Тибқи рейтинги институти таҳқиқотии Gallup тоҷикон худро назар ба 5 соли қабл амнтар эҳсос мекунанд.
Gallup институти таҳиқотии амрикоӣ дар мавриди сатҳи ҷиноят дар ноҳияҳо ва боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокинони 150 кишварро мавриди пурсиш қарор дода, натиҷаи таҳқиқотро дар “Индекси қонун ва тартибот” пахш сохтааст. Бар асоси ин таҳқиқот, 88%-и посухдиҳандагони тоҷикистонӣ худро амн эҳсос мекунанд, дар ҳоле ки ин рақам соли 2009 танҳо 78 фоиз буд.
Инчунин 88%-и аҳолии Ӯзбакистон ҳам хешро амн ҳис мекунанд, ин нишондод соли 2009 ба 78% мерасид.
Дар Туркаманистон 78%-и мардум худро эмин мешуморанд, вале дар Қирғизистону Қазоқистон шумораи ризоятмандӣ аз сатҳи амн мутаносибан 64 ва 59%-ро ташкил медиҳад.
Ҳадди ақали эҳсоси амниятро дар байни кишварҳои пасошӯравӣ шаҳрвандони Украина бо 53% ба худ ихтисос додаанд ва дар Русия 57%.
Мутобиқи омори Gallup, бештар сокинони Шарқи Осиё бо 80%, Ҷануби Шарқи Осиё бо 80% ва ИМА ҳамроҳи Канада 79% худро амн эҳсос менамоянд.
Натиҷаи ҷолиб дар ин рейтинг, дар Аврупо 77%, Ҷануби Осиё 70%, дар Шарқи Наздик ва Шимоли Африқо бо 65% ба чашм мерасад.
Дар кишварҳои пасошӯравӣ аҳвол нигаронкунанда аст, ба таври миёна танҳо 62%-и ҷавобдиҳандаҳо аз вазъи амнияти кишвару минтақаи худ розианд.
Дар Африқои Ҷанубӣ ва Саҳрои Кабир 59%, дар Амрикои Лотинӣ 56% эҳсоси амният доранд.
“Индекси ҷаҳонии қонун ва тартибот” дар асоси мусоҳибаҳои телефонӣ ва шахсӣ бо ҳудуди 1000 нафар сокинони 150 кишвари дунё гузаронида шудааст.
Маҳдии Собир коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, ҳоло аҳолии Тоҷикистон 100% дар фазои амну осоиштагӣ ба сар мебаранд. Мардум дар Тоҷикистон як бор нооромӣ ва беҳуқуматиро аз сар гузаронидаанд. Дигар касе он рӯзҳоро дидааст, кӯшиш мекунад, ки фарзанду ҳаммиллатонаш чунин рӯзҳоро набинанд.
“Дар Тоҷикистон агар ба ҳар манотиқе равем, сухан аз ваҳдату дӯстист. Касе ғайри ваҳдат сухан мегӯяд, мардум ӯро қабул надоранд. Ҳамаи манотиқи кишвар ба ҳукумат эътимод доранд”, изҳор дошт Маҳдии Собир.
Ин ҳам дар ҳолест ки назари таҳлилгари мустақили масоили иҷтимоъӣ ва сиёсӣ Алӣ Мастов фарқ дорад. Ӯ мегӯяд, ягон чизи ҳайратовар ва ғайриинтизор дар чунин раддабандиҳо нест. “Мо “дастгоҳ”-и санҷиши сокинони кишварро дорем, ки ҳамеша натиҷаро ғайримантиқӣ ва дар тазод бо фикри солим нишон медиҳад. Агар ба ин омор бовар кунем, аз ҳама хушбахттарин, амнтарин ва ободтарин миллат дар дунё моем”.
Ба андешаи Алӣ Мастов, зиндагии воқеъӣ аз ин рейтингҳои худсохта фарқ мекунад. Мисоли равшани ин рақами 88%-и амнияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳам ҳаводиси Рашту Хоруғ шуда метавонанд.
Ба эътиқоди коршиносони мо ин фоизҳо нишон медиҳад, ки то кадом андоза шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон ҷуръати озодона баён кардани андешаи худро доранд. Аз ҷумла Алим Шерзамонов, раиси бахши вилоятии ҲСДТ дар ВМКБ шаҳодат медиҳад, ки чандин бор шоҳиди дар суҳбатҳои хусусӣ бо тарс изҳори назар кардани шаҳрвандон будааст. Аммо “сабаби дигар шояд он бошад, ки пурсиш дар дохили Тоҷикистон гузаронда шудааст ва фоизи фаъоли шаҳрвандони мо дар Тоҷикистон ҳузур надоранд. Дар чунин муҳит албатта, шаҳрвандони кишварҳои бо режими тоталитарӣ аз ҳама «амнтарин» мебароянд”, таъкид кард Алим Шерзамонов.
Шуҳрат Набиев