nahzat.tj
“Фаъолияти шуъбаҳои марказӣ ва минтақавии ҲНИТ моҳи сипаришуда дар асоси барнома роҳандозӣ шудааст. Ҳамчунин як қатор чорабиниҳо ва омӯзишҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуданд, ки боиси дастгирист. Масалан, дар вилояти Суғд дар мавзӯҳои “Қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ”, “Сарқонун” ва оинномаи ҲНИТ омӯзиши сиёсӣ гузаронида шуд.” – Ин нуқтаро Акоша Кабирӣ, раиси шуъбаи омор ва назорати ҲНИТ, дирӯз 8 – апрел дар ҷаласаи моҳонаи иҷроияи ҲНИТ, ки аз фаъолияти моҳи сипаришудаи ҲНИТ гузориш медод, иброз намуд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи моҳона гузориши шуъбаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
“Тавре ҳамагон медонем, моҳи гузашта таъкибу фишорҳо дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо нисбат ба аъзоёни ҳизб ба чашм мерасид. Аз ҷумла, намояндагони кумитаи дин дар якҷоягӣ ба иддае аз мударрисони донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба навоҳии Исфара, Ашт, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров сафар карда, ҳар гуна таҳқиру туҳматҳо нисбат ба ҲНИТ баён карданд ва масъулин нисбат ба ин амали онҳо вокуниш нишон дода, аз ҷумла ба раиси вилоят, Қ. Расулзода, мактуби расмӣ ирсол намуданд.” – таъкид намуд А. Кабирӣ.
Дар баробари ин, дастури раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ – ҷамъоварии якбораи маблағ барои ҷашни чилсолагии ҲНИТ, аз ҷониби аъзоёну ҳаводорони ин ҳизб мавриди дастгирӣ қарор гирифта, ба суратҳисоби ҳизб маблағҳо гузаронида шуда истодаанд.
Муҳаммадкарими Орзу, ҷонишини раиси ҲНИТ, ки масъули ситоди баргузории чилсолагии ҳизб мебошад, аз рафти корҳо ва омодагӣ ба чилсолагии таъсисёбии ҲНИТ гузориш дода, аз онҳое ки ба ин ситод ҳамкорӣ ва кумак карда истодаанд, арзи сипос намуд.
Дар охири ин ҷаласа Маҳмадалӣ Ҳаит, ҷонишини раиси ҲНИТ, ки раисии ҷаласаро бар уҳда дошт, фаъолияти ҲНИТ- ро дар моҳи сипаришуда хуб арзёбӣ намуд ва пешниҳодҳои масъулинро ба инобат гирифт.