Categories Uncategorized

Фиреб

Муҳибуллоҳи Қурбон, рузноманигор

nahzat.tj

Ё дархост аз президент Эмомалӣ Раҳмон: Як бор, бале ақаллан як бор то охири сол аз нақби «Исиқлол», ки худ номгузорm ва пардабардорm карда будед, гузаред.

Дируз мо аз нақби “Истиқлол” гузаштем. Ва дар вақти мурури даҳҳо бор аз Аллоҳ илтиҷо доштам, ки дар роҳ намонем. Роҳи пуроб, роҳи нимторик ва роҳи даҳшатангези пастубаланд…

Кушоиши ин нақбро, агар хато накунам, камаш ду бор ҷашн гирифтем. Дафъаи аввал ҳангоми сурох кардани нақб ва пайваст кардани шимолу ҷануби кишвар буд ва бори дувум маросими пардабардории бодабдабаи ифтитоҳи нақб барои истифода бо иштироки ду президент; ҷаноби оқои Маҳмуд Аҳмадинажод ва ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон ҳазор мардум гузашт.

Ҳама медонанд, ки ин иншооти, ба қавле, аср ва ниҳоят муҳим, ки шимолу ҷануби кишварро бо ҳам мепайвандад, бо мадади молиявии Ҷумҳурии исломии Эрон сохта шуд, зеро мо худамон ё бо қарз месозем ва ё… намесозем.

Мутаассифона, дар масири рунамоии охир президентҳо танҳо сурати даромадгоҳи шимоли нақбро диданду халос, ҳол он ки мебоист онҳо аввалин шуда, аз ин туннел бо мошин мегузаштанд ва ба сифати он баҳо медоданд ва маънои иштироки ду нафари аввали ду мамлакат ҳам дар ҳамин буд, ки нақб ТАЙЁР аст, вале дар сенарийи он пардабардорӣ гузариши президентҳо аз нақб набудааст.

Агар чунин мебуду президентҳо аз туннел мегузаштанд, бовар дорам, он азоби ҷаҳаннамие, ки бунёдгарон ва қабулкунандагони нақб ба мусофирон дар тули солҳои баъд “туҳфа” кардаанд, намешуд, зеро пас аз убур аз нақби қабр барин торику пасту баланди кулдор ҳатман президент фармон медод, ки нақбро аз нав таъмир кунанд.

Аммо бори дигар афсус, он тикаи нақб, ки аз берун дар чашми иштирокчиён ва махсусан ду президент менамуд, ҳамвор ва равшан буд ва шояд ба онҳо чунин таассурот ҳам гузошта буд, ки тамоми роҳи зеризамини ҳамин гуна ҳамвору рушан ва бе нуқс сохта шудааст.

Наход камаш ду бор пардабардорӣ кунему (ин гуна амалҳо танҳо дар Тоҷикистон руй медиҳад) нақб ҳамоно торик, пуроб ва пасту баланд боқӣ монад?

Саддарсад бовар дорам, чунин иншооте, ки як бор аз он мегузарӣ ва тавба мекунӣ, ки дигар намегузарам, дар ҷаҳон нест.

Чаро чунин шуда ва гунаҳкор кист?

Гунаҳкори аввал ин ширкати “Собир”-и ҶИЭ мебошад, зеро ин нақби нимсохтро бо миллионҳо доллари эрониён он ба анҷом расонидааст. Агар бо ибораи дигар гӯем, ба сари миллионҳо доллар об рехтаанд…

Бале, ширкат мебоист корро бо сифати баланд буд мекард, зеро дар Эрон чунин иншоотро супоришдиҳанда ҲАРГИЗ қабул намекунад! Нақбҳое, ки дар Эрон сохта шудаанд, аз намунаҳои беҳтарини санъати сохтумонӣ ва меъморист. Масалан, нақбе, ки дар шаҳри Теҳрон бунёд кардаанд, чи аз намуди зоҳирӣ ва чи аз самти меъморӣ бо беҳтарин нақбҳои ҷаҳон сазовори муқоиса аст.

Пас чаро чунин сохтумони номукаммалро эрониҳо барои мо “тақдим” намудаанд?

Пеш аз он ки ба ин суол ҷавоби худро диҳем, бояд ба чизи дигар рушанӣ андозем. Дар сохтумон як қоида ва тартибот ҳаст. Одатан иншоотеро супоришдиҳанда маблағгузорӣ мекунад ва иҷрокунанда месозад, мувофиқи паймони ду тараф ин иншоот аз ҷониби ҳайати комиссияе, ки аз ҷониби супоришдиҳанда таҳия меёбад, қабул мекунад ва ИМЗО мегузорад, ки ҳамин иншоот ба истифода омода, бехатар аст ва камбудӣ надорад.

Ин комиссия ё ҳайат аз чанд нафар иборат буда, ҳар яке як тарафи корро месанҷад ва пас аз он ки бовар ҳосил кунад, ки иншоот тайёр аст, баъд ба он санад имзо мегузорад. Махсусан, агар иншоот ба бехатарии ҳаёти инсон дахл дошта бошад, он ҳатман ба таври ҷиддӣ санҷида мешавад.

Ва мо бовар дорем, ки ин нақб ҳам аз ҷониби чунин ҳайат бечунучаро санҷида шудааст, вале худ аз худ суол пайдо мешавад, ки наход чунин иншооти бузург, ки аз будубоши он ҳаёти садҳо ва ҳатто ҳазорҳо истифодабарандагони он бастагӣ дорад, бо санҷиши сатҳи гузаронида шуда бошад?

Агар шуда бошад, пас дар бораи ин ҳайат чунин хулоса мешавад, ки онҳо нобино ва ё дар замони санҷиш зери таъсири ҳипноз афтода будаанд, зеро инсони солим ва заррае худро эҳтиром мекардагӣ чунин иншоотро қабул намекунад. Ва ё таҳти фишори сахт қарор доштаанд.

Дар ҳолати нақби “Истиқлол” бояд комиссияи давлатӣ иншоотро қабул мекард, зеро супоришдиҳанда ниҳоди давлатӣ – Вазорати нақлиёт буда бошад.

Вале гумон ба он тараф мебарад, ки агар ҳайат ба қабули нақб имзо гузошта бошад, пас метавон гуфт, ки ҳайати қабулкунанда тарсу ва хиёнаткори миллати хеш асту ё хушомадгӯи шахси аввал.

Вале ин ҷо боз суоли дигаре пайдо мешавад: рафту ин туннел ҳанӯз аз тарафи комиссияи давлатӣ қабул нашуда бошад?

Инаш боз мудҳиштар аст, зеро иншооте, ки ба бехатарии ҳаёти инсон дахл дорад, бояд пас аз пурра анҷом додани сохтумони ҳама рукнҳои техникии ҳимояи ҷиддии ҳаёти истифодабарандагони он ва пас аз имзо гузоштани ҳайати санҷишии давлатӣ нақб мавриди истифода бояд қарор гирад. Вагарна туннел ба қабристони баробари табдил ёфтанаш эҳтимол дорад. Зеро агар имрӯз аз девори он об шорад, пагоҳ он ковок мешавад ва кӣ кафолат медиҳад, пас аз чанд муддат пораи девор канда нашавад?

Чаро сабр накарданд, то ки нақб комилан сохта ва танҳо пас аз он маросими пардабардорӣ гузаронида шавад? Андешаи аввал ва ё посухи нахустин он аст, ки рунамоии туннел ба арафаи маъракаи интихобот рост омада, сохтумончиён ва ҳамаи онҳое, ки барои истифодаи ин нақб омил буданд, зери фишор қарор доштаанд.

Дувумин фикр он аст, ки туннел мебоист ҳарчи зудтар ба истифода дода мешуд, зеро роҳи болои ағба аз ҳад зиёд хатарнок ва дар мавсими зимистон қобили истифода набуд.

Ва ё ба шахси аввал ҳарчи зудтар аз анҷоми сохтумон ҳисобот диҳанд ва эълон гардад, ки бо ташаббуси ҷаноб лаҳзаи таърихӣ – пайваст шудани ду қисми кишвар ба вуқуъ омад.

Ҳарчи ҳам бошад, ин нақбро ба ин шаклу ба ин даҳшат ба истифода намедоданд ва мардумро ба ҷойи мадад расонидан ба азоби ҷисмониву руҳонӣ гирифтор намекарданд. Беҳтар мебуд, мардум як мавсими дигар аз роҳи хатарноку душворгузари ағба истифода мекарданду нақб пурра ва мувофиқ ба сифату меъёрҳои сохтумонӣ бунёд мегардид.

Пас аз чанд ваъдаҳои дуруғу рост ба таъхир афтодани рунамоии нақби Шаҳристон Вазорати нақлиёт эълон кардааст, ки ниҳоят рузи 23 октябр маросими пурдабдабаи кушоиши ин сохтумони “аср” ба вуқуъ мепайвандад.

Кош, муҳтарам Ҷаноби олӣ, ки одатан тавассути чархболҳо аз як макон ба дигараш мераванд, манфиати ҳазорҳо мардуми истифодабарандаи нақби “Истиқлол”-ро ба назар гирифта, ақаллан ЯК бор бо мошин аз туннели Истиқлол гузашта, ба он маросим мерафтанд. Агар нараванд ҳам, ақаллан ба Вазорати нақлиёт чунин хабар медоданд, ки Ҷаноби олӣ тавассути шоҳроҳи “Душанбе – Чаноқ” ба шимоли кишвар мераванд, он гоҳ нақби “Истиқлол” ақаллан рушан мешуд…

More From Author

You May Also Like