More From Author

You May Also Like