Categories Uncategorized

Харидани подшоҳе бо як пиёла об

Боре Шайх писари Самак (р) ба мулоқоти подшоҳе рафт. Баъд аз аҳволпурсӣ, подшоҳ як пиёла об ба дасти худ дошт ва ба Шайх гуфт, эй Шайх маро насиҳате кун. Шайх барояш гуфт, фикр кун ҳамин як пиёла обро, ки ба дастат дорӣ ба қиммати ҷонат тамом шавад (агар онро нанушӣ аз ташнагӣ бимирӣ), вале дар муқобил касе аз ту подшоҳиятро бихоҳад, кадом якро меписандӣ? Подшоҳ ҷавоб дод, табиист, ки ман пиёлаи обро аз тамоми пошоҳиям беҳтар медонам. Баъдан Шайх гуфт, пас ман ҳам ҳайронам, ки чаро бояд касе ба подшоҳӣ, ки ба як пиёла об арзиш надорад, мағрур шавад.
Ин воқеа баёнгари он аст, ки Худованд (ҷ) ба мо бо арзиштарин чизҳоро додааст, ки бо подшоҳӣ ё миллионҳо доллар муқоиса намешавад ….

More From Author

You May Also Like