Ҷаҳди фиръавнӣ чу
бетавфиқ буд,
Ҳар чӣ ӯ медӯхт,
он тафтиқ буд.
Чун талоши
Фиръавн, беҳуда буд, ҳар чӣ медӯхт аз ҳам гусаста, пора пора мешуд
(тафтиқ-шикофтан).
Аз мунаҷҷим буд
дар ҳукмаш ҳазор,
В-аз муаббир низ,
соҳир бешумор.
Ҳазорҳо
ситорашинос ва теъдоде бешумор таъбиргӯи хобу ҷодугар дар таҳти фармони Фиръавн
қарор дошт.
Мақдами Мусо
намудандаш ба хоб,
Ки кунад Фиръавну
мулкашро хароб.
Дар олами хоб ба
Фиръавн хабар хабар дода шуд, ( ки бу зудӣ ҳазрати Мусо (а) зода хоҳад шуд ва ӯ
яъне Фиръавн ва ҳукуматашаро нобуд хоҳад кард.
Бо муаббир гуфту
бо аҳли нуҷум,
Чун бувад дафъи
хаёлу хоби шум.
Фиръавн хоби
худро барои хобгузорон ва мунаҷҷимон бозгӯ кард ва аз онҳо пурсид, чӣ гуна
мешавад ин хоби шумро хунсо кард?
Ҷумла гуфтандаш,
ки тадбире кунем,
Роҳи зоданро чу
раҳзан мезанем.
Муаббирону
мунаҷҷимон дар посӯх гуфтанд: эй подшоҳ, тадбире хоҳем андешид ва роҳи Мусоро
монанди роҳзанон мебандем.
То расид он шаб,
ки мавлид буд он,
Рой ин диданд он
фиръавниён.
То ин ки шаб фаро
расид, он шаб шаби инъиқоди нутфаи ҳазрати Мусо (а) буд. Онҳо ба иттифоқи оро
ин чораро андешиданд.
Ассало, эй ҷумла
исроилиён,
Шоҳ мехонад
шуморо аз макон.
Бонг ҳамезанед,
ки эй қавми бани Исроил, Фиръавн ҳамаи шуморо фаро мехонад, аз маконҳои худ
берун оед ва бишитобед.
То шуморо рӯ
намояд бе ниқоб,
Бар шумо иҳсон
кунад баҳри савоб.
То Фиръавн бе
дарбон ва монеъ, худро бар шумо нишон диҳад ва барои савоб ба шумо иҳсон кунад.
К-ин асиронро ба
ҷуз дурӣ набуд,
Дидани Фиръавн
дастурӣ набуд.
Зеро бани Исроил,
ки асири қудрат ва ҳукумати Фиръавн буданд, ҳамеша аз ӯ дур буданд ва ҳеҷ гоҳ
иҷоза надоштанд, ки ба ҳузури ӯ бирасанд.
(Аз Маснавии
маънавӣ, идома дорад).