Хатми давраи омӯзишӣ дар ҲНИТ

“Барои мову шумо лозим аст, ки бо тамоми мазоҳиб нуқтаи назари нек дошта бошем. Равобити бародаронаву дӯстона, ки Қуръони карим моро даъват мекунад: «Ба таҳқиқ Муъминон бародари ҳамдигаранд…» мо бо ҳам бародар бошем. Дигаронро танқид ва маломат накунем. Умедвор ҳастем, ки ҲНИТ, воқеъан таҷрибаи беш аз чиҳилсола дорад, ва нишебу фарози зиёдеро дар тамоми арсаи зиндагӣ аз сар гузаронидааст, ки ин чизро бародарон хуб дарк мекунанд. Мо дар асоси ҳуввияти миллӣ ва мазҳабии мавқеъгириҳо дорем, аммо аз ихтилофу тафриқа ва бадном кардани ҳамдигар канор мегирем.” – қайд кард муовини аввали раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ зимни суханрониаш дар давраи омӯзишие, ки 24.10.1014 дар дафтари марказии ҲНИТ тайи ҳафтаи сипаригадида анҷом ёфт.

Мавсуф дар ин нишаст бештар рӯйи ихтилофоту тафриқа, ки айни замон хело ташвишовар аст тамаркузи бештар намуда, гуфт, ки ин тафриқа ва ихтилофот ҳаргиз барои кишвар, ҳаракат ҳатто ба ҳамон ақидаи имонӣ ва эътиқодиамон ҳам ҳеҷ манфиате ба бор намеорад. Ҳамзамон ингуна ихтилофот ҳеҷ навъ мартабаву мақом бароямон касб намекунад. Балки баръакси ҳол қадру манзалати инсон аз даст меравад, агар сабаби эҷоди тафриқа ва мушкилот бошад ва бешак мавриди маломат қарор мегирад. Агар мову шумо кори некеро дар ҷомеъа анҷом додем, бояд яқин ҳосил кард, ки ин ифтихори тамоми аъзо, ва ҷонибдорони ин ҳаракати илоҳӣ хоҳад гардид, дар ғайри ин сурат ҳама бар акс хоҳад шуд. Пас ҳар узви ҳаракатро зарур аст, то амале анҷом диҳад, ки фикри ҳама мавриди назар қарор бигирад. Худо накарда, агар мову шумо ба ин ё он мазоҳиб, ки боиси ихтилоф дар ҷомеъаи мо мешаванд, пайравӣ кунем, пас аз панҷ ва ё даҳ сол пешвоёни он мазҳаб иддаъо мекунанд, дар ин муддат ниёзҳои зиндагии шуморо таъмин кардем, имрӯз бояд дар хидмати мо бошӣ. Он вақт ихтиёрро аз даст медиҳӣ, ки дигар суде надорад. Биноабр ин, агар мо дар ҳуввияти миллӣ ва мазҳабиамон устувор бошем, ҳеҷ кас кадом равияеро болои мо таҳмил карда наметавонад. Бо вуҷуди он ки мо бо ҳама дӯстиву рафоқат ва иртиботи бародаронаро барқарор хоҳем кард.

Мирзовалӣ Холов, яке аз ширкаткунандагони ин омӯзиш аз минтақаи Суғд зимни бардошти худ аз давраи омӯзишӣ гуфт, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Ҳар касе шукри мардумро накунад, шукри Худоро ба ҷой наовардааст». Барои якояки мо пӯшида нест, ки давоми як ҳафта устодон дар маркази ҳизб чи хидматҳое барои мо анҷом додаанд. Аввал аз номи худ сипас аз ҷониби якояки шумо барои ҳама устодон, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мову шумо камари ҳиммат бастанд, изҳори сипос ва ташаккур менамоям. Як чизро қайд кардан ба маврид аст, ки маъмӯлан мо тоҷикон агар дар ҳаққи як нафар дуъои хайр кунем, мегӯем Илоҳо садсола шавӣ, вале шариати Ислом арзиши зиндагии инсонро ба солҳои тӯлонӣ баҳо намедиҳад. Балки дар арзиш ва баракати умри инсон хидматҳои шоёни ӯро меҳвар қарор медиҳад. Бинобар ин, пас аз баргашт ба зодгоҳи худ ҳар чӣ аз ин устодони бузургвор ҳамчун амонат касб кардем, бояд бидуни хиёнат ба дигарон бирасонем.

Аз минтақаи Қурғонтеппа Абдуҷалилов Абдулвосеъ, ширкаткунандаи дигари ин давраи омузишӣ изҳор намуд, ки тайи ин чанд рӯз даври ҳам тақрибан 24 соат дар иҳотаи як фазои ирфонӣ будем, ки аз баёни фазилат ва баракати он изҳори оҷизӣ мекашам. Ҳар рӯз то оғози ин давра чун рӯз ба поён мерасид, аз гузашти рӯзҳои гузаштаи худ эҳсоси пушаймонӣ мекардам, зеро он рӯзҳо бидуни барнома сипарӣ мегардиданд. Вале тайи ин чанд рӯз, ки ҳатто хоби мо барномарезӣ шуда буд, барои ман бисёр пандомез ва таъсири хубе гузошт. Муҳимтрин бардошти ман ин истифодаи дуруст аз вақт буд, ки барои ҳар фарди солимақл басо муҳим аст.

Ҷамшеди Аҳмадзод, аз минтақаи Ёвон аз бардошти худ нисбати ин давра чунин ибрози андеша намуд, ки яке аз устодон бароям гуфт, агар хоҳӣ, ки камоли инсонӣ насибат гардад, ҳамеша талош кун, то сӯҳбати донишмандони комилро дарёб намоӣ, ман умед дорам, ки чунин неъмат шукри Худо тайи ин чанд рӯз насибам гардид.

Раиси шӯъбаи интихобот Воҳидхон Қосиддинов гуфт, ки аз ин ки тайи ин чанд рӯз вақти қимматбаҳои худро дареғ надошта бо сабру бурдборӣ даъвати моро пазируфтед, изҳори ташаккур менамоям, бояд қайд кунам, ин давра аз дигар давраҳои қаблӣ бо он фарқ мекард, ки назму низом хуб риоят мешуд. Риояи назму тартиб ҳар ҷо ки набошад боиси рушду тараққӣ ва ҳосил намудани истеъдод ва малакаи бештар хоҳад гардид.

Дар фарҷом барои якояки ширкаткунандагони ин давра «Сертификат» ва ҳадяҳои хотирмон тақдим гардид.

М. Асозода

More From Author

You May Also Like