Масъулони беҳдоштӣ дар кишвари Шведсия чандин тан гушти хукро дар бозорҳои ин кишвар кашф кардаанд, ки рангшуда ва бо қимати гарон ба ҷойи гушти гов ба фурӯш монда шудааст.
Ба гузориши “euronews”, пас аз дарёфти чунин хиёнат нисбати мардум масъулони беҳдоштӣ нисбати ба вуҷуди ин навъ гушт дар саросари Аврупо ҳушдор додаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ингуна гуштҳои рангшуда бештар ба ресторан ва қаҳвахонаҳо супорида шудаанд. Ҳоло он ки тибқи муқаррароти беҳдоштии Шведсия афзудани маводи эъломнашуда ба маҳсулоти хӯрокӣ қонунӣ нест.
Лозим ба ёдоварист, ки гушти хук мутобиқи фармудаи дини Ислом истеъмолаш дуруст ва ҷоиз нест. Хук дар Қуръон ҳамчун ҳайвони палид ёд шудааст. Ҳамзамон таҳқиқоти уламои дини Ислом дар бораи истеъмоли гушти хук гуфтаанд, ки ин гушт дар дохили худ микробҳое дорад, ки ба инсон зарар мерасонад. Ҳатто ба гуфтаи бархе аз онҳо таркиби гушти хук кирме дорад, ки ҳатто бо ҷӯшонидан ҳам аз байн намеравад.