Киштиҳои башардӯстонаи «Озодӣ-2» ба самти Ғазза ҳаракат мекунанд, вале Исроил ба он посухи сангин доданист.
Дар Хазинаи IHH мегуянд, кадом ҳаросе аз такрори вокуниши сангини Исроил надоранд.
Хазинаи кумакҳои башардӯстонаи Туркиё (IHH) корвони наверо ба Ғазза равона месозад, ки қасд аз он шикастани муҳосираи ин минтақаи муқовимат аст.
Дар назар аст, ки дар ин корвон онҳое шомил мегарданд, ки ҳамчун дӯстдорони Фаластин шинохта мешаванд, он ҳам аз ҷумлаи 12 кишвар: Норвежию Фаронса, Суису Африқои ҷанубӣ, Туркиё, Венесуелло дигарҳо.
Феълан ҷамъоварии кумакҳо оғоз ёфта, масоили фаннӣ ҳам ҳал шуда истодааст. «Коалитсияи флотилияи «Озодӣ-2» ба ин назар аст, ки танҳо ҷомеъаи шаҳрвандӣ бояд муҳосираи Ғаззаро ба чолиш бикашад, мегуянд дар IHH.
Чунин як кушиши расонидани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза аз ҷониби хазинаи мазкур соли 2010 руи даст гирифта шуда буд. Аммо ин амри хайр дар заминаи амалҳои Исроил аз байн рафт, чун болои киштии «Mavi Marmara»-и ҳамроҳ бо «Флотилияи Озодӣ» буда ҳамла сурат гирифту даҳҳо шаҳрванди Туркиё ба шаҳодат расиданд. Ҳамин буд, ки дигар Исроил муносибати хешро бо Туркиё муътадил сохта натавонист.
Дар ҳамин ҳол, Теловив алакай таҳдид дорад, ки вокуниши сангине алайҳи ин иқдоми IHH нишон доданист.
Аммо бо дарназардошти вазъияти ҳассоси феълӣ дар Шарқи миёна, эҳтимоли посух ба бархурҳои номуносиби Исроил ҳам вуҷуд доранд.
Categories
ДИДГОҲ