Categories Uncategorized

Холид Мишъал: “Урдуғон яке аз роҳбарҳои Ҷаҳони Ислом аст”

Холид Мишъал, раиси Дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии “Ҳамос” гуфт, ки Раҷаб Тайб Урдуғон, нахуствазири Туркия танҳо раҳбари Туркия, балки яке аз роҳбарони Ҷаҳони Ислом аст.

Ба гузориши “Аларабия”, ин суханони Мишъал дар ҷараёни сафари худ ба Анкара, барои ҳузур дар Конгресси Ҳизби адолат ва тавсиаи ҳоким дар Туркия ироа шудааст.

Ҳизби мазкур, ки роҳбарии онро Раҷаб Тайиб Урдуғон бар ӯҳда дорад, шуморе аз масъулони кишварҳо ва раҳбарони аҳзоби мухталфиро барои ҳузур дар Конгресс даъват кардааст. Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури Миср, Алғанушӣ, раҳбари ҲНИТ – и Тунис, раиси парлумони Ироқ, раисҷумҳури Қирғизистон ва бархе дигар аз шахсиятҳои бузурги дунё дар ин Конгресс ҳузур доштаанд.

Ба гузориши “Рейтерз”, Мишъал пас аз дидор бо Урдуғон ба хабарнигорон гуфт, ки Ҳизби адолат ва тавсиа чеҳрае рушан дар дунёи Ислом аст. Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури Мисл ҳам дар ҷараёни суханронии худ, дар ҷаласаи ифтитоҳияи Конгресси Ҳизби адолат ва тавсиаи Туркия ба бӯҳрони Сурия пардохт ва гуфт, ки ором нахоҳем нишаст, то замоне ки иродаи мардуми Сурия таҳқиқ нашавад, ба озодии худ даст ёбад ва ҳокимияти ин кишвар сарнагун шавад.

More From Author

You May Also Like