Писари калонии Амонуллоҳ Ҳукуматулло, собиқ раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар маркази ноҳияи Айнӣ пас аз он ки тарафи полисҳо тирпарронӣ мекунад, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Тибқи хабаргузориҳо, Рустам Ҳукумов дар наздикии маркази ин ноҳия қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, аз тарафи кормандони БДА боздошт мешавад, аммо Рустам аз талаби нозирони роҳ худсарӣ карда ба гуфтаи онҳо гуш намедиҳад.
Баҳси Рустам бо кормандони БДА то ҷое мерасад, ки ба ҷои ҳодиса сардори шуъбаи БДА ШКД ноҳия Саидҷон Набиев ҳозир мешавад. С Набиев кӯшиш мекунад, ки аломатҳои қайди давлатии мошини Рустамро гирад, вале Рустам Ҳукумов саркашӣ мекунад ва бо истифода аз тапончаи дастӣ тарафи сардори БДА се тир холӣ мекунад. Дар натиҷа сардори БДА маҷрӯҳ мешавад ва худи Рустам аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Хабаргузориҳо гуфтаанд, ки Ҳукумови хурдӣ то дидбонгоҳи навбатии БДА рақамҳои мошинро иваз кардк мехоҳад фирор кунад, аммо кормандони полис ӯро таъқиб карда дар нақби Шаҳристон боздошт мекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки садамаи БМВ -3 таҳти идораи Расули Амонуллои ноболиғ (16 сола), ки шаби 8 – 9 –уми октябри соли 2013 дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ба ВАЗ – 21014 бо суръати баланд бархӯрда боиси марги се ҷавон шуда буд. Ҳатто ҳодисаи мазкур аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон гардид, ки тафтишот муайян кардааст, ки Расули Амонулло дар ин садамаи нақлиётӣ гунаҳкор нест.
Categories
Ахбори рӯз