Аввалин шумораи «Pamir info» мунташир шуд.
Тавре хабаргузории «Азия плюс» менависад, чопи «Pamir info» дар шаҳри Хоруғ, аз ҷониби гурӯҳе аз сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ монда шудааст.
Муассисон гуфтаанд, ҳадафи онҳо аз роҳандозии нашри «Pamir info» тарвиҷи рушди пойдори Бадахшони Кӯҳӣ аз роҳи иттилоъ расонидан ба шаҳрвандон ҷиҳати воқеоти муҳими ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят мебошад.
«Мо итминон дорем, ки нашрия муколамаи давлат, тиҷорат ва ҷомаи шаҳрвандиро дар робита ба рушди вилоят ба вуҷуд меорад. Мо бар онем, ки матбуот на танҳо мушкилотро бояд баррасӣ намояд, балки бо пешниҳод намудани фикри таҳлилгарон, пешниҳодот ва маслиҳатҳои созанда ба ҳалли онҳо мусоидат кунад», қайд намудааст муассиси нашрия.
Дар шумораи аввалини нашрия, ки 10 апрел мунташир шудааст, маводе назири «Нарӯз – рӯзи нави умед», «Ҷомеаи шаҳрвандӣ чист?», «Кӯли Сарез барои ташрифи сайёҳон боз аст» ва амсоли ин ба табъ расидаанд.
Categories
Ахбори рӯз