Categories ҶОМЕА

Филми тавҳиномез алайҳи мусулмонон дар Ҳиндустон

Мусулмонони Ҳиндустон филми тавҳиномез алайҳи Исломро, ки аз ҷониби мардуми ин кишвар ба навор гирифта шуда буд, шадидан интиқод намуданд.

Бино ба гузориши расонаи хабарии “Ахбори ҷаҳони Ислом”, ҷамъиятҳои исломии ин кишвар филми мазкурро ба хотири ин ки эшон дар он ҳамчун терроист муаррифӣ шудаанд, маҳкум намуда, талаб карданд, ки саҳнаҳои баҳсбарангези онро ҳазф намоянд.

Инчунин аз дастандаркорони филми мазкур дархост шудааст, ки ба таври хаттӣ аз мусулмонони ин кишвар узрхоҳӣ намоянд.

Маврид ба ёдоварист, рӯзи 13-ноябри соли ҷорӣ дар Ҳиндустон филме ба намоиш гузошта шуда, ки дар он мусулмонон ба унвони террорист муаррифӣ гардидаанд.

More From Author

You May Also Like