Як Хохоми исроилӣ, ки аз масъулони артиши Исроил низ ба шумор меравад, даъвои он кардааст, ки ҳузури мусалмонон дар Қудси ишғолӣ ва вуруди онҳо ба масҷиди мубораки Алақсо ғайриқонунӣ аст.
Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин ба нақл за рӯзномаи ибаризабони “haaretz”, Рове Петрес дар ҷараёни суханронии худ дар ҷамъи теъдоде аз низомиёни исроилӣ муддаъӣ шудааст, ки дар Қуръони Карим ҳатто номи “Қудс” ва аз ин калима истифода нашудааст.
Фаъолони фаластинӣ бо ҳугдор нисбат ба ин изҳороти ифротигароёна хотирнишон карданд, ки ин изҳорот тавассути як шахсияти динии масъул дар артиши исроилӣ баён шудааст ва метавонад сармашқе барои низомиёни исроилӣ дар иртикоби ҷиноят алайҳи фаластиниён бошад.