Албатта ин навишта таҳлил нест, аммо дар сомона ҷои муносиб барояш пайдо накардам. Ба ҳамин хотир онро дар ин саҳифа гузоштам. Бештар эҳсос ва орзуст. Аммо шояд бефоида ҳам набошад.
Ёд дорам вақте хеле хурд будам ва аввалин бор ба мактаб рафтам дар мактабамон акси кабутарон калон кашида шуда буду ким чизе дар бораи сулҳ дар зераш навишта буданд. Дақиқан намедонам чи буд вале медонам ки дар бораи сулҳ буд. Баъдан вақте ба мактаб ҳам рафтам дар бораи сулҳ шеъру суруду достонҳои зиёдеро ба мо омӯхтанд. Онвақтҳо ман онқадар сарфаҳм намерафтам ки сулҳ чӣ маъно дорад. Аммо ҳамеша кабутарро рамзи сулҳ медонистаму онро дӯст медоштам.
Солҳо гузашту шоҳиди нооромиҳои кишвари азизам шудам. Шоҳиди рӯзҳое шудам , ки дигар инсонҳо аз тарси ҳам дар хонаҳояшон намехобиданд. Кор аз ин ҳам бадтар шуд. Мардуми ман, ҳамон мардуме, ки солҳо суруди сулҳ мехонданду нағмаи муҳаббат зам-зама мекарданд, бо ақлу хирад қаҳрӣ карданд. Эҳсосоту зудбовариро ба ҷои ақл дар вуҷуди худ ҳоким карданд. Дигар навои сулҳу зам-замаи ишқу муҳаббат шунида намешуд. Танҳо ғурриши кину нафрат буд, ки ҳайвони ваҳшии даруни ҳамаро бедор карда буд. Касе дар гуши онҳо мусиқии ҷодуии нафрат ва душманиро менавохт. Мусиқие, ки ба ҷои шаробу нушиданиҳои гуворо хунро ҷойгузин карда буд. бинобарин ҳамаҷо пур шуд аз кину нафрат ва дигар аз сулҳу муҳаббат нишоне намонд.
Аммо аз дуриҳои дур боде шамиме аз хираду заковати ниёгонамонро ба суи ватанамон овард. То баъд аз куштани ҳамдигар боз ба худ биёем ва худро бишносем.
Онгоҳ буд, ки ман маънои воқеии сулҳро фаҳмидам. Замон инро ба ман нишон дод. Ҳаводис ва пастиҳову баландиҳои зиндагӣ онро ба ман фаҳмонданд.
Аммо дирӯз дар рӯзе, ки рӯзи ҷаҳонии сулҳ ном гирифтааст, дар бораи он чизе нагуфтанд. Чаро ҳамаҷоро бо кабутарони сулҳ пур накарданд? Чаро дар бораи ин рӯз кам мегӯянд?
Аз ҳама таассуфовар он аст ки дар ин рӯз дар як гушаи ин диёри зебо баъзе аз фарзандони ин сарзамин дар рӯбарӯи ҳам қарор гирифтаанд. Гӯи дигар роҳе барои онҳо вуҷуд надорад.
Магар ин миллат забони гуфтугуи худро фаромӯш кардааст?
Магар ин мардум таҳаммули шунидани сухани якдигарро надоранд? Магар гушу даҳони ин мардум бастааст?
Наход ҷои қалам ва суханро ба силоҳ додан кори осон бошад?
Касоне ки дар таърих бо сухану шеъру қалам шуҳрат доранд, чигуна бо ҳам бо тиру туфанг сухан мегуянд?
Дарҳолате, ки намегузоранд мо як неругоҳро барои рафъи мушкилоти худамон бисозем ин корҳо ба нафъи кист?
Ростӣ ин ҳолат касро ба ёди шеъри шоири тавонои ватанамон Рустами Ваҳҳоб меандозад. Шоир бо табъи латифу дили нозукаш кайҳо ҳолати моро ба тасвир кашидааст ва он ба назарам комилан баҷост.
Мо мисли кабкони ватан, сайди ҳама зоғу заған,
Аммо ба ҳам минқорзан, бо ғайрати бемунтаҳо.
Кош боз ҳам насими саҳар роиҳаи зебои сулҳро ба сӯи ин диёр сарозер созад.
Кош боз ҳам шабнам бо қатраҳои зебояш донаҳои муҳаббатро ба диёри мо оварад.
Кош борон кинаву нафратро аз ин сарзамин шуяд.
Кош хасу хошокҳои ин сарзаминро бод ба чашми душманон резад.
Кош оҳанги ишқу муҳаббат дар куҳсорони ин сарзамин танинандоз гардад.
Кош ба ҷои нолаи модарон дар ҳар хонадон замзамаи меҳру муҳаббат бошад.
Кош чеҳраи ҳар як инсони ин сарзаминро лабханд оро диҳад.
Кош ….
Кош …
Бобоҷони Қаюмзод