Салоҳиддини Исо
Вохурие, ки рӯҳониҳои кишварамон бо раисҷумҳур доштанд, эшон Худову Пайғамбарро фаромӯш карда, ба мадҳу санои раис пардохта, нохудогоҳ ба ҳизби исломӣ ва калимаи ислом муқобилияти шадид нишон доданд. Дар ҳоле, ки таълимоти динӣ ташвиқ мекунанд, ки дар назди подшоҳ сухани ҳақ гуфтан ин бузургтарин “ҷиҳод” ба шумор меравад…
Дар ривоёт омадааст, ки яке аз девонаҳои фарзона назди халифаи мусалмонҳо ҳозир мешавад. Сараввал халифа аз ӯ мепурсад, ки аз Қуръон ояте ё сураеро ҳифз медонад? Девона дар посӯх мегӯяд, Оре! Медонам, бисёр нағз ҳам медонам. Халифа мегӯяд, якчанд ояте қироат кун! Девона ба хондан шурӯъ мекунад: “Изо ҷоа насруллоҳи ва-л-фатҳу вараайтанноса “яхруҷуна” мин диниллоҳи афвоҷо”(замоне наср ва фатҳ аз ҷониби Худо биёяд, мардумро мебинӣ, ки аз дини Худо гурӯҳ-гурӯҳ “хориҷ мешаванд”). Халифа дар ҳайрат омада мегӯяд: “Ту Қуръонро нодуруст қироат кардӣ! Тарзи дурусташ “ядхулуна фи диниллоҳ”(дохил мешаванд дар дини Худо) аст. Девонаи ба кори худ ҳушёр мегӯяд, “ин дар замони Расули Худо (с) буд, ки мардум дар дини Худо гурӯҳ-гурӯҳ дохил мешуданд, аммо имрӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ аз дини Худо хориҷ мешаванд”.
Агар воқеиятро нигарем, имрӯз тибқи оморҳои расмӣ ҳаррӯза ҳазорҳо-ҳазорҳо нафар дини Исломро мегараванд, ҳатто аз замони Расули Худо (с) дида бештар. Пас, ин сухан чӣ маъно дорад? Дар атрофи ин оят, ё ин қисса ривоёти саҳеҳ низ ворид шудааст, ҳатто, дар ҳадисе, низ мазмуни ин қисса ривоят шудааст. Ба андешаи инҷониб, агарчи имрӯз мардум ба касрат вориди дини Ислом мешаванд, аммо мутаассифона бо қалбҳои муттаҳид набуда ва нафароне дар сояи ин дин ба воя мерасанд ва соҳиби мансабҳои динӣ мешаванд, ки шояд сабаби рӯгардонии ҳазорҳо нафар аз дини Ислом шаванд. Ва сад нафаре, ки дар замони Расули Худо (с) ин динро мепазируфт, назар ба сад ҳазор нафари имрӯза имонашон қавитар ва нафъашон ба дин бештар буд. Шояд ба гумони ғолиб таъбири ин қисса ҳамин бошад.
Ба ҳар сурат ин ҳикояти дирӯза баёнгари ҳоли ҷомеаи имрӯзаи мост. Ҷомеаи мо агарчи дар зоҳир худро мутамаддин ва мудофеи дин ва ба арзишҳои динӣ қоил нишон медиҳад, аммо ботинан шояд яке аз ҷомеаҳое маҳсуб шавад, ки дар дингурезиву динситезӣ мақоми аввалро ишғол кунад (аксар масъулини ҳукуматро дар назар дорам). Манъ кардани то синни 18 сола аз рафтан ба масҷид, мухолифат варзидан ба ҳалқаҳои дарсии динӣ, нафрат доштан ба ҳизби наҳзати Исломӣ, манъ кардани азон бо баландгӯяк ва монеъ шудан ба ҳиҷоби исломӣ… Инҳо аз амалҳое ҳастанд, ки гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунанд.
Бояд зикр кард, ки дингурезӣ, ё динситезӣ ба хусус аз ҷониби ҷавонон омилҳои хосси худро дорад ва ин қиссаи мазкурро метавон ба чандин чанбаҳо кашид, аммо дар инҷо суханро ба дарозо накашида, яке аз сабабҳои умдаи фирор аз динро ё ба қавли дигар фосидкунандаҳои динро инҷо дар зери ин қисса зикр хоҳем кард. Ба қавли донишманд ва яке аз мутафаккирон, “нимчамулло динро фосид мегардонад ва нимчатабиб ҷисмҳоро”, метавон яке аз сабабҳои аз дин рӯгардонии мардумро ҳамин рӯҳониҳои мӯҳтарамамонро муаррифӣ кард. Донишмандон зикр мекунанд, ки яке аз омилҳои асосии дилмондашудани мардум аз Исломи поку беайб, ин “Мувофиқат накардани қавл бо амали рӯҳониҳое, ки даъвои диндорӣ мекунанд”, ба ҳисоб меравад. Мо то ҳол дар ҳаққи камтарин диндори худӣ ё беруна сухани танқидиеро ба худ раво намедидем, чунки ин амалро ба чашми худ хок пошидан медонистем ё ба қавле намехостем ба деги душман об резем, мегуфтем ҳарчиҳам бошад аз рӯи инҳо шуда Ислом бад нашавад. Аммо мутаассифона кор то андозае аз ҳад гузашт, ки муллоҳои мо дар муқобили ҳизби исломӣ ва калимаи Ислом набард эълон кардаанд.
Вохурие, ки рӯҳониҳои кишварамон бо раисҷумҳур доштанд, эшон Худову Пайғамбарро фаромӯш карда, ба мадҳу санои раис пардохта, нохудогоҳ ба ҳизби исломӣ ва калимаи ислом муқобилияти шадид нишон доданд. Дар ҳоле, ки таълимоти динӣ ташвиқ мекунанд, ки дар назди подшоҳ сухани ҳақ гуфтан ин бузургтарин “ҷиҳод” ба шумор меравад. Аз онки ҳазорҳо мушкилоти ҳалношудаи ҷомеаро дар ҳузури раисҷумҳур матраҳ намоянд, ба тавсифу таърифи беҳуда пардохтанд ва тақрибан кулли суханрониашон дар атрофи ҳизби исломӣ ва сарнагун кардани он давр мезад. Суоли матраҳ ин аст, ки оё ин рӯҳониҳо, ки аксарашон имомхатиб ҳастанд, рисолати хатибиро дарк кардаанд ё на?
Бубинед мутафаккирони динӣ дар мавриди хутбаи намози Ҷумъа ва хатибҳо чӣ мегӯянд“ “хутбаи намози ҷумъа, яке аз муҳимтарин василаи даъват ба сӯи Худо ва таълими мусалмонон аҳкоми динашон ва ошкор намудани ҷойгоҳи Ислом нисбат ба қазияҳои имрӯза чӣ сиёсӣ бошад чӣ иқтисодӣ, ба ҳисоб меравад. Чи гунае, ки мо огоҳем, хутбаи намози ҷумъа яке аз манбаъҳои бо эътимоди шариати Ислом маҳсуб ёфта, ҳар ҳафтаина ҳазорҳо ҳазорҳо мусалмонон аз онҷо хостаи хешро пайдо мекунанд. Арзиши имомхатиб аз инҷо пайдост, ки уламо ӯро ба мартабаи муаллим ва ҳидоятгари ҳазорҳо нафар чӣ ҳозир дар намоз чӣ ғоиб, муаррифӣ мекунанд”.
Аз ин таърифу тавсифи ҳамчун аслу қоидаи донишмандон бар меояд, ки сиёсат ва атрофи ҳизби сиёсии исломие, ки аз арзишҳои ислом дифоъ мекунад, сухан гуфтан ва баррасии масоили сиёсии рӯзмарраи Ислом ва муслимин вазифаи ҳар хатиб будааст. Аммо мутаассифона имрӯз “хатибҳои” мо рисолати худро дарк накардаанд ва бидуни илм, динро аз сиёсат ҷудо мехонанд. Тазаккур бояд дод, ки дар минбар мақоми сиёсӣ доштани хатиб ва ба сиёсат пардохтан ҳаққи ӯст. Масалан вазифаи хатиб аст, ки дар мавзӯи интихобот ва аҳаммияти ширкат варзидан бо мардум дар раъйдиҳӣ сухан гӯяд, чунки ин кор аз ҷумлаи шоҳидӣ додан маҳсуб меёбад, ба шарте, интихоботи шаффофу ҳақиқӣ бошад.
Аммо замоне интихоботи ғайришаффоф ва барои номзади муайян сухан гӯяд ва ҷонибдории онро ба хотири ғаразе кунад, ин сӯистифода аз минбар ва хиёнат дар ҳаққи Паёмбар (с) мебошад. Ва инчунин баду нодуруст аст, ки хатиб аз минбар сиёсати гурӯҳи муайян ё ақидаи сиёсии худро ҳамчун шахси ғаразнок таблиғ кунад. Чаро имомхатиб ҳуқуқ надоштааст, ки аз минбар аз сиёсати динӣ ва дар умум атрофи масоили сиёсӣ сӯҳбат кунад? Барои он ки дин аз сиёсат ҷудост? Пас суоли матраҳ ин аст, ки чаро хатибҳои мӯҳтарами мо сиёсати раисҷумҳурро дар минбарҳои масоҷид тарғиб мекунанд? Дин аз сиёсат ҷудо бошад, пас ба кулли ҳама навъашро тарк бояд кард… Таваҷҷӯҳ кунед, Қуръони карим чунин ҳомилонашро чӣ гуна мазаммат ва танбеҳ мекунад: “Эй касоне, ки ба Худо имон овардаед, чаро сухан мегӯеду ба он амал намекунед. Ин боиси хашму ғазаби Худо мегардад, ки сухан мегӯеду ба он амал намекунед”. (Сураи Саф, ояти 2).
Ба таъбири Қуръон сабаби дингурезии аксарият, нафароне маҳсуб мешаванд, ки дар либоси дин бо дин муомила ва тиҷорат мекунанд. Пас хонандаи азиз ба хусус насли ҷавон дарк бояд кунанд, ки ин як асл ва қоидаи табиист, ки бисёре аз мардум дониши динӣ доранд, вале рафтори динӣ аз онҳо сар намезанад. Оё ин кор барои бадном кардани дин қобили қабул аст? Ҳаргиз не! Дар мавриди нафароне, ки аз дари тиҷорат дохили дини Ислом гаштаанд, соҳиби шариат худ муъминонро гушзад кардааст, ки аз чунинҳо эҳтиёт бошанд ва дини покро дар сурати инҳо мушоҳида накунанд: “Эй муъминон, огоҳ ва бедор бошед. Ҳамоно бисёре аз диндорон амволи мардумро ба роҳи ботил туъмаи ҳаво ва ҳаваси худ мекунанд ва роҳзании онҳо дар дини Худо бештар аз роҳбарии онҳост”… (Сураи Тавба ояти 34).
Чуноне шоир гуфтааст:
Тарки дунё ба мардум омӯзанд, хештан симу ғалла андӯзанд.
На парҳезгору на донишваранд, ҳамин бас, ки дунё ба дин мехӯранд.
Бинобарин сӯистифодаи як гурӯҳ аз дин набояд дигаронро руҳафтода ва динситез кунад. Ба гунаи мисол, як пизишк бо вуҷуди ин ки медонад сигор барои инсон зараровар аст, аммо аз он истифода мекунад. Пизишкони зиёдеро мо мушоҳида мекунем, ки аз сигор ва баъзеяшон аз маводи мухаддир истифода мекунанд. Оё аз рӯи ин духтурон мебояд дари илми пизишкиро бандем? Ҳаргиз не. Дини Ислом, низ аз ин қоида берун нест. Яъне ҳамон тавре, ки дар ҷомеаи пизишкӣ табибони сигоркаш ва муътод ёфт мешаванд, дар ҷомеаи динӣ, низ диндорони дузду фосид, низ ёфт мешаванд. Аз ин хотир агар мо ҳақиқати дин ва диндориро дарк кунем, динро дар асл ва моҳияти худ ҷустуҷӯ мекунем, на дар шахсиятҳои ғофил аз дин. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар шаъни чунин баъдинаҳо дидаву санҷида ва ба маврид гуфтааст:
Дини кофир фикру тадбиру ҷиҳод, дини мулло фи сабилуллоҳ фасод.