Бале, расидем ба он марҳалае, ки тоқати мухотабонеро бо баёни андешаи хеш тоқ сохтаем ва онҳо тавассути паёме бандаро аз «дарҷи маълумоти носаҳеҳ ва хилофи қонунгузорӣ» ё ба тарзи дигар гуем «зиёдаравӣ» огоҳ карданд, он ҳам дар натиҷаи таҳқиқу баррасии сармақолае зери номи «Хоруғ» дар нашрияи «Наҷот».
Аммо ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки дар куҷое аз мақолаи «Хоруғ» ҳарфи ноҷо рафта бошад, ҷуз он ки амалкарди инсонҳоеро дар ҳаводиси Хоруғ сифати «ҷаллодона» додаам. Агар инро ҳамчун ҳукм дар қиболи афроди мушаххас пиндошта бошанд, пас матраҳи масъала ҳоло ҳукм нест, як назари таҳлилист, ки қонунгузорӣ ҳаққи озодона ҳарф заданро дар мавриди ин ва ё он ҳаводис додааст, кадом «суйистифода»-е низ аз озодии сухан нест. Агар диди назари хешро шахс гуфта натавонад, пас озодона ҳарф задан дар кадом маврид аст, оне, ки шумо иҷоза медиҳед? Афсус….
Ҷаноби Асрорӣ, вазири муҳтарами фарҳанги кишвар ишора аз вайрон шудани банди дуввуми моддаи 6-и «Қонун дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» мекунад, ки дар он омадааст: «Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд». Бале, ҳар нафаре ахборро тавре ҳаст, агар носаҳеҳ пахш кард, бояд посух бигӯяд.
Аммо навиштаи банда ахбор-ку нест, як таҳлил ва диди назари шахсист. Оё диди назари хешро дар мавриди ҳаводисе бо истифода аз қонунгузорӣ надорам? Хоҳиш мекунам, паҳн кардани ахбори носаҳеҳро ба изҳори назари шахсӣ монанд насозед. Банда ба мақому масъулият ва салоҳияти ҷаноби олӣ, ҳамчун вазири фарҳанги кишвар эҳтиром қоилам, вале ҳақиқати баҳси «қазияи Хоруғ» танҳо бо диду назари мақомоти алоҳидаи кишвар нест, ки онро ҳама ҳақ дониста бошанд. Корҳои зиёде дар ҳаводиси Хоруғ ҳоло ҳам пушти парда мондаанд ва сабабу ҳақиқати ворид кардани нерӯҳои низомии ҳукуматро ҳам ба Хоруғ то ба имрӯз касе шаффофу ошкор накардааст.
Аммо ба ишораи дигари вазири муҳтарам дар мавриди халалдор шудани банди 8-уми модаи 29-и қонуни ишора шуда, то ҷое мувофиқам, агар мафҳумеро дар яке аз ибораҳои истифода шудаи банда, он ҳам бо сабабҳои фаннӣ, ҳамчун мақоми мушаххас қабул дошта бошанду онро «паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси воқеъӣ», яъне ҳукумат арзёбӣ намоянд, агарчи мафҳуми ҳукумат ом аст ва зикре аз номи ниҳоди мушаххаси ҳукумат ҳам нарафтааст. Истифодаи ҳарфи «ҷаллодона» бардошт аз амалкарди афродест, ки тавассути навори видеоие пахш гардид. Дар воқеъ, вақте онҳо як инсонро мисли ҳайвон ба қатл расониданд ва тани ӯро ба ахлотҷой партофтанд, пайдо кардани сифати дигар номумкин мебошад.
Ба ҳар ҳол, банда ба ин назару андешаам, ки дар низоми давлатдории мо саҳву хатоҳои зиёде ҷой доранд ва аз ҳар кадоме дар мавриди хеш бояд ишорае кард, аммо на ба маънои таҳқиру тавҳин ва паст задани шаъну эътибори мақоми хос ва мушаххас. Ҳамаи инсонҳо дар зарари худанд, ҷуз онҳое ки ба Худо имон доранд ва мардумро ба ҳақ ва сабр даъват менамоянд.
Бо умеди ислоҳи ҳамдигар ва рушди озодии сухан.