Categories ҶОМЕА

Фейсбук – бону, номи духтари мисрӣ

Марди мисрие, ки соли 2011 соҳиби духтар гаштааст, номи ӯро Фейсбук – бону ниҳодааст. Номи пурраи духтарча Фейсбук Ҷамол Иброҳим буда наздиконаш ӯро Фейсбук мегуфтаанд.

Дар Миср зиёда аз 5 миллион нафар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук номнавис шудаанд, ки ин шумора дар кишварҳои Шарқи Наздик аз ҳама зиёд аст.

Наздикону пайвандон аз ин номгузории падар қаноатманд буда аллакай қисме аз мардум ба Фейсбук – бону кумакҳои пулӣ низ тақдим намудаанд.

More From Author

You May Also Like