Categories Ахбори рӯз

Ба ширкаткунандагони амалиёти ҳарбӣ имтиёз қоил мешаванд

«Верховная Рада», парлумони Укроин ширкаткунандагони амалиёти зиддитеррористиро ширкаткунандагони амалиёти ҳарбӣ эътироф кард, навиштааст хабаргузории “Украйнски Новини”.
Тамоми кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва хизматчиёни ҳарбие, ки истиқлолияту тамомияти арзии Укроинро муҳофизат мекунанд, ҳамчунин онҳое, ки дар амалиёти зиддитеррор ширкат мекунанд, ширкаткунандагони амалиёти ҳарбӣ дониста мешаванд.
Кобинаи вазирон ба Рада пешниҳод кардаанд, ки қонунеро дар ин маврид ба тасвиб барсонад, ки лоиҳаи он зери №4815 дар парлумони ин кишвар имрӯз, 6-уми май ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси ин лоиҳаи қонун чунин як имтиёз ба хидматчиёни Қувваҳои мусаллаҳ, Горди миллӣ, Хадамоти амниятӣ ва ҷосуси хориҷӣ, марзбонӣ, инчунин ВКД ва дигар ҷузъу томҳои расмӣ дода мешавад.
Дар назар аст, тартиби шаҳрвандонеро, ки ширкаткунандаи амалиёти ҳарбӣ ва зиддитерористӣ ба ҳисоб мераванд, Кобинаи вазирон муайян мекунад. Тибқи фикри ҳукуматдорон, қабули ин лоиҳаи қонун сатҳи лозими муҳофизаи иҷтимоъии шаҳрвандон ва кормандону хизматчиёни ниҳодҳои қудратиеро, ки дар амалиёти ҳарбӣ ширкат менамоянд, кафолат медиҳад. Чунин як тағйирот дар Қонун «Дар бораи имтиёзи собиқадрони ҷанг ва кафолати муҳофизати иҷтимоъии онҳо» ворид карда мешавад.
Таври маълум, дар ду ҳафтаи охир амалиёти густардае ба хотири ҳифзи якпорчагии Укроин роҳандозӣ ва идома дошта, аз куштаву захми шудани нафарони зиёде гузориш дода мешавад.

More From Author

You May Also Like