Categories Ахбори рӯз

“Бузургдошти шуҳадо” дар Кӯлоб

Тибқи барнома, масъулини шуъбаи ҳизб дар Минтақаи Кӯлоб тасмим доранд, ки санаи 27 марти соли равон семинаре таҳти унвони “Бузургдошти шуҳадо” баргузор кунанд.

Дар ин бора Муҳаммадшарифи Набӣ, раиси шуъбаи ҳизб дар Минтақаи Кӯлоб хабар дод. Ба гуфтаи раиси шуъба, дар назар аст, ки дар семинар суханронӣ ва ёдоварӣ аз шуҳадое мешавад, ки ҷони худро барои миллату дин нисор кардаанд. Ва фарзандони шаҳидонро низ дар семинар қадрдонӣ интизор аст.

Ҳамзамон раиси шуъба мегӯяд, ки рӯзи 26 март семинари дигаре таҳти унвони “Таҷлили ҷашни Наврӯз”, ки дар он Мукаррама Ҳабибова, масъули бонувони шуъба суханронӣ хоҳад кард.

More From Author

You May Also Like