Дирӯз дар ноҳияи Мастчоҳ конфронси 9- уми ҳисоботиву интихоботии бахши ноҳиявии ҲНИТ баргузор ва ҳайати нави раёсатро иборат аз 11 нафар интихоб гардид.
Бояд таъкид кард, ки чун анъана, конфронс бо баҳсу кашмакашҳо ин 11 нафарро аз 15 нафари пешниҳодшуда интихоб кард. Дар байни интихобшудагон ду нафар бонувон ҳам ҳастанд.
Боиси хурсандист, ки ҳар яки ин 15 номзад ба узви раёсат таъкид дошт, ки танҳо бо мақсади хидмат ба Ислом мехоҳад узви раёсат бишавад.
Ҷиҳати дигари мусбати ин конфронс аз он иборат буд, ки овоздиҳӣ аз тариқи кушод ба роҳ монда шуд.
Дар навбати худ раёсат ҷаласа доир намуда, Илҳом Бековро бо 7 овоз боз раис интихоб кард.
Шуъбаи Мастчоҳ яке аз фаъолтарин бахшҳои ҲНИТ дар вилояти Суғд буда, зиёда аз 1000 нафар аъзо дорад, ки ними онҳоро ҷавонон ташкил мекунанд.
Дар кори конфронс ҳайати ҲНИТ иборат аз Воҳидхони Қосиддин, раиси дастгоҳ, Саидиброҳими Муҳаммадназар ва Зурафо Раҳмонӣ мушовирони раиси ҲНИТ ва Парвина Иброҳимзод, раиси бахши занони ҲНИТ иштирок доштанд.