Хабари марги Баҳромиддин Шодиев имрӯз аксарияти хонандагони сомонаҳои интернетро нороҳату хашмгин кардааст. Зеро Баҳриддин ба иттиҳоми дуздӣ аз тарафи неруҳои пулиси ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуд ва баъди як рӯз ба беморхона мунтақил гардид. Дар беморхона баъди чанд рӯз даргузашт. Неруҳои пулиси ноҳияи Шоҳмансур мегӯянд, ки Баҳромиддин худро аз ошёнаи дуввум партофтааст. Аммо хонаводаи ӯ инро бовар надоранд.
Ин ҳодисаро хондаму беихтиёр достони ҷавони мисрие ба ёдам омад, ки сабаби оғози инқилоби Миср шуда буд. Холид Саид як ҷавоне, ки дар шаб дар як интернеткафе машғули кор бо интернет буд, ки неруҳои пулиси Миср вориди онҷо шуданд. Пулисҳо ӯро таҳқир кардан два ӯ танҳо аз онҳо мепурсад, ки барои чӣ мезанед ва чаро маро таҳқир мекунед. Пулисҳо аз ин «густохии» Холид ба ғазаб меоянд ва ӯро зери мушту лагад мегиранд. Ӯро онқадар мезананд, ки баробари расидан ба беморхона ҷони худро аз даст медиҳад.
Ҳангоме, ки ӯро латукуб мекарданд каси дигаре ин саҳнаро бо телефон сабт мекунад ва дар саҳифаи «феёсбук» мегузорад. Мардуми Миср ин лаҳзаро дида ба ғазаб меоянд. Дар ҳамин ҳол ҷавонони мисрӣ дар шабакаи «Фейсбук» саҳифае боз мекунанд ба унвони «куллуно Холид Саид» яъне ҳамаи мо Холид Саид ҳастем. Ҷавонон дар ин саҳифа онқадар ҷамъ шуданду бо ҳам суҳбат карданд, ки заминаи хезиши мардумӣ дар ин кишвар фароҳам омад. Дар натиҷа бо як баҳонаи хурдакак ҳама ба хиёбонҳо рехтанд ва низомеро, ки неруи пулисаш аз артишаш ҳам бештар буд, сарнагун карданд.
Албатта инро барои он овардам, ки масъулони муҳтарами мо аз ингуна ҳодисаҳо ибрат бигиранд. Бидонанд, ки сабри мардум ҳам андоза дорад ва ин амалҳо бар зарари миллат ва давлати мо ҳастанд.
Аз тарафи дигар аз чунин иқдомҳо буи баде ба машом мерасад. Ба назар мерасад касоне мехоҳанд вазъиятро ба самте бибаранд, ки мардум маҷбур шаванд то амалеро анҷом диҳанд. Аз онҷое, ки ин дуввумин ҳодиса аст, ки аз суи неруҳои пулис ба вуқуъ мепайвандад, эҳтимоли дасиса будани ин амал бештар мешавад. (Чанде пеш Сафаралӣ Сангов низ ба чунин сарнавишт дучор шуда буд.) Зеро касоне, ки барои ин давлат ва миллат хидмат карданӣ бошанд, коре намекунанд, ки мардум аз неруҳои аслии таъминкунандаи амнияти кишвар нафрат пайдо кунанд. Ин амалҳо эътимоди мардумро ба ин неруҳо аз байн мебарад.
Нуктаи дигаре ҳам, ки бояд ба он диққат карда шавад шароити иҷтимоии мардум аст. Яъне вақте теъдоди бекорон ва бесаводон дар ҷомеа бисёр мешавад, ҷурму ҷиноят ва махсусан дуздӣ ҳам бештар мешавад. Ҳадди ақал варзишгоҳҳои бепул дар марокизи шаҳр ва дар боғҳо вуҷуд надоранд, ки ҷавонон вақтҳои холии худро дар онҷо бигзаронанд. Ҷои кор ҳам нест. Барномаҳои дурусте барои ҷалби мардум ба мутолиа ва фаъолиятҳои фарҳангӣ ҳам вуҷуд надорад. Шароити бад ва муҳити носолим онҳоро ба самти ҷурму ҷиноят тела медиҳад. Агар ин ҳамаро дар назар бигирем, боз ҳам мебинем, ки то ҳудуде дар сар задании ин амалҳо давлат ҳам муқассир аст
Аммо бо камоли таассуф бояд бигӯям, ки имрӯзҳо дар кишвари мо шудааст, ки ҳар мушкилеро бояд аз тариқи зурӣ ё қонун рафъ кунанд. Ҳеҷкас ба фикри решаёбии мушкилот нест. Танҳо мехоҳанд онро манъ кунанд. Аммо дар асл ин амал мушкилро бештар мекунад ё онро аз назарҳо пинҳон мекунад ва ин хатарнок аст. Зеро дар ҳолатҳои дигар ва бо равишҳои комилан ғайри қонунии дигар он мушкилот буруз хоҳанд кард. Пас бояд дар равиши бархурд бо мушкилот таҷдиди назар шавад. Расонаҳои давлатӣ бояд дар ин амал ба таври дуруст истифода шаванд. Шароити иҷтимоии мардум беҳтар карда шавад. Шароити солими тафреҳ ва варзиш барои ҷавонон фароҳам оварда шавад. Дар он сурат шояд битавон каме мушкилотро камтар кард.
Дар ғайри ин сурат равиши пешгирифтаи неруҳои пулис дар миёни мардум ба ҷуз нафрат чизи дигареро ба вуҷуд нахоҳад овард ва ба нафъи амнияти миллат ва давлат нахоҳанд буд.