Эҳтимолияти мисли қабл ба даст гирифтани низоми давлатдорӣ аз суи артиши Покистон ошкору возеҳ аст, агар доираҳои сиёсии даъвогари «ҳақиқат ва адолат» сари мизи муколама ва музокира бо сарони ҳукумати феълӣ нашинанду мушкили феълии кишварро бо дарназардошти манофеъи умумимиллӣ пайдо карда натавонанд. Дар ҳоле ки худи артиш доир шудани чунин муколамаро аз ҷонибҳои қазия тақозо дорад.
Бале, хезиши мардумии гурӯҳҳои мухолиф бо Навоз Шариф, сарвазири Покистон аввалин ва бузургтарин вокунишест дар баробари ҳукумати феълии Покистон, ки ҳазорон нафар аз мухолифон бо роҳпаймоӣ ба суи парлумони ин кишвар равонаанд, то истеъфо рафтани сарвазирро «осонтар» намоянд.
Дар Покистон аъзои ҳукумат дар парлумони кишвар ҳам узвият доранд, мисли Тоҷикистони мо, ки иддае аз мақомоти баладпояи ҳукумат узви Маҷлиси Миллӣ ё палатаи полоии парлумонн мебошанд. Ҳамин аст, ки мухолифони Навоз Шариф талош варзиданду парлумонро ба муҳосира гирифта, монеъи вуруди хуруҷи аъзои парлумон шуданд. Аммо Навоз Шариф ва дигаре аз аъзои ҳукумат худро аз ин ҳолат берун бароварда тавонистанд.
Роҳпаймоии мухолифин то ба «хатти қирмиз» расид, маконе ки хос асту онро муҳимтарин марказ барои ниҳодҳои давлатӣ мегуянд ва сафоратхонаҳои хориҷӣ ҳам дар ҳамин минтақа қарор доранд.
Мухолифин танҳо як даъво доранд, Навоз Шариф сарвазири мунтахаб несту ҳукуматаш машруъият надорад, чун дар заминаи тақалуб ва фасоди интихоботӣ ҳизби «Муслимлик»-и ӯ ғолиб дониста шудааст. Яъне ҳукуматро тақалубӣ ва бо фасод омехта медонанд.
Додгоҳи олии Покистон имрӯз, 21-уми август ду сарвари гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Навоз Шарифро даъват карда, ки қасди аслии хешро дар мавриди роҳпаймоӣ ва хезиши майдонии мардум тавзеҳ бидиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҳир Қодирӣ, яке аз раҳбарони мухолифин аз ҳаводоронаш даъват ба амал оварда, ки дар ру ба руи идораҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла парлумон биистанд, вале вориди сохтмонҳо нашаванд.
Пас идома ва дурнамои қазияи хезишҳои мардуми баъд аз тасмими Додгоҳи олӣ рушантар мешавад, ки ба роҳпаймоӣ даст задаи мухолифин дар заминаи қонун ва воқеъиятҳои рӯз аст ё ғаразҳои хос….
Categories
ҶАҲОНИ ИСЛОМ