Эътирозгарон ба хотири як ҷавони 25 солаи сиёҳпуст, ки тавассути полис дар Иёлоти Калифорния ба қатл расида назди сохтмони Шӯрои шаҳр ҷамъ омада, хостори иҷрои адолат шудаанд.
Ба гузориши “Мониторинги форс”, мардуми хашмгини яке аз шаҳрҳо дар Иёлоти Калифорния шаби гузашта чаҳорумин бор даст ба эътироз заданд, то дар қатли ҷавони 25 сола, ки тавассути полис ба қатл расидааст, адолатро риоя намоянд.
Эътирозгарон бо ҷамъ шуданашон назди сохтмони Шӯрои шаҳр борҳо шиъори “Бидуни адолат сулҳе дар кор нест” – ро сар додаанд. Гузоришҳо ҳокӣ аз онанд, ки полис барои ҷудо сохтани ҷамъияти эътирозгарон иқдом ба тирпаронии ҳавоӣ кардааст, ки дар натиҷа сабаби марги навҷавон мешавад.
Ин дар ҳолест, ки мардуми шоҳид бар ин назаранд, ки ҷавони 25 сола дар ҳоли гурехтан аз зарбу шиканҷаи полис қарор дошт, ки аз пушт ба тарафи тирпаронӣ шуда ва ӯро ба қатл расонидаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки тайи ҳамлаҳои солона дар иёлоти мазкур тақрибан 6 нафар ғайринизомӣ тавассути тирпаррониҳои полиси ин кишвар кушта шудаанд.