Categories Ахбори рӯз

Тафаккури ҷудоии «дин аз сиёсат» андешаи ғарбӣ ва ғайри исломист

Шайхулислом Мавлоно Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон бо ишора ба барномаҳои душманон барои нобудии Ислом ва берун рондани ин дин аз арсаҳои мухталифи иҷтимоӣ, тафаккури ҷудоии дин аз сиёсатро андешаи ғарбӣ ва ғайриисломӣ донистанд.

Шайхулислом дар хутбаи намози ҷумъаи гузашта, пас аз тиловати ояти “يُرِيدُونَ لِيُطْفِؤُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَاللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ”, “мехоҳанд нури Аллоҳро бо даҳонҳои худ хомӯш созанд ва Аллоҳ нури худро пурра месозад, агар чӣ кофирон дӯст надошта бошанд”, ба талоши душманон барои нобудии Ислом ишора карданд ва гуфтанд: “Душманон дар тӯли таърих ҳамвора дар талош буданд, то чароғи барафрӯхтаи илоҳиро хомӯш кунанд, вале ҳеҷ гоҳ натавонистанд ба таври комил ин чароғро хомӯш кунанд, агар чӣ миқдоре пешрафтаанд. Аммо Аллоҳи мутаъол дар ҳар замон ин нурро баргардонида ва онро ба пояи такмил расондааст.

Ишон дар идома ба даврони инҳитоти мусалмонон пас аз хайрулқурун ишора карданд ва хотирнишон намуданд: “Мутаассифона, пас аз сипарӣ шудани хайрулқурун ба мурури замон ғафлат бар мусалмонон торӣ шуд ва бахши бузурге аз ҷомеаи исломӣ дунболи хоҳишоти нафсонӣ рафта ва бо кутоҳӣ дар аъмол ва ахлоқ мувоҷиҳ шуд ва ҳамин ғафлат заминаи фаъолияти душманон алайҳи дини Исломро фароҳам намуд”.

Хатиби ҷумъаи Зоҳидон бо ишора бар бархе барномаҳои душманони Ислом афзуданд: “Душманони Ислом илова бар ҷангҳои физикӣ ва лашкаркашии низомӣ алайҳи кишварҳои исломӣ аз роҳи ҳамлаҳои фикрӣ ва иқтисодӣ низ тавонистанд бар ҷаҳони Ислом тасаллут пайдо кунанд. Онҳо талош мекунанд, то ҳамон тавре ки масеҳиятро дар калисо маҳдуд карданд, дини Исломро низ ба масҷид хулоса карда ва онро як масъалаи шахсӣ қаламдод кунанд, то бадин васила таъсири динро бар ҷомеа ва иҷтимо аз байн бибаранд.

Душманони Ислом таблиғоти васеъе роҳ андохтанд, ки дин набояд бо идораҳо, бозор, иҷтимо ва сиёсат иртибот надошта бошад ва дину сиёсат наметавонанд бо якдигар ҷамъ шаванд.

Мавлоно Абдулҳамид изҳор дошт: “ин таҳоҷуми фикрӣ ва фарҳангӣ на танҳо аз сӯи кишварҳои ғайрбӣ мутаваҷҷеҳи ҷаҳони Ислом шуд, балки тамоми давлатҳои истеъморӣ аз шарқ то ғарб дар ин замина бо якдигар ҳамсадо буданд. Русия, ки бахши бузурге аз кишварҳои исломиро бо ҳамлаи низомӣ ва фикрӣ тасарруф карда буд, дар таблиғоти худ бар таври куллӣ мункири вуҷуди Худо буд.”.

Ишон дар идома афзуд: “Мутаъассифона, бахши бузурге аз ҷомеаи исломӣ гирифтори ин таблиғоти фосид ва илҳодӣ шуд, ки динро ҷудо аз сиёсат медонистанд. Онҳо сиёсатро ба маънои “дуруғ” тафсир карданд ва таблиғ намуданд, ки сиёсатмадорон наметавонанд диндор бошанд, зеро бидуни дуруғ наметавон як кишварро идора кард, дар ҳоле ки сиёсати содиқона ва дуруст аз дин вуҷуд дорад. Дар тӯли таърих бисёре аз сиёсатмадорон бо ростӣ ва садоқат мамлакатро идора карданд. Бисёре аз анбиёи илоҳӣ аз ҷумла ҳазрати Сулаймон ва ҳазрати Довуд ва Расули акрам (с) ҳукумат карданд, аммо ҳатто як калимаи дуруғ бар забонашон ҷорӣ нашуд.”

Имомҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон изҳор доштанд: “Хулафои рошидин ва бисёре аз саҳоба, ки бар маснади қудрат қарор доштанд, ҳаргиз дуруғ нагуфтанд, балки ба беҳтарин шева ҳукумат карданд. Онҳо мусалмонони диндоре буданд, ки дар тамоми арсаҳои ҷомеъа ҳузур доштанд ва ҷомеъаро чунон мудирият карданд, ки ҷаҳони башарӣ аз овардани назири онҳо нотавон аст. Онҳо чунон сиёсате иҷро карданд, ки дар он як калима дуруғу нифоқ вуҷуд надошт”.

Хатиби Зоҳидон сиёсати Аврупоро “сиёсати мубтанӣ бар дуруғу нифоқ” тавсиф кардаанд ва гуфтанд: “Сиёсати дуруғин мутаъаллиқ ба Аврупо ва бархе аз ҳукуматҳои имрӯза аст. Сиёсати исломӣ сиёсати рост ва дуруст аст. Амонатдорӣ ва садоқат болотарин сиёсати Ислом аст. Тамаддуни исломӣ тамаддунест, ки дар он кӯчактарин доғе вуҷуд надорад”.

Ишон дар идома афзуд: “Душманони Ислом тамадуну сиёсати дуруғини худро бар Ислом таҳмил кардаанд, ва тамаддунеро, ки бар пояи бебандуборӣ ва дуру ва ҳазорон айб поягузорӣ шудааст, дар кишварҳои исломӣ оварданд, то тамаддуни поку беолоиши исломиро аз саҳна хориҷ кунанд. Ба ҳамин манзур афродеро, ки қаблан мағзҳои онҳоро шустушӯ дода буданд, ба тавре ки аз гирифтани калимоти исломӣ шарм доштанд, бар кишварҳои исломӣ ҳоким қарор доданд. Онҳо суннатҳои илоҳӣ, миллати мусалмон ва воқеъиятҳои ҷомеъаро нодида гирифтанд ва хостанд ба василаи ҳуккоми худфурӯхта ва мустабид, ки ҳаракатҳои исломӣ ва даъватгарро саркӯб мекарданд, кишварҳои исломиро идора кунанд”.

Мавлоно Абдулҳамид ба хезиши миллати мусалмон дар муқобили истибдод ва худкомагӣ ишора карда гуфтанд: “Мусалмонони ҷаҳон, ки ба шиддат мавриди таҳқиру тавҳин қарор гирифта буданд, ҳаракат карданд ва садои озодӣ сар доданд ва дар бисёре аз кишварҳои исломӣ хоҳони озодӣ аз истибдоду зулм шуданд ва хостори низоми исломӣ ҳастанд ва пешбинӣ ҳамин аст, ки хостаҳои барҳаққи миллатҳо, ки ҳамон иҷрои шариати исломӣ аст, ба пирӯзӣ хоҳад расид”.

Иҳонат ба муқаддасоти мусалмон, вокуниши Ғарб ба мавҷи бедории исломӣ аст

Имомҷумъаи Зоҳидон дар идома хотирнишон карданд: “Имрӯз бедории исломӣ бо чолишҳои гуногун мувоҷеҳ аст ва душманони Ислом ин бедориро ба ихтилоф, даргириҳои дохилӣ ва ифротгароӣ табдил доданд, аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки имрӯз ақшори мухталифи мусалмонон дар тамоми ҷаҳон бедор шуда ва ба сӯи Аллоҳ ва аъмоли исломӣ руҷуъ кардаанд, лизо мо хушбин ҳастем, ки ин бедорӣ бар масири худаш боз гашта ва ба пирӯзӣ мерасад”.

Ишон иҳонатҳои суратгирифта дар Ғарб ба муқаддасоти исломиро “вокуниш ба мавҷи бедории исломӣ” донистанд ва гуфтанд: “Иҳонатҳои суратгирифта алайҳи муқаддасоти исломӣ аз қабили Қуръону паёмбар (с) дар Ғарб, дар воқеъ вокунишҳоест, ки дар муқобили бедории исломӣ сурат мегиранд. Аммо онҳо намедонанд, ки ин қабил иҳонатҳо сабаби бедории беш аз пеши мусалмонон хоҳад шуд”.

Ишон ёдовар шуданд: “Беҳтарин роҳи муқобила бо душманони Ислом ва шод кардани рӯҳи Расули акрам (с) бозгашт ба Қуръону суннат ва таваҷҷуҳи содиқона аст. Касе, ки заррае ғайрати имонӣ ва исломӣ дар вуҷудаш бошад, дар чунин шароите тавба карда, дастуроти Қуръон ва суннатҳои он Ҳазрат (с)- ро дар зиндагии хеш пиёда хоҳад кард.

Мавлона Абдулҳамид дар идомаи суханони хеш бо ишора ба фаро расидани даҳаи “Фаҷр”, ваҳдату иҷрои адолат”-ро рамзи бақои инқилоби исломӣ донистанд ва хотирнишон карданд: “Ҳамон тавр, ки инқилоб исломии Ирон бо ваҳдат анҷом гирифт ва ба самар нишаст, бақои ин инқилоб низ бо ваҳдат имконпазир аст. Бояд ваҳдати ақвом, мазоҳиб ва ақшори мухталифи ҷомеа ҳифз шавад ва иҷрои адолат ва мубориза ботабъиз ва фасод метавонад ин ваҳдатро ҳифз кунад…

More From Author

You May Also Like