Categories Uncategorized

М. Орзу: Носеҳ ҳам ниёз ба насиҳат дорад

Муҳаммадкарими Орзу, ҷонишини раиси ҲНИТ

nahzat.tj


Вазифаи як мусалмон насиҳат кардан ва ҳамчунин пазируфтани насиҳати дигарон аст. Бояд фаҳмида бошем, ки Ислом қабул надорад он тарзеро, ки ҳамеша иддае носеҳ бошанду иддаи дигаре насиҳатшунав. Ҳар касе насиҳатгар аст, насиҳатшунав низ ҳаст ва ҳамчунин баръакс.

Албатта, дар ин маврид Паёмбарон (а) истисноянд, зеро онҳо бештар ба унвони насиҳатгар матраҳ буданд, на ин ки насиҳатшунав бошанд. Онҳо ниёзе ба насиҳати дигарон надоштанд, вале ҳаргиз худро аз насиҳат бениёз талаққӣ нанамудаанд.

Дар сураи «Мулк» омадааст: «Агар мо насиҳатшунав ва ё аҳли андеша будем, ҳаргиз аҳли дӯзах набудем». Дар қиболи ин мушкилоти дӯзахиён дар дунёи фонӣ ин буда, ки на ба насиҳати касе гӯш медоданд ва на аз ақлу хиради худ истифода мебурданд. Маҳз ҳамин боис гашта, ки эшон иштибоҳ намоянд, даст ба хато бизананд ва саранҷом аз аҳли дӯзах бигарданд.

Ҳол он ки инсон бояд дониста бошад, ки ҳамеша мӯҳтоҷи насиҳат аст, ҳатто ононе ,ки дигаронро насиҳат мекунанд ва талаб мекунанд, ки ба насоиҳи ӯ гӯш диҳанд, низ ниёз ба насиҳат доранд. Агар инсон танҳо насиҳатгар бошад ва аз шунидани насиҳати дигарон бениёзӣ зоҳир кунад, ба ҳоле гирифтор мешавад, ки дар боло бо овардани ояе ишора намудем.

Агар рисолати умдаи Паёмбарон (а) насиҳат кардан бошад, пас рисолати асосии ҳар як уммат шунидани насиҳат аст. Бинобар ин, инсон бояд дили худро барои шунидани насиҳат боз намояд ва аз хайру баракати насоеҳи дигарон баҳраманд гардад.

Дар истилоҳи имрӯза калимаи «интиқод» хеле маъмул шуда, ба ҳадде ки ибораи дигаре низ ба маънои «интиқоди созанда» ба миён омада. Интиқод айб ва камбудиҳои шахсро бармало кардан ва хубро аз бад ҷудо намудан аст, новобаста аз он ки камбудӣ; ахлоқӣ бошад ё иҷтимоъӣ ва сиёсию фарҳангӣ.

Вале дар Ислом наққодӣ надорем, балки насиҳат дорем. Ба ҷойи вожаи «нақд» «нусҳ» истеъмол мешавад ва ин фарҳанги хосси Ислом аст. Нақд – тахриб ва насиҳати созандагист. Бо нақд шахсро хароб мекунед; нақд кибру ғурури касро бармеангезад, зеро яке аз аҳдофи нақд вайрон намудани тарафи муқобил аст, вале насиҳат ҳамеша хайрхоҳӣ ва хайрандешӣ будааст.

Ҳазрати Нӯҳ (а) ба қавми хеш мегӯяд: «Агар ман ҳам иродаи насиҳати шуморо намоям, насиҳатҳои ман барои шумо фоидае надорад, дар сурате ки Худованд шуморо гумроҳ карданист. Ӯ Парвардигори шумост ва бозгашти шумо ба тарафи ӯст.»

Инро баъди насиҳати тӯлонӣ бо истифода аз асолиби гуногун гуфт. Шикояти ӯ аз ин буд, ки насиҳаташро қабул намекунанд ва ин шикоят худ навъе аз насиҳат аст. Дар ин ҷо насиҳатгар мушкил надоштааст, балки фазои он рӯз чунон буда. Инсон агар эҳсоси ниёз ба чизе накунад, дунболи он чиз намегардад.

Онҳоеро, ки кофир шудаанд, чӣ насиҳат кунӣ ё накунӣ, дигар онҳо имон намеоранд. Худованд бар дилу гӯши эшон мӯҳр задааст ва дар чашмони онҳо парда аст.

Инсон табиатан эҳсоси бениёзӣ мекунад. Насиҳат бошад, чун неши сӯзан аст. Дар ҳамин ҳол, агар инсон бидонад, ки дар насиҳат баракат ва хайр аст, аз он лаззат мебарад.

Паёмбар (с) мефармояд: «Инна дина ан-насиҳат», яъне дин насиҳат додан ва насиҳат гирифтан аст.

Бинобар ин, роҳбарони мусалмон ниёз ба насиҳат доранд. Мо, ки хайри онҳоро мехоҳем, аз насоеҳи мо нороҳат ҳам мешаванд ва шояд мушкилотеро бар сари мо биёранд, вале мо наҳаросем, зеро билохира эшон моро мефаҳманд.

Насиҳат талх аст ва ҷуз соҳибони азм онро намепазиранд, дар ҳоле ки пазируфтани насиҳат нишонаи қудрату қувват аст, на заъф.

Маъмулан ҳокимон худро бениёз меҳисобанд. Ҳол он ки ҳазрати Умар (р) ба дигарон мегуфт: «Ту ҳаргиз дар ҳузури ман хубиҳои маро магӯ, вале бадиҳои маро дар рӯ ба рӯйи ман бигӯ, зеро таъриф инсонро мағрур мекунад. Ман фаришта нестам, инсонаму пур аз хато ва иштибоҳот.»

More From Author

You May Also Like