Categories СИЁСАТ

Худ ва Президентро фиреб медиҳем!

Имрӯз ноқисон ба камоле расидаанд,

К-аз худсарӣ ба ҳарфи салаф хат кашидаанд.

Озодфикрии зеҳнӣ ва рушди имкониятҳои иқтисодию иҷтимоъӣ ба хотири ҳарчи беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагӣ бо суръате пеш рафта истодааст, ки дар тамоми даврони 20 асри пешин дар якҷоягӣ ба даст наомада будааст.

Агар ба хотири ризоияти як гурӯҳи хурди одамон дар асрҳои пешин дар давоми даҳсолаҳо бино ва ё қасреро сохта бошанд, айни ҳол ба андозаи садҳо маротиба азимтару зеботар бинову қасру кушкҳое дар муддати чанд моҳ ё ҳадди аксар соле сохта мешаванд.

Агар сафар кардан ба қитъаи Амрикою Африқо ва ё Австралиё дар гӯшаи хаёли инсон ҷо надошт, имрӯз дар ҷомеъаҳо дар ҳоле қарор доранд, ки тибқи хоҳишот ва бе мамониат дар як ё ду рӯз ба ину он манотиқи дилхоҳи кураи замин сафар мекунанд.

Агар садсолаҳо пеш дар як минтақа як ё даҳ нафар аҳли дониш ва ё мирзо (хатнавис) будаанд, феълан беш аз 80% инсоният имконияти навиштану хонданро доро гаштааст. Яъне иқтидори илм ва рушду тақвияти имкониятҳои зеҳнии башарият воқеъан метавонад зиндагии онро садҳо ва ҳазорҳо маротиба хубтару беҳтар бигардонад. Феълан фарқият дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ хоҳу нохоҳ ҳис мешавад, агар онро инкор бикунӣ ё одам ва ё аз ин олам нестӣ.

Мегузарем ба сари масъала, яъне сари баҳсу мунозирае, ки мехоҳам фикр кунед ё ҳадди ақал шуморо вориди андеша кунам, ки ҷамъияти тоҷиконаи мо дар ин замину замон аз чӣ бояд ифтихор бикунад? Чӣ бояд мояи ифтихори миллати мо бошад: замин, обу хок, кӯҳ ва дигару дигар? Ягон исме аз инҳоро мо насохтаему тағйири шакл ҳам надодаем, ки ифтихор бикунем. Барои ин муъҷизаҳо танҳо аз Яздони пок бояд шукргузорӣ кард, ки моро соҳиби ин марзу бум гардонидаву боре ҳам намепурсад, ки ай банда чӣ кардӣ бо ин ҳама?

Суоли дигар ин аст, ки дар ин маҳдуда, зери номи Тоҷикистон чӣ кардему чӣ кореро анҷом медиҳем ва дар оянда чӣ кор карданием, ки башарият пеши ақлу заковат, илму фарҳанг ва ҳунармандии мардуми тоҷик ангушти ҳайрат бигазад ва миллат биболаду ифтихор кунад? Хонандаи азиз, оё фаҳмидӣ, ки ҳарф болои чист?

Дар бораи тарзи тафаккур ва зиндагии тоҷиконаи мо, ки то чи андоза ҳадафмандонаву оқилона ва одилона бар нафъи башарият, муҳимтар аз ҳама зоеъ бар худи умри мардуми мо, ки он зоти пок ба мо насиб гардонидааст, набуда ва нест.

Такя бар тақдир, ҳамчун як фарзанди ин марзу бум, ки тақдири дирӯзу имрӯз ва фардои он бароям бетафовут набуду нест, сари ин масъала хеле зиёд андеша мекунам, ки чаро ину он барои ин миллат набудааст. Чаро ҷабру фақр ва барҳак кардани ноҳақ ҳаққи хеш пой барҷост ва чаро номард ҳамчун мард беш аз пеш ҷавлон дорад ва ғайраву ғайра?

Ҳатто таҳлили начадон хубе инсонро водор ба он месозад, ки миллати азиз дар се масъала, дар тарзи зиндагии хеш ҳазорсолаҳо бисёр ифротгароӣ кардааст. Дар яке ба ҳукми тақдир тан додаву дар дигаре бар таваккалу тасодуфи аз ҳад зиёд такя кардан, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ миллатро ба ҷоҳилияту фақр, билохира нобудӣ мебарад.

Кор ба ҳадде расида, ки категорияҳои фалсафии дар боло ишорашуда, билохира дар зиндагиномаи миллат ба ҳукми урфу одат ва анъана тавре реша давондаанд, ки мардум дониставу надониста аз воқеъияти ин мафҳумҳо тарзи зиндагии хешро дигар кардааст. Ҳамеша такя бар тақдир намуда, дар амалҳои ҳаррӯзаи хеш саропо ғарқи таваккалу тасодуф будааст. Мисоли оддӣ, ҳамасола дар Тоҷикистон дар натиҷаи амалҳои дар чаҳорчубаи зиндагии заношуии ҳазорон тоҷику тоҷикистонӣ, бародарону хоҳарони азизи мо, тибқи баъзе сарчашмаҳо 225 ҳазор кудак таваллуд мешавад.

Биёед сари ҳамин рақам баҳс кунем, барои содда кардани масъала оддӣ карда мегуям, ки ин миқдор одам дар калонтарин ноҳияи Тоҷикистон зиндагӣ намекунад. Дар ҳоле, ки дар чунин ноҳия на камтар аз 60% сокинонаш аҳли кор ва қувваи истеҳсолкунанда ба шумор мераванд.

Оё дар ин масъала давлат чӣ саҳм дорад?

Шумораи одамоне, ки тазаккур кардем, танҳо мехӯранду мехӯранд. Чунки онҳо ҳанӯз тифланду ҳақ бар мо доранд, яъне то синни 18-20 солагӣ муҳтоҷ ба дастигирианд. Мо дар бораи саҳми давлат болои ин масъала ҳанӯз ҳарфе нагуфтаем ва гуфтанӣ ҳам нестем. Чунки саҳми давлат саҳми худи мост, яъне дар оқибати кор аз кисаи ману шумо харҷ карда мешавад, ҳеҷ гоҳ набояд инро фаромӯш кард. Масъалаи хӯронидан як тараф истад, дар бораи тарбияи замони хурдсолии онҳо умуман сухан нагуфтаем. Дар бораи фарогирӣ ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бошад боз ҳам хомӯшем. Оё як бор барои худ суол кардаем, ки чанд фоиз фарзандони тоҷику тоҷикистонӣ дар мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, варзишӣ, техникӣ ва ё дигару дигар ҳунаромӯзӣ, илова бар он дарсе ки ӯё дар мактаб мехонанд, таълим мегиранд? Шояд ҳамагӣ 10% ва ё камтар аз ин ҳам бошад.

Вақте сухан дар бораи даъват ба артиши ҳарби бо тарзи «облава»-и анқариб 3 миллионнафараи кӯдак ва насли навраси тоҷик меравад, магар метавон хомӯш нишаст? Ба кадом оташ аловбозӣ дорем? Фардо алангаи ин оташ хонаи мо ва ҳамсояи маро месӯзонад, инро набояд фаромӯш кард! Борҳо гуфтаем ва ба такрор мегӯем, агар мо воқеъан касеро таълиму тарбият мекунем, аввалан пеши худ бояд ношармида ҳисобот диҳему баъдан ҳисоботи ин амалҳо пеши дастандаркорон рӯшану урён бошанд.

Вазорати маъориф киро тайёр мекунад?

Раванди тарбият ва таълим касеро интизор намешавад! Мебахшед, ин ягон чӯбу тахта, хона ва ё иморат, роҳу пуле нест, ки имсол агар сохтмони он анҷом нагирифт, соли дигар бисоземаш. Агар дар самти тарбия ва таълим дер кардем, пас дер кардем дар ҳама чиз. Ин ковокӣ то он лаҳзае, ки ин табақа зинда ҳаст, бо ҳамон ковокии бетарбиятӣ ҷомеъаро бо худ мебарад ва гоҳ-гоҳе аз худ дарак медиҳад. Онҳо зомини ҷабр бар дигарон мешаванд. Эҳа, боз мебинем чӣ хел боиси ҷабр мешаванд.

Ба ҳамин навъ ва шакл инак 22 сол мешавад худро таъриф карда гаштем, вале олами пушти чордевории мо дар ҳолати рушду пешрафт аст. Дар кишварҳои дигар шаҳракҳои наврасони боақлтар, хушзеҳну замонавӣ бо техноложии пешрафта месозанду мо даъво мекунем, ки саду дусад мактаб сохтему ба истифода додем, бо ифтихор инро боз саҳми нафари ягона ва нодир медонем.

Худ ва Президентро фиреб медиҳем!

Дар телевизионҳои ҳукуматӣ аз саҳар то шом, аз кӯдак то калонсол ҳама мерақсанду месароянд. Мебахшед, қариб ба як кишвари сарояндаву раққосаҳо табдил ёфтаем. Кай мо кишвари пешрафтаву замонавӣ мешавем? Барои ин корҳо бояд замина гузошту сармоягузорӣ кард ва шабу рӯз ба тарбияти насли наврас бояд машғул шуд!

Намефаҳмем, мо киро фиреб дода истодаем, роҳбари давлат ва пешвои миллатро? Не, мо ӯро ҳаргиз фиреб карда наметавонем, бисёр шахси доно ва худогоҳ аст. Танҳо ва танҳо худро бо чоплусиву хушомадгӯиҳо фиреб медиҳем. Мо миллатро фиреб медиҳем!

Мақсад аз гуфтаҳои боло танҳо ва танҳо дар маблағгузории ҳадафмандона барои рушди имкониятҳои зеҳнист. Агар мо хоҳем, ки воқеъан миллати сарбаланду саъодтаманд бошем, бояд аз таърифу тавсифи хеш канораҷӯӣ намоем, ҳатто аз таъриф шарм дошта, дар пайи тақвияти имкониятҳои инсонӣ дар ҷомеъаи тоҷикӣ бошем. Ақаллан барои чанд муддате дар масъалаи худтаърифкунӣ моратория эълон кунем. Тамом: «Таърифкунӣ манъ аст».

Танҳо баъди чанд фурсате бубинем, ки аз ягон кори хеш ифтихор кардан арзиш дорад ва ё ҳоло ҳам барвақт аст.

Кадомин қишр ояндаи миллат аст?

Раиси ҷумҳур сари ҳар суҳбату суханронии хеш мегӯяд, ҷавонон ояндаи миллатанд, вале кадом ҷавонон манзури назаранд, маълум нест. Танҳо созмон додани марказҳои парвариши насли навини тоҷикистонӣ ва ба низоми сахту сангин табдил додани онҳо, метавонем дар тафакури тоҷиконаи зиндагии хеш инқилоб намоем.

Дар охир такроран мегӯем, бояд самти аслии сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро ошкор ва онро оқилона дунбол кард. Ин соҳа фақат ва фақат маорифи ҳадафнок ва саломатии устувору тарзи ҳаёти солим аст, на чизи дигар. Ҳамарӯза миёни қишрҳои гуногуни ҷавонон ҳастем, ки иддае таҳсилкарда дар хориҷанду иддае гадои кӯчаҳои ватани азиз.

Дар робита ҳастему мебинем ки рӯҳияи баъзе аз қишри ҷавонон шикаста шуда, рӯ ба ноумедию муҳоҷират овардаанд. Барои омода кардани гузориш бояд сар ба донишгоҳу донишкадаҳои шаҳр бизанем. Афсус ва афсус, гиря гулугир мекунад, ки инҳо фарзандони кӣ бошанду чӣ тадрис мекунанд? Сад ҳайфи нокасон, ки дар ҷойи касонанд.

Шукрона

More From Author

You May Also Like