Футболбозони ҲНИТ ғолиб омаданд

Бахшида ба Иди Наврӯз масъулони бахши ҳизб дар ноҳия Рашт мусобиқаи рафиқонаи футболбозӣ баргузор намуданд, ки дар ин мусобиқа тими ҲНИТ ғолибият ба даст овард.
Саидалии Муҳаммадҷон, масъули бахши ҳизб дар ноҳияи Рашт гуфт, ташаббускори мусобиқа бахши ноҳиявии ҳизб буда, дар он 4 тими футболбозӣ ширкат варзиданд.
Ӯ мегӯяд, ин мусобиқа аз 3 март то 10 март баргузор гардид ва бозингарони дастаи ғолиб, ки аз номи ҲНИТ бозӣ карданд, ғайриҳизбиянд, вале ин дастаи футбол дар ноҳия аз бахши ҳизб намояндагӣ менамояд.
Ҳамин тариқ, тими ҲНИТ бо чор дастаи ҷамоатҳои Қалъанак ва Ҷафр бозӣ намуда, ғолиябият ба даст овардааст ва тасмим доранд, рӯзҳои наздик бозиҳои рафиқонае бо тими “Шаҳраки Ғарм” дошта бошад.

More From Author

You May Also Like