Categories Uncategorized

Хушомад ба Президент

Хушомад ба Президент аз Кумитаи телевизион ва радио (раис Асадулло Раҳмонов)

Ҳафтаи гузашта савол чунин буд: “Чаро барои пахши суханронии Президент се шабакаро мебанданд ва танҳо Шабакаи аввал мемонад?”

Ва ба ин “Доварии мардум” 285 нафар меҳмонон фаъолона посух доданд ва аз рӯи ин пурсиши ғайрирасмии шабака ҷавоби “Хушомад ва тарси роҳбарони Кумита аст” аз ҳама зиёд – 53% овозро гирифт ва дар ҷойи дувум “Хоҳиши худи президент Раҳмон аст”бо 29.8% овозҳо қарор гирифт.

9.8% меҳмонони мо бовар доштаанд, ки “Суханронии Президент ин тарғиби сиёсати давлат аст”, вале танҳо 4.2% хонандагон бар он фикр ҳастанд,  ки “Халқҳои Тоҷикистон Ҷаноби Олиро аз ҷону дил зиёдтар дӯст медоранд.”

Танҳо 3.2% овоздиҳандаҳо бепарво ба ин савол будаанд.

Чи тавре мегӯянд, он ҷо, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

Умедворем, дар овоздиҳии навбатӣ боз фаъолонатар иштирок мекунед.

More From Author

You May Also Like