шабакаҳои “Одноклассники”, “Фейсбук”, “ВКонтакте” ва расонаҳои хабарии “Азия-плюс” ва “Озодӣ” бидуни филтршикан кушода намешаванд. Аксари корбарони
интернетӣ баринанд, ки маҳдудият ба ин сомонаҳо пас аз пахши навори фармондеҳи Дастаи
таъиноти махсуси ВКД (ОМОН) Гулмурод Ҳалимов, ки ахиран ба созмони террористии
“Давлати исломӣ” пайваст, рух додааст. Гуфтанист, ки маҳдудият ва баста шудани сомонаҳои
интернетӣ дар Тоҷикистон чизи нав набуда, зуд-зуд дар соле чанд маротиба такрор мешавад, аммо ин
иқдом боре аз тарафи ширкатҳои
фароҳамкунадаи интернет ва Хадамоти алоқа шарҳи дақиқ дода нашудааст.
Аъзамшоҳи Ширговадӣ, рӯзноманигор мегӯяд, бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон чунин ҳодиса рӯх медиҳад, вале мутаассифона ин ҳолат “корҳои техникӣ” гуфта шарҳ дода мешавад. Дар ҳамин
ҳол, бархеҳо ин гуфтаро таъйид мекунанд, ки ин иқдомоти Хадамоти алоқаи
Тоҷикистон ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон бе таъсир нест.
Мавҷуда
Холиқназарова, як рӯшанфикри тоҷик зимни ин ки баста шудани ин сомонаҳоро ба
пайвастани сарҳанг Гулмуродов ба ДИИШ истисно намедонад, боз мегӯяд, дар шароити кунунӣ ин гуна
иқдомот вазъро душвортар мегардонад. “Баста
шудани сомонаҳо сабаби носолим шудани вазъи иттилоотии кишвар шуда метавонанд.
Вақте мардум дастрасӣ ба иттилоот надоранд, хоҳ-нохоҳ ҷои онро овозаҳои бардурӯғ
мегирад, ки ба нооромӣ дар ҷомеа оварда мерасонад. Ҳодисаҳои баста
шудани сомонаҳо ва дастрасӣ надоштан ба алоқа чандин
бор ҳангоми ноором шудани вазъ дар ин ё он минтақаи кишвар такрор ёфтаанд ва
боиси паст шудани имиҷи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ гаштаанд. Афсӯс, ки масъулини соҳаи алоқаи кишвар бо сарварии Бек Зуҳуров ба ҳукумат ва
Президент хизмати “хирсона” карда, гӯё ба ин васила садоқату вафодории худро
нишон медода бошанд, ки ин на садоқат, балки душманӣ ба халқу миллат аст”.
Барои
бисёриҳо тааҷубовар он аст, ки ҳам сомонаҳоро мебанданд ва ҳам ягон шарҳу
тавзеҳе барои корбарону истифодабарандагони интернетӣ намедиҳанд. Дар мавриди
баста шудани сомонаи хабарии “Азия-плюс” Зебо Тоҷибоева, масъули ин оҷонсӣ
мегӯяд, то ҳол намедонад, ки сомонаашро барои чӣ бастаанд? Зеро касе аз
масъулони интернетӣ дар ин маврид ба ӯ шарҳе надодаанд.
Хуршеди Ҳамдам, роҳбари бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” низ ҳарчанд сабаби баста шудани радиоро мехост аз фароҳамкунандагони
интернет пурсад, вале касе ба суоли ӯ посух надодааст.
Ба назари Иршод Сулаймонӣ,
рӯзноманигори тоҷик сабаби баста шудани баъзе аз сомонаҳои хабарӣ ба
пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба “Давлати исломӣ” рабт дорад. Ӯ мегӯяд, вақте пайвастани як низомии баландрутбаи Тоҷикистон ба ДИИШ кишварро дар
сархати расонаҳои олам қарор медиҳад, пас масдудияти баъзе сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ
як навъ ба ҳамин ҳодиса марбут дониста мешавад. Агар дар ҳақиқат, масдудияти ин
сомонаҳо ба ин ҳодиса дахл дошта бошад, ман фикр мекунам бастани сомонаҳо
таниши ин ҳодисаро ба ҷомеа кам намекунад. Зеро бо имконоте, ки дар соҳаи
фанновариҳои иттилоотӣ вуҷуд дорад, аз чандин роҳҳои дигар мешавад ба онҳо
ворид шуд, таъкид мекунад, И. Сулаймонӣ. Ӯ мегӯяд, роҳи хубтар ин аст, ки
мақомоти баландпояи давлат ин қазияро барои ҷомеа ва расонаҳо дуруст
ва мантиқӣ тавзеҳ бидиҳанд, то афкорсозӣ ҷанбаи дуруст дошта бошад ва фазои
иттилотии Тоҷикистон зери ин ҳама овозаву гумонҳои муғризона қарор нагирад”.
Раиси
Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Атоев ба хабаргузориҳо
изҳор доштааст, ки ширкатҳои фароҳамсози интернет, кайҳост, ки сабабҳои
қатъи дастрасӣ ба сомонаҳоро шарҳ намедиҳанд, вале тахмин зада метавонам, ки ин
амал маҳз ба муроҷиати видеоии Гулмурод Ҳалимов рабт дорад.
Аксари
коршиносону рӯшанфикрон бар инанд, ки қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо роҳи ҳалли
масъала набуда, масъулони дахлдор беҳтараш дар ҷустуҷӯи роҳҳаллҳои муносиби дигар бошанд.
Бояд ёдовар шуд, ки баъди
зиёда аз як моҳ нопадидшавӣ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и
Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов 27-уми май тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ
навори видеоӣ пахш намуд, ки дар он ба сафи ҷангиёни ДИИШ пайвастанашро тасдиқ
мекунад. Дар навори 12 дақиқаинаи худ Г. Ҳалимов роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии
Тоҷикистонро ба пуштибонӣ аз “бозор”-и фоҳишаҳо ва инчунин сабти наворҳои
порнографӣ бо фоҳишазанони “сатрпӯш” муттаҳам мекунад.