Дар Ангола мусалмон будан ҷурм аст

Ангола нахустин кишварест, ки дар мубориза бо Ислом ба тахриби масҷидҳо даст мезанад, мақомоти ин кишвар фаъолиятҳои фарҳангии исломиро ғайриқонунӣ медонанд.

Моҳи актябри соли 2013 мусалмонони Ангола шоҳиди тахриби масҷидҳои шаҳрҳои Вияна, Луанда буданд. Бинобар таҳлили бисёре аз хабарнигорон ва расонаҳои Ангола, ин кишвар нахустин кишвари ҷаҳон аст, ки бо гирифтани тасмими тахриби масҷидҳои мусалмонон карда ва фаъолияти онҳо ба таври аланӣ мамнуъ медонад.

Разо Каруз Селво, вазири фарҳанги Ангола дар мусоҳиба бо Оҷонсии хабарии “Экуфен” ошкор кард, ки раванди қонунисозии Ислом дар ин кишвар тасвиб нашудааст ва масҷидҳо бояд то дастурҳои нав боқӣ бимонанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ин аввалин боре нест, ки мақомоти Ангола алайҳи Ислом рафтор мекунанд, раисҷумҳури ин кишвар ба сароҳат эълом карда буд, ки ин поёни бадеҳии таъсири Ислом дар кишвари мост.

Ҳокими Луанда низ баён карда, ки касе ба мусалмонон дар Ангола хушомад намегӯяд ва давлат ҳаргиз фаъолияти масҷидҳоро қонунӣ намекунад.

Бар асоси оморҳо, 47 дарсади Анголаро бумиҳо, 38 дарсадро католик ва 15 дарсад протестантҳо ҳастанд. Танҳо 5 дарсад аз ҷамъияти кишвари Анголаро мусалмонҳо ташкил медиҳанд.

More From Author

You May Also Like