Додгоҳи ноҳияиФирдавсӣ имрӯз бо судури ҳукме фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистӣ»-ро, ки ммолики он ҳуқуқшинос ва рӯзноманигори шинохта Ҷумъа Толиб мебошад,ҳазф намуд. Додгоҳ дар ҳукмномааш овардааст, ки тибқи санададҳои меъёрию ҳуқуқи бояд ин Ташкилоти ҷамъиятии «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистӣ» барои риоя накардани қонунҳои Тоҷикистон фаъолияташ мутавақиф гардад. Ҷумъаи Толибдар сӯҳбат ба харбарнигорон ин ҳукмро беасос ва ғайриқонунӣ хонда,баён дошт, ки аз болои он шикоят мекунад. Дар ҳамин ҳол вакили дифоъи БМСТЖ Шӯҳрат Қудратов мегӯяд: «Пас аз гирифтани нусхаи ҳалномаи додгоҳӣ мо ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳем бурд, зеро суди ноҳияи Фирдавсӣ қарори ғайримунсифона ва ғайриқонунӣ баровардааст, мо эътироз мекунем»
Ёдовар бояд шуд, ки ин баҳс дар асоси даъвои Вазорати адлия бо муассиси ҳафтаномаи «Пайкон» ба вуҷуд омад, ки натиҷаи ниҳойи баҳс имрӯз эълон карда шуд. Мавриди зикр аст, ки Созмонҳои журналистии Тоҷикистон бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки даъвои додгоҳиро аз болои нашрияҳо қатъ намоянд. Ин гуна амалкардро рӯзноманигорон фишор болои озодии баён унвон кардаанд.