Имсол дар ҳамоҳангӣ бо боду ҳавои гармои тоқатшикани тобистон дар кишвар фазои таблиғотӣ алайҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ хеле тасфид. Ҳукумат ва ҳизби ҳоким тамоми васоили фишор ва воситаҳои таблиғотии дар ихтиёрдоштаашро бар алайҳи гурӯҳе аз шаҳрвандони мамлакат бо шевае, ки бӯйи бадаш димоғҳоро озурда месохт, истифода кард.
Аслан барномаҳои махсуси аксари шабакаҳои телевизион ва як қатор мақолаҳое, ки дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва қисмате аз нашрияҳои ба ном мустақил ва сомонаҳои интернетӣ ба чоп расиданд, як мақсад доштанд ва ин дар мағзҳои мардум ворид намудани шакку тардид дар мавриди Ислом мебошад. Дарвоқеъ, таблиғот мантиқи душмансозии мардум бар алайҳи таълимоти Худо ва тақсимкунии ҷомеъа ба гурӯҳҳои мухолифи якдигар ва бастани бадномии эҷоди ихтилоф ба пои Ҳизби Наҳзат ва чеҳраҳои бедори диниро дошт.
Рости гап, таблиғот бо оҳанги кинатузӣ ва услуби даҳсолаҳо қабл дар дигар кишварҳои мусалмоннишини дунявинизом таҷрибашуда идора мешуд. Аммо ғарази нопоки таблиғгаронро қишри ҳушёру фаҳмидаи ин марзу бум, ки ҷавҳари аслӣ ва сутунмӯҳраи миллату кишваранд, дар оинаи ақлу идроки солим равшану ошкор медиданд ва ба он ришханд мезаданд, чи расад ба зери таъсир қарор гирифтани онон. Танҳо андешаи касоне парешон гашт, ки содалавҳу зудбоваранд ва қобилияти ташхису бардошти дурустро надоранд ва дунболи ҳар ҳилагару найрангсози зоҳирфиреб медаванд.
Агарчи дар гуфтор аз миллати куҳанбунёди хеш, аз фарҳанги ғанӣ доштан, аз соҳибтамаддунӣ, аз… бисёр ёдовар мешавем, вале мутаассифона, зиндагӣ, тарзи муомала, муносибат бо худию бегона, сиёсатронӣ, мақомдориҳоямон акси даъвоҳои болоро нишон медиҳад. Зеро таблиғоти носуфтаву бепоя, ки бо дарназардошти манофеъи тангназарона даст ба он зада шудааст, аз сатҳи пасти фарҳанги сиёсатмадорону сиёсатшиносони таъсиррасон дар самтгириҳои ҳукумат бозгӯйӣ менамояд. Ва фарҳанги сиёсии мо фарҳанги бозиҳои кӯдаконаро мемонаду шеваи таблиғотамон оҳанги таъназании палонҷҳоро.
Дардовартар аз ҳама он аст, ки гурӯҳе аз уламои муҳтарами исломӣ низ ба ҷараёни таблиғоти носуфтаи ҳукумат алайҳи Наҳзат фаҳмида нафаҳмида ҳамроҳ шудаанд. Тибқи мушоҳидаҳо таблиғоти зиддинаҳзатии ҳукуматдорон хеле пеш шуруъ шуда буд, вале аз вохӯрии президенти кишвар бо уламои исломӣ обу ранги шаръӣ гирифт.
Барои ҳар мусалмони содиқ аламовар аз ҳама таклифҳои кӯркӯронаи муллоҳои расмӣ мебошад, ки бо супориши кормандони кумитаи дини кишвар ва дигар ниҳодҳои маълум навиштаҳои тайёрро дар ҳузури президенти мамлакат бо тантана мехонданд ва ба гумони он ки нақши барояшон таъиншударо “хуб” бозидаанд, ифтихор ҳам мекарданд. Аммо саҳнаи иҷрои супориш ва хорию зиллатпазирии онҳо, ки бозичаи дасти таблиғот алайҳи Ҳизби исломӣ қарор гирифта буданд, дили ҳар мусалмони баору номусро хун кард.
Аз саҳнаи мазкур байти шоир ба хотир меояд:
Гарчи бар лабҳои ӯ номи Худост,
Қиблаи ӯ тоати фармонравост.
Уламои исломӣ ба ҷои он ки паёми Худову Паёмбари гиромиро ба ҷаноби президенту намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ бирасонанд ва аз ҳақиқати Ислом ҳарф зананд, ё алал ақал аз мушкилоти масоҷид чизе бигӯянд, бозичаи дасти таблиғот алайҳи Ислому ҳизби исломӣ қарор гирифтанд. Агар ба сабаби узрҳои ба худашон маълум паём расонда натавонистанд, ба ҷои он ки бародарони динии худро неш зананд, ақаллан сукутро ихтиёр накарданд.
Ҳузнангезтар аз ин, дар ҳузури президент-кафил ва ҳомии Сарқонуни кишвар, аз бесаводии ҳуқуқияшон қонунҳои мамлакатро вайрон карданд, по ба ҳарими ҳуқуқии шаҳрвандон ниҳоданд, вале ба ҷои он ки аз ҷониби президент ҳушдор дода шаванд, як сару либос ва ваъдаи маоши ҳукуматӣ инъом гирифтанд.
Давом дорад…
Мавлавӣ Абдулҳайи Искандар