Categories Ахбори рӯз

Фирор-роҳи ягонаи эътироз дар Тоҷикистон, ё…?!

Тибқи
муқаррароте, ки ахиран ҳукумати кишвар онро амалӣ сохт, аз корхонаву муассисоти
давлатӣ тамоми афроди синни нафақаву беморон аз кор рухсат дода шуданд. Дигар
теъдоди кормандонро бинобар аз санҷиш ва ё ба таври маъмул атестатсия
нагузаштану бино ба хулосаи комиссия мувофиқат накардани тахассус ба вазифаи
ишғолшуда, расман аз кор ихтисор карданд. Чунин тасмимот дар афзоиши шумораи
бекорони кишвар саҳм гузошт. Аз чунин амалкард мутахассисони касбӣ, ки солиёни
зиёд меҳнати намунавӣ доштанд, нороҳату норизо шуданд. Аксари аз кор
рондашудаҳо, тасмим гирифтанд ё пушти чанбараки мошинаашон (онҳое, ки мошин
доранд) шишта таксиронӣ кунанд ё рӯ оваранд ба Русия. Ҳатто миёни чанде аз
мутахассисон гуфтугузореро шунидам, ки эшон дар пайи бекор кардани шаҳрвандии
худ ва қабули шаҳрвандии Русияанд. Онҳо чунин тасмимашонро чун нишонаи эътироз
алайҳи масъулини кишвар маънидод мекунанд.

Аксари
кормандони ихтисоршуда аз он изҳори нороҳатӣ мекунанд, ки тӯли 35 сол онҳо дар
коргоҳ софдилона меҳнат карданду яку якбора онҳоро аз кор ронданд. Ҳатто барои
меҳнати чандсола раҳматномае ҳам шифоҳӣ изҳорашон накарданд. Албатта, чунин
амалкард хеле амаловар аст, ҳатто дарднок аст.

Дар дигар
корхонаҳо, ки аксарро силсилатабори хешу пайвандӣ ташкил медиҳанд, ин теъдод
низ ихтисор шуданд. Албатта, ин иқдомро мебояд дастгирӣ кард. Зеро ба касе пӯшида
нест, ки имрӯз дар аксари ниҳодҳои кишвар силсилапайвандони соҳибмансаби як
маҳал адои вазифа доранд. Дидаву дониста дар як коргоҳ ҳама қариб ки узви як
хонадонанд. Дар мавриди касбияту кордонии чунин оилакоргарҳо ҳатто ҳоҷат ба
сухан ҳам нест.

Ростӣ, ки
намедонам раванди аз корронӣ ба чӣ хотир рӯйи даст гирифта шудааст, ба хотири
коҳиш додани хароҷот ё мақсади дигар. Агар ба хотири коҳиш додани хароҷоти
ғайримақсаднок бошад, шояд ба нафъи буҷа бошад, аммо агар он муваққат ва ба
манофеи шахсӣ сурат гирад, он гоҳ самаре аз чунин тасмимгириҳо нест.

Ҳангоми сӯҳбат
бо як нафар аз собиқ корманди Оҷонсии зидди коррупсияи кишвар мавсуф изҳор
дошт, ки беҳтарин кадрҳои ин ниҳод аз атестатсия нагузаштаанд ва ин сабаб шуду
ҳамаи онҳоро аз кор ронданд. Оҷонсии мазкур тасмим дорад, то дар моҳи августи
соли ҷорӣ тариқи озмун беҳтарин мутахассисонро ҷалби ин ниҳод кунад. Ростӣ, ки
ба чунин тасмимгириҳое, ки беҳтаринҳоро хоҳанд баргузид, сахт шубҳа дорам ва
ҳеҷ бовар надорам, ки аз ҳисоби ҷавонон кадрҳои хуб рӯи кор меоянд.

Ин ҳама
тасмимгириҳо дар анҷом гурӯҳи норозиёнро ташкил медиҳад, ки назару андешаву
тафакури оппозитсиюнӣ дар сар доранд ва ба ҳар гуна тасмимгириҳои ҳукумат бо
назари мухолиф нигоҳ мекунанд.

Аммо фикр
мекунам, коҳиш додани хароҷоти ғайримақсаднокро мебоист дар дигар ҷо ҷуст.
Ҳастанд, хароҷоти ғайримақсадноке, ки масъулини корхонаву идорот садҳо ҳазор
маблағи хазинаи кишварро ҳазми нафси худ мегардонанду зарбаи ҷонкоҳ ба хазинаи
кишвар мезананд. Иншооте, ки бо пули калон қомат меафрозанд, магар метавонанд
дар мӯътадил гардонидани вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум манфиатовар бошанд?
Фикр мекунам не. Бигузор аз кадом маблағе иншооте бунёд наёбад, он бояд
манфиатбахш бошад. Бунёду сохтмони иншооти истеҳсолӣ дар чунин шабу руз аз
манфиат холӣ нахоҳад буд ва дар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои мардум
мусоидат хоҳад кард.

Маҳз бо чунин
роҳ, сохта ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъмини мардум бо ҷойҳои
корӣ метавон рӯзгору зиндагии мардумро беҳбуд бахшид. Ҷиҳати амалӣ кардани чунин
мақсад, даҳҳо лоиҳаи сармоягузоронро метавон ҷалб кард, аммо чаро чунин кор
сурат намегирад, суолест, ки мебояд ба он мансабдорон посух гӯянд.

More From Author

You May Also Like