Шикоят алайҳи як намояндаи Англия ба хотири иҳонат ба мусалмонон

Сиёсатмадорони миёнарави яке шаҳрҳои Англия аз узви Ҳизби миллии ин кишвар ба хотири иҳонат ба Ислом ва мусалмонон шикоят карданд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии “islamworldnews”, теъдоде аз сиёсатмадорони Англия дар яке аз шаҳрҳои он муқобили Гроҳом Бертнер узви Ҳизби миллии Англия ва шӯрои маҳаллӣ ба хотири иҳонат ба Ислом ва мусалмонон шикоят карданд.

Ба гузориши манбаъи мазкур, Бертнер дар бахше аз номаи навиштаи худ дини Ислом ва мусалмононро иҳонат карда, дини Ислом ва мусалмононро ба унвони масъули ва эҷодкунандаи воқеъаҳои хушунатбор алайҳи ғайримусалмонон шинохтааст.

Дар ин нома ҳамчунин намояндагони калисо ва касоне ки мехоҳанд бо мусалмонҳо дар фазои сулҳу оромӣ ба сар баранд, ҳамла карда ва рафтори онҳоро ғайри муносиб шуморидааст. Ба ақидаи ӯ калисо ва дигар намояндагони ғайримусалмон наметавонанд бо мусалмонҳо дар фазои сулҳ ва оромиш ба сар баранд.

Дар робита ба номаи навиштаи Бертнер, Сулаймон Ноҷӣ, раиси Иттиҳодияҳои созмонҳои исломӣ дар ин шаҳр гуфт, ки Бертнер дар номаи худ намунаҳои баде аз робитаҳои муштарак байни мусалмонҳо ва ғайримусалмонҳоро ишора карда, ки ҳадафаш касби манфиъати сиёсӣ аст.

More From Author

You May Also Like