Хабаргузории «Озодагон» номаи ҷавобии генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба вакили дифои Шаҳбол Мирзоевро мунташир кардааст.
Дар нома гуфта мешавад, «роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Шуморо, таҳти №28 аз 04.04.2014 сол дида баромада, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар буҷаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохт намудани ҷуброни зарар ва расонидани ёрии моддӣ ба ҷароҳатбардоштагон ва осебдидагон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст».
Ҳамчунин дар мактуб гуфта мешавад, «табобати таъҷилии ҷабрдида сарбози қаторӣ Мирзоев Шаҳбол Нӯъмонович дар шӯъбаи ҷарроҳии асабӣ №2 Маркази миллии тиббии ҶТ аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ҳаматарафа аз ҳисоби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Минбаъд ҳам табобати консервативӣ ва табобати санаторию фароғатӣ барои барқароршавии саломатӣ, ки мутахассисони соҳавӣ тавсия додаанд, таъмин карда мешавад ва маблағи ҷуброни зарар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ҷудо карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ менависад, «вакили мудофеи Шаҳбол мегӯяд, ҳарчанд номаи ҷавобии генерал Раҳмоналӣ дар моҳи май наившта шудааст, аммо танҳо дар аввали моҳи июн дастраси ӯ шуд».