Хизматҳои роҳбари Наҳзат дар овардани сулҳ беназир аст

Банда, суханрониҳои чеҳраҳои сиёсӣ ва динӣ, аз ҷумла раиси шаҳри Душанбе, ҷаноби Муҳаммадсаид Убайдуллоевро дар маросими ҷанозаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р) аз навори филме тамошо кардаму сахт мутаассир шудам, ки чаро ҳарфи масъулини баландпоя дар минбарҳо хуб садо медиҳанд, вале амал чизи дигар аст?
Барои як ҷавони имрӯза маълум аст, ки устод Нурӣ хатмкардаи мактаби миёна дар совхози “Туркманистон”-и ноҳияи Вахш буда, ҳамзамон таълими диниро дар назди падари худ гирифтааст. Муддате ҳамчун муҳандиси заминченкун дар МБТИ-и шаҳри Қӯрқонтеппа кор карда, авохири солҳои 80-ум ва аввалҳои солҳои 90 масъулияти сардабирии нашрияи қозиёти ҷумҳурӣ бо номи «Минбари Ислом»-ро ба дӯш доштааст. Солҳои 1992-97 муҳоҷир дар Давлати исломии Афғонистон буда, Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистонро таъсис дода, чанде баъд роҳбари ИНОТ интихоб мегардад.
Тавре аз суханрониҳои ҷаноби Убайдуллоев маълум мегардад, устод Нурӣ раванди сулҳи тоҷиконро аз ҷониби нерӯҳои Иттиҳоди оппозитсияи тоҷик сарварӣ карда, дар имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ нақши муҳим бозидааст. Аз соли 1997 то 2001 раёсати Комиссияи оштии миллиро ба хубӣ уҳда карда, барои иҷрои ҳадафҳои олии сулҳ ва расидан ба ваҳдати миллӣ хизматҳои арзанда анҷом додааст. Ҳатто ҳангоми таҳдиди хатар ба амният ва тамомияти арзи Тоҷикистон аз сиёсати президенти ҶТ, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон пурра дастгирӣ намудааст.
Устод Нурӣ баъд аз интихоб шуданаш ба раисии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар соли 1999 барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва ободию оромии Тоҷикистон хизмати хешро давом медиҳад. Ӯ дар ин давра ба як шахси боэътимоди сиёсӣ табдил ёфта, риъоя аз қонуният ва фаъолиятро дар доираи Конститутсияи ҶТ вазифаи муҳимтарини ҳар шаҳрванд ва ҳизби сиёсӣ медонад. Фаъолияти ҷоннисорона ва холисонаи устод Нуриро ҳама дарк мекарданд ва Президенти ҶТ маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеъият ӯро баъд аз маргаш бо нишони “Заринтоҷ” мукофотонид.
Ин ҳарфҳои мухтасари тарҷимаиҳолии устод Нуриро аз суханронии ҷаноби Убайдуллоев ин ҷо гоҳе айнан ва гоҳе мазмунан иқтибос кардаам.

Мактаби Устод Нурӣ боқист
Аммо суханроние, ки Муҳиддин Кабирӣ, яке аз шогирдони вафодори устод Нурӣ ва имрӯз раҳбари ҲНИТ дар он рӯзи видоъ бо устоди хеш ироа дошта буд, қалбамро сахт такон доданд ва ҳоло онро айнан ин ҷо меорам.
“Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. “Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун», мо ҳама аз Худоем ва бозгаштамон ба сӯи Ӯст. Дирӯз қалби устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки моломол аз меҳри Худованд ва ватану миллат буд, аз тапидан боз монд. Имрӯз мотам аст барои ҳар касе, ки Тоҷикистон ва мардуми онро дӯст медораду барои сулҳу ваҳдати кишвар талош кардааст, имрӯз фоҷеа аст барои ҳар касе, ки ҳамроҳи Устод буд ва дар ин роҳи душвор гом бардошт.
Аз ин рӯ, ба тамоми мардуми кишвар ва сулҳҷӯёни дунёву дӯстони Тоҷикистон, ба аҳли хонадони Устод, алалхусус ба аъзову мухлисони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тасаллияти худро иброз медорам. Иншоаллоҳ, умед дорам, ки ин имтиҳони бузург ва ин рӯзи талхро паси сар хоҳем кард.
Дирӯз чанд соат қабл аз вафоти Устод мо ҷамъе аз бародарону пайравонаш шоҳиди видоъи ду бародар шудем, манзурам манзараи видоъи устод Нурӣ бо устод Ҳимматзода аст, ки ин як лаҳзаи хоси видои ду бародари насабӣ набуд, балки ду бародари ақидатӣ ва имонӣ буд, чунки бародарони насабӣ ба ин тарз видоъ намекунанд. Онҳо дасти якдигарро мебӯсиданд ва вақте устод Нурӣ талош мекард бо охирин нерӯи худ дасти устод Ҳимматзодаро бибӯсад, дасти ҳарду меларзиданд. Ин лаҳзаро бояд дид ва аз назар гузаронид.
Банда, пеш аз марги Устод аз номи ҳамаи шумо сароҳатан аҳд кардам, ки роҳи ҳақро идома хоҳем дод. Ин аҳд танҳо аҳди як нафар набуд, балки аҳди ҳамаи шумо буд ва дуъо мекунам, ки Худованд моро дар ин аҳд устувор нигоҳ дорад.
Ин чӣ роҳест, ки мо аҳд кардем ва ин чӣ мерос аст? Ин дӯст доштани ватани азиз ва муҳаббат доштан ба миллат аст, аз ҳама муҳим нигоҳ доштани он меросест, ки устод Нурӣ барои мо гузоштанд. Ҳифзи аҳду паймон дар баробари сулҳу ваҳдате, ки мо ба ин роҳ содиқ хоҳем монд.
Устод ҳаёти худро нисори чанд ҳадаф кард ва ба ҳадафи ниҳойии худ ҳам расид, ки ин сулҳу ваҳдат ва таҳкими истиқлолият буд. Шояд дар замонҳои Шӯравӣ касе дар фикри истиқлоли Тоҷикистон набуд, вале бори аввал ин марди Худо шуруъ кард ба роҳандозии як раванде, ки андешаи истиқлолхоҳиро дар зеҳни мардум ҷой мекард. Бидуни муболиға ва зиёдагӯӣ банда Устодро дар нимаи дуюми асри ХХ ягона нафаре медонам, ки барои истиқлолхоҳӣ вориди зиндонҳои Шӯравӣ гардид ва чанд соли ҳаёти худро дар Сибириё гузаронид. Шояд он афсаре, ки дар он солҳо ба дасти Устод завлона зад ва бо супориши мақомот чанд грамм маводи мухаддирро ба ҷайбаш андохт, бо чӣ инсоне сару кор доштани хешро намедонист. Вале агар онҳо имрӯз дар байни мо ҳастанд, дониста бошанд, ки устод Нурӣ онҳоро бахшидааст, чунки бахшидан ин фарҳанги сиёсии Устод буд. Бахшидани ӯ буд, ки мо ба сулҳ расидем ва ба шарте, ки дар Тоҷикистони азиз ҳеҷ кас барои андешаи озод, барои афкори сиёсӣ ва фарҳангиаш дигар вориди зиндон нашавад. Агар амали онвақтаро устод Нурӣ бахшид, вале дигар Худои устод Нурӣ намебахшад, чунки мо барои ин сулҳу ваҳдат қурбонии зиёд додем. Қаблан дар ин ҷо қайд шуд, ки устод Нурӣ дар ҳамин ҳафта, яъне 20 сол пеш вориди зиндон шуда буд ва имрӯз устод Нурӣ аз зиндон озод аст, ӯ аз мо озодтар аст, чунки аз зиндони ин дунё озод шуд. Худо кунад, ки дигар ҳеҷ кас аз пайравонаш ба ин рӯзҳо нарасад.
Устод Нурӣ дар шахси худ як пояи сулҳ буд, вале мутмаинам, ки бо рафтани ӯ сулҳ халалдор нахоҳад шуд, чунки меросе аз худ ба ҷои гузошт, сутуни мустаҳкамеро дар шахсияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон боқӣ гузошт. То он рӯзе, ки ин ҳизб пойдор аст, сулҳ ва ваҳдати миллӣ низ пойдор хоҳад монд.
Дар охир, ба ҳамаи шумо изҳори миннатдорӣ мекунам аз номи роҳбарият ва аъзои ҲНИТ, ба хусус ба Президенти муҳтарами кишвар барои он некиҳое, ки дар ҳаққи роҳбари мо карданд, аз рӯзи аввали беморӣ дар паҳлуи Устод буданд, дилбардориву кумакҳои маънавии ишон ба устод Нурӣ нерӯи тоза бахшиданд. Борҳо Устод ин нуктаҳоро таъкид мекарданд ва ният доштанд, ки дар дидору мулоқоти охирин бо раисиҷумҳур бори дигар такрор кунанд, вале аҷал имкон надод.
Банда ба ҷои ӯ ин амонатро бори дигар ба президент мерасонам ва ба он бузургоне миннатдорӣ изҳор медорам, ки ба ин ҷо қадам ранҷа карданд аз тамоми манотиқи кишвар.
Як гуфтании дигар ба аъзои ҲНИТ дорам, ҳамон суханоне, ки ду соат баъд аз вафоти Устод дар манзилашон ба дӯстон гуфтам. Агар пайвастани шумо ба ин роҳ ба хотири Устод буд, дониста бошед, ки ӯ рафт. Агар ба хотири Худои устод буд Ӯ абадист. Агар ба хотири миллати Тоҷикистони азиз аст, ки устод дӯсташ медошт, иншоаллоҳ то рӯзи қиёмат ин миллат боқист. Ва он сутуни мустаҳкам, ки ҲНИТ аст, фаъолияти худро тибқи гуфтаҳои Устод идома хоҳад дод. Агар ба хотири ин аст, пас мо бо шумоем.
Ташаккури зиёд ба ҳама ва дар охир аз Худованд таманно дорам, ки Устоди азизро дар қатори анбиёву авлиё рӯзи қиёмат шафеъ ва дастгири мардуми Тоҷикистон бигардонад. Аз ӯ хоҳиш мекунам, ки дар ин сафари охират, ин миллати азизро, ки дӯсташ медошт, дар рӯзи қиёмат дасти шафоъат дароз кунед, чун воқеан мо ниёз ба дасти шафеъи Шумо дорем. Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров, даргузашти устод Нуриро талафоти бузурге барои тамоми мардуми Тоҷикистон донист ва ин талафотро дучор шудан ба андуҳ аз президент то шаҳрванди одии кишвар арзёбӣ карда, аз хидматҳои бузурги устод Нурӣ ёдовар шудааст. Ҷаноби Зуҳуров ҳарфи ҷолиберо аз қавли ҷаноби Раҳмон ироъа дошта, ки «ман як марди нуронӣ ва тоҷики асилро дарёфтам ва боварӣ аст, ки мо ба сулҳ мерасем».

Солеро соли Устод Нурӣ эълон бидорем
Ишон зери раёсати устод Нурӣ дар КОМ фаъолият доштанашро низ ба ёд оварда гуфтааст: Баъди имзои шартномаи сулҳ вазифа амалӣ кардани он дар ватан меистод ва дар он рӯзҳо ҳар нафаре роҳбарии КОМ-ро ба зимма гирифтан наметавонист, аммо ӯ ин корро кард. Дар ба сулҳ расидани Тоҷикистон ва сарҷамъии мардуми тоҷик, дар кушодани гиреҳҳои сарбастае, ки баъди ҷанг пайдо шуда буданд, ба прездент кумаки хеле ва хеле зиёде кард…. Устод Нурӣ дар давоми 10-15 соли охир барои Тоҷикистон корҳоеро карданд, ки абадӣ дар дили мардуми кишвар ва берун аз он боқӣ хоҳад монд.
Бубинед, мо, мусалмонони Тоҷикистон чандин сол аст, ки аз сулҳу ваҳдат ҳарф мезанем, аммо аз он рӯзе ки устод Нурӣ дунёи фониро тарк гуфт, дар кадом ҷашнгирие нашунидаем, ки ҳукуматдорон ҳарфе дар бораи ин марди наҷиб, ки хизматаш беандоза аст, гуфта бошанд. Тамоми ваҳдатгӯиҳо ва ҳифзи истиқлол аз файзи дастони мубораки ӯст, пас бояд дар мавриди хизматҳои ин марди Худо ва ҷойгоҳи ӯ дар афкори ҷомеъа солеро соли устод Нурӣ эълон намоем, то ҷомеъа ба дурустӣ бифаҳмад, ки Эмомалӣ Раҳмон раҳбари як ҷониби сулҳ будаасту устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ роҳбари ҷониби дигари сулҳ. Агар инро ҷавонони имрӯз нафаҳманд, маънии сулҳ нокомил ва бо кӣ сулҳ кардани ҷаноби Э.Раҳмон номаълум боқӣ мемонад.
Оё суханони мардони сиёсате, ки дар маросими ҷанозаи устод Нурӣ изҳор доштанд, қатрае буданд аз баҳр. Магар ҳукуматдорони мо намехоҳанд мардум бидонад, ки муҳоҷирин баъд аз имзои созиши сулҳ сарбаландона ба ватан баргаштанд, он ҳам бо талошҳои пайгиронаи устод Нурӣ. Оё ба мантиқи гузоришҳои радио ва телевизионҳои ҳукуматӣ бовар кардан мумкин аст? Гӯё сулҳро ҷаноби Э. Раҳмон оварда бошаду бас, вале аз номи ин марди наҷиб, устод Нурӣ касе чизе намегӯяд. Чаро дар замони беморӣ ҷаноби Э.Раҳмон ба аёдати ишон рафт, вале имрӯз ҳамчун имзокунанда дар радифи имзоҳои худаш аз ӯ ёд намекунад? Магар ваҳдати сиёсиро ҷаноби Э.Раҳмон бо ИНОТ, ки ҲНИТ дар меҳварияти он қарор дошт, ба даст наовард? Оё нафареро, ки ҳанӯз дар мулоқоти аввалин сифати нек кардӣ ва дар анҷоми мавзӯъҳои муколама ва музокирашуда, бо ҳам имзо гузоштӣ, фаромӯш кардан мумкин аст? Дар ҳоле ки машруъияти ҳукумат, танҳо дар заминаи чунин созиш ба даст омада буд. Оё сухан гӯфтан дар ҳаққи чунин як чеҳраи миллӣ магар гуноҳ аст?
Истиқлолияте, ки имрӯз бо тамоми вуҷуд ва хурсандиву хушҳолӣ аз он ҷашн мегирем, неъмати худовандист, ки тавассути устод Нурӣ барин чеҳраҳои миллӣ ба даст овардаву ҳифз шудааст. Тавре волидайни мо мегӯянд ва аз навиштаҳои коршиносон маълум мегардад, дар замони Шӯравӣ, ҳатто дар авохири солҳои 80-ум ҳам касе дар фикри истиқлолият набуд, лекин ин марди зиндадил ва равшанфикр барои миллати худ истиқлолият мехост ва афкори мардумро бедор мекард. Ҳамин буд, ки ӯро ба зиндон бурданду оқибат мардум озод шуданд.
Ба гуфти роҳбарияти ҲНИТ, агарчи ҳизби онҳо мисли ҷумҳуриҳои соҳили Балтик дар референдуми баргузоргаштаи вақт ҷонибдори пароканда шудани Шӯравӣ буд, вале ин ниятро ошкор карда наметавонист, вале ҳаводорони ин ҳаракати илоҳӣ хилофи шӯравӣ овоз доданд. Овоз додани ҳаводорони Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба хотири расидан ба истиқлолият буд, вале имрӯз мисле ки аз истиқлолияти ба дастовардаи худ маҳруманд.

Ҷавонмардии Устод Нурӣ фаромӯшношуданист
Шоҳиди он будам, дар мактаби миёна ва ҳар ҷои дигар ҳам, ки вақте дар мавриди истиқлолият сухан мекунанд, ин дастовардро ба соли 1991 марбут медонанд, вале на ҳама ба ин боваранд, пас истиқлолият гуфтан аз дурӯғ гуфтани онҳо беш нест. Дар мактаби миёна мавзӯи “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ”-ро дар синфқи 11 бояд иншо менавиштем. Ман мехостам ҳақиқати корро дониста бошам чун дар он замон на ҳизберо медонистаму на чунин як шахсиятеро низ намешинохтам. Аз шунидани ибораи “роҳбари мухолифини тоҷик ё оппозитсия” нороҳат мешудам, махсусан дар рости номи устод Нурӣ, чунки намедонистам мухолифин ё оппозитсия чӣ маъно доранд. Лек имрӯз ба дарки он расидам, ки ҳар касе дар мансаб ҳаст, тамоми хубиҳоро ба ӯ рабт медиҳанду дар таърифу тавсифи Наҳзати Исломӣ ва шахсияти устод Нурӣ сухан кардан меҳаросанд. То имрӯз дар донишгоҳ танҳо аз як устоди худ ки дарси таърихи тоҷик медиҳад, номи устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро бо шеваи гуворо шунидаам, ки то қиёмат фаромӯшам намешавад, ки гуфта буд: “Дар сулҳи Тоҷикистон саҳми ҷаноби устоди шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ басо калон аст”. Ӯ дар ҷумлаи истифода кардааш аз “шодравон” низ истифода кард. Вале имрӯз ғайр аз наҳзатиҳо аз забони каси дигаре намешунам ва ин номи зебо ва гувороро. Тавре раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, Раҳматиллоҳ Зойиров дар ҷашни 40-солагии ҲНИТ гуфт, бе иштироки устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин сулҳ имкон надошт.
Воқеъан, чунин аст, зеро банда бо яке аз шахсони муҳоҷир дар Афғонистон суҳбат доштам, аз ӯ маълумам гашт, ки сулҳ барои онҳо имконнопазир будааст. Ҷои пинҳон кардан нест, онҳо низ дар он вақт ба як ҳукумати дар табъид буда мубаддал шуда буданд. Хидматҳое, ки устод Нурӣ дар ҳаққи муҳоҷирин кардааст, ҳамаро мафтун сохта, омода буданд, ки ҷонашонро барои озодии кишвар ва ин марди наҷиб қурбон кунанд.
Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ на хона гуфту на зану фарзанд, балки ҳамаи талошро баҳри ин миллати муҳоҷир сарф кард, лекин баъзеҳо дар пасманзари ин заҳматҳо хиёнатро нисбати ин ҳаракати илоҳӣ ва арвоҳи ин марди Худо раво диданд.
Шахсан, ман дар симои ин ҳизб ва шахсиятҳои он як нерӯи поки рӯҳонӣ ва сиёсӣ, дилсӯзи миллату давлати Тоҷикистонро мебинам, хусусан сабуриву таҳаммулпазирии онҳо ҳамаро мафтун ва ҳайрон сохтааст, ки ин ҳама ба мактаби устод Нурӣ вобаста аст, ки аз решаи Ислом об мехӯрад.
Банда, ба ин боварам, ки баъди ин ҳама имтиҳонҳои илоҳӣ, ин ҳизб ба мақсад мерасад. Иншоаллоҳ, боварии комил дорам, ки оқибати ин роҳ ба хайр аст, чунки ҳамон роҳест, ки Пайғамбари мо (с) 1440 сол пеш онро ихтиёр кард ва он то охирзамон боқист.
Дар охир гуфтаниам, саҳми Наҳзати Исломии Тоҷикистон, махсусан роҳбари он, ҷаноби устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нуриро набояд нодида гирифту бо онҳо душманӣ кард.

Ҳомидуллоҳи Иззатуллоҳ,
махсус барои “Наҷот”

More From Author

You May Also Like