Categories Ахбори рӯз

Хитоб ба А. Сисӣ: Ту қотил ва фашистӣ

Хитоб ба А. Сисӣ: Ту қотил ва фашистӣЯк
зани ҳиҷобдор дар конфронси 
матбуотии
муштараки Садри аъзами Олмон ва раиси ҷумҳури кудатогари Миср дар Берлин, Абдулфаттоҳ
Сисиро фашист ва қотил хонд.

Ба
иттилои расонаҳо ин зан Фаҷр Одилӣ, як ҷавондухтари мисрӣ, худро
хабарнигор муаррифӣ намуда, ба конфаронси хабарии муштараки сарони ду кишвари
роҳ пайдо кардааст. Ӯ дар ҳузури ҳама
бо садои баланд Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури кудадогари Мисрро фашист ва қотил номидааст, хабар
медиҳад, хабаргузории “Суннӣ-нюс”. Гуфта мешавад, ки ин зани ҷавон дар шаҳри Мойнтеси Олмон дар риштаи пизишкӣ таҳсил
мекунад.

Лозим
ба ёдоварист, ки Абдулфаттоҳ Сисӣ ба нақзи шадиди ҳуқуқи башар дар кишвараш муттаҳам
аст. Нурберт Ломерт, раиси маҷлиси Олмон, ки аз дидор бо Сисӣ худдорӣ
кард, бо лаҳни интиқодӣ нисбат ба вазъияти сиёсии
Миср гуфт, ки умедвор буд, ки парлумонҳои ду кишвар битавонанд ҳамкориҳо дошта
бошанд, аммо ба гуфтаи ӯ дар ҳоли
ҳозир дар Миср на маҷлис вуҷуд дорад ва на умеде барои як интихоботи парлумонӣ.
Ломерт меафзояд, ба ҷои интихобот гурӯҳҳои мухолиф
таҳти таъқиб қарор мегиранд, шумори зиёде зиндонӣ шуда, аҳкоми эъдоми зиёде дар ин кишвар содир мешавад. Франсиско
Бронтар, намояндаи ҳизби Сабзҳои Олмон низ аз даъвати Сисӣ ба Олмон интиқод кардааст.

More From Author

You May Also Like