30 март бо ташаббуси бахши Наҳзати Исломӣ дар ноҳяи Фирдавсӣ ба муносибати фарорасии баҳори хуҷастапай мусобиқаи футбол баргузор гардид. Ин мусобиқа бо ширкати панҷ даста дар қароргоҳи марказии ҲНИТ гузаронида шуда, дар он дастаҳои футбол аз навоҳии Фирдавсӣ, Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва дастаи Дастёрони Наҳзат қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа, дастаи ноҳияи Сино ҷойи якум ва дастаи ноҳияи Шоҳмансур ҷойи дуввумро ишғол намуд .
Лозим ба ёдоварист, ки дар дастаи ғолби ҷойи аввал бозингарони зерин бо сарварии Раҷабов Муминҷон ширкат доштанд:
1. Бузургмеҳр Раҳмоналиев
2. Муҳамад Орифов
3. Парвизи Шералӣ
4. Бурҳон Сайидов
5. Тағой Латипов
6. Фарҳод Зарипов
7. Рустам Юсупов
8. Аъзам Зуҳуров
Раиси бахши ҲНИТ Дар ноҳияи Фирдавсӣ Насим Раҷабов Ба ғолибони мусобиқа ҷоиза тақдим намуда, зимнан муовини раиси ҲНИТ М. Орзу аз тамоми ширкаткунандагони ин мусобиқа ташаккур намуда, оид ба зарурати рӯй овардани ҷавонон ба варзиш ва ҷойгоҳи он дар Ислом суҳбат намуд.
Ахиран, муовини раиси ҲНИТ ҳамчунин аз се бахши дигари ҲНИТ дар навоҳии шаҳри Душанбе талаб намуд, то ҳар яке аз онҳо дар се моҳи оянда мусобиқаи варзишӣ баргузор намоянд.