Дар ҷаҳони кунунӣ, ки иттилоот дар он нахустин манбаи қудрат ва дар натиҷа, нахустин гом барои таҳаққуқи ҳадаф аст , ҳеҷ кас ба танҳоӣ намеандешад, балки маҷмуъаҳо ва гурӯҳҳои корӣ, ба сурати гурӯҳӣ ва дастаҷамъӣ меандешанд. Бо вуҷуди фаровонии иҷтиҳодот ва нигаришҳои фардӣ, нуқсон ё камбудии бузурге, ки дар ҳаракатҳои исломӣ мушоҳида мешавад, ин аст, ки гурӯҳҳои пажуҳишӣ ва тахассусие, ки ба мутолиаи мавзуъоти муҳими дохилӣ ва байналмилалӣ бипардозанд ва натиҷаи баррасиҳо ва таҳқиқоти худро дар ихтиёри тасмимгирандагони сиёсии ин ҳаракатҳо қарор диҳанд, вуҷуд надорад ё аҳамият дода намешавад. Дар ҳоле ки ин раванд метавонад пуштвонаи илмӣ ва шинохти тасмимоти сиёсӣ бошад ва аз тасмимгириҳои мубтанӣ бар тамоюлоти шахсӣ ва манофеъи ҷузъӣ пешгирӣ намояд. Чунин ҳолат дар ҳаракатҳои навин, чи дар Ғарб ва чи дар Шарқ ҳоким аст. Аммо дар бархе ҳаракатҳои дигари ҷаҳони савум ҳам дар ҳоли шаклгирист.
Барои ҳалқаҳои пажуҳишии гурӯҳӣ перомуни Ислом метавон ду намуд ҷадвали кориро ба назар гирифт: нахуст, мутолиаи Ислом дар дохили марзҳои исломӣ, бо ҳадафи бозсозии дубора ва омодагии дарунӣ пеш аз рӯёрӯӣ бо ҷаҳони хориҷ; дуввум, мутолиаи тасвири Ислом дар хориҷ аз марзҳои ҷаҳони Ислом ва қарор додани он дар мавозин ва меъёрҳои байналмилалӣ.
Дар ҷадвали кории масоили дохили марзҳои исломӣ бо чанд чолиши асосӣ бармехӯрем, ки рӯёрӯӣ бо онҳо барои ҷомеаи исломӣ ногузир аст. Ба иборати дигар ҷаҳони Ислом бояд таклифи худашро бо ин чолишҳо мушаххас кунад. Ин мушкилот дар ҷавомеи исломӣ сабаби он шудаанд, ки бегонагон онҳоро баҳона ва васила қарор дода, ҷаҳони Ислом ва уммати исломиро бадном созанд.
Озодии инсон
Муҳимтарин чолиши мавҷуд дар ин замина озодӣ ва раҳосозии шаҳрванд аст. Озодӣ бахшидан ба шаҳрванд бар озодсозии сарзамин бартарӣ дорад. Дар ин сурат, ҳар шаҳрванде бидуни дараҷабандӣ дар шаҳрвандии худ метавонад аз озодии меҳан дифоъ кунад. Манофеъи умумӣ бар манофеи хусусӣ авлавият дорад ва маслиҳати сарзамин бар маслиҳати фард тақаддум дорад. Фарде, ки ба таври озодона имонро бар куфр баргузидааст, бо амал ба рукни нахусти Ислом, яъне шаҳодатайн ин озодиро иброз мекунад, зеро шаҳодат ба ин ки «Худое ҷуз аллоҳ нест ва Муҳаммад (с) расули Худо аст», эълони озодӣ аст. «Шаҳодат медиҳам», яъне мебинам ва мешунавам ва сухан мегӯям ва касе, ки шоҳиди рухдодҳои ҷаҳон аст ва ситамҳо ва нобакориҳоро мебинад ва бо он меситезад, мумкин аст, шаҳид шавад, ки ин шаҳодати дуввум пас аз шаҳодати нахуст аст.
Ӯ ду феъли огоҳонаро анҷом додааст: феъли нафий (ло илоҳа) ва феъли исбот (иллаллоҳ). Феъли нафий зидди худоёни дурӯғини рӯзгори мо, яъне султа, ҷоҳ, мол, шуҳрат, шаҳват, қудрат. Ҳар гоҳ инсон аз ин худоён раҳоӣ ёбад, ба феъли исбот (иллаллоҳ) мерасад. Ба Худое, ки ягона ва Ҳақ аст ва ҳама ӯро меситоянд.
Инсони мусалмон пас аз ин шаҳодат эълом мекунад, ки мунтасаб ба хотами паёмбарон аст, ки ваҳйи пас аз таҳаввулот ва тайи мароҳили тулонӣ хатм шудааст ва дигар инсон бо хиради худаш қодир, ба фаҳм ва бо иродааш қодир ба феъл аст. Бинобар ин ваҳйи бо комил шудани шуур ва фаҳм, истиқлоли ақл ва озодии ирода комил шуда, поён ёфта аст.
Адолати иҷтимоӣ
Чолиши баъдӣ, адолати иҷтмоӣ ва тақсими даромади уммати Ислом ба ҳамагон ба гунае аст, ки ба бештарин андозаи мумкин адолат ва баробариро таҳаққуқ мебахшад. Сарватмандтарин шахсони олам ва низ фақиртарин афроди олам дар миёни мо, мусалмонон ҳастанд. Бархе дар миёни мо аз пурхӯрӣ мемирнд ва иддаи дигар бар асари гуруснагӣ ва қаҳтӣ. Дар ҳоле ки уммати Ислом уммати якпорча аст. Сармояҳо ва дороиҳои моддӣ дар яксӯ, сармояҳои инсонӣ дар сӯйи дигар ва заминҳои кораму ҳосилхез дар самти дигар қарор доранд. Уммати исломӣ чӣ гуна метавонад аз ин якпорчагӣ истифода кунад, то рифоҳ ва осоиши фарогиреро шоҳид шавад?
Андӯхтаҳо ва сармояҳои мусалмонон дар бонкҳои кишварҳои бегона хобидаанд, то ба тавсеаи бегонагон кӯмак кунанд. Кӯмакҳое, ки ба кишварҳои фақир мешаванд, аз даромади сармояи мусалмонон дар бонкҳои хориҷӣ таъмин мегарданд. Бонкҳои ҷаҳонӣ барои додани қарз ба кишварҳои фақир, шароити зиллатборе чун бардошти як қисми даромади маводи хӯрокӣ ва тақвияти бахши хусусиро таҳмил мекунанд.
Бархе фуқаҳои дарборӣ ҳам оёти тиҷорат ва судро ба гунае тафсир мекунанд, ки ба тарвиҷи сармоядорӣ ва талаққии он ба унвони системаи солим меанҷомад.
Бархе дигар ҳам ба сӯи тафсири оёте чун «ва рафаъно баъзаҳум фавқа баъзин дараҷот» рӯй овардаанд ва ин дараҷотро ба маънои табақоти иҷтмоъӣ, на маротиб дар илм, тақво, имон ва амали солеҳ гирифтаанд. Чӣ гуна уммати исломӣ бо мероси адолат ва мусовоте, ки дорад , метавонад ба арзшҳояш, ки монеи тамаркузи сарват дар дасти гурӯҳе андак аст, таҳаққуқ бахшад, то ин сухани Худо, ки «то ин ки сарват танҳо дар миёни тавонгаронатон дар гардиш наафтад», амалӣ шавад?
Замоне ки тавонгарон, кохҳои худро бармеафрозанд ва масолеҳи мардум муъаттал мемонад, бунёни ҷавомеъ фурӯ мепошад. Оре, фуқаро гузашта аз закот ҳаққе дар амволи ағниё доранд ва ибодати Худо ҳам таъмини амнияти мардум ва сер кардани онон аз гуруснагӣ аст: «Фаляъбуду рабба ҳозалбайт аллази атъамаҳум мин ҷӯвъ ва оманаҳум мин хавф».
Ваҳдати уммат
Масъалаи дигар ваҳдати уммати Ислом пас аз таҷзияи он аз замони суқути хилофати Усмонӣ то истеъмори ҷадид ва ҷунбишҳои озодибахши миллӣ аст, ки ба истиқлол анҷомид, на ба ваҳдат. Нахустин таҷрибаи ваҳдатгароии арабҳо дар таърихи муосир, яъне ваҳдати Миср ва Сурия беш аз се сол (ـ 19581961) тӯл накашид. Яман ҳам бо мадади қудрати низомӣ тавониста ваҳдати шимол ва ҷанубашро ҳифз кунад. Имрӯз уммати исломӣ бештар бо хатари таҷзия, фурӯпошӣ ва табдил шудан ба тиккаҳои нажодӣ, тоифаӣ ва мазҳабӣ (суннӣ ва шиъа, ибозӣ, араб, форс, барбар, курд ва ғайра) мувоҷеҳ аст. Давлати Исроил ҳам, ки қавитарин давлати нажодӣ ва тоифаӣ дар минтақа аст, дар ин вазъ машруъияти ҷадиде касб кардааст, вале на бар асоси тасаввури Ҳертзел аз афсонаҳои аввалияи сарзамини мавъуд, ки давлати Яҳуд бар он мубтанӣ аст.
Тавҳиде, ки аз усули ақоиди мусалмонон аст, сарчашмаи фарҳанги ваҳдат аст, зеро тавҳид сирфан шаҳодати забонӣ ё имони қалбӣ нест, балки кунише аст, ки дар шахсияти инсон бозтоб меёбад, то ягонагӣ миёни сухан, амал, андеша ва виҷдонро дар ӯ таҳаққуқ бахшад. Ин ақида (тавҳид) дар сатҳи ҷомеа ҳам таҳаққуқ меёбад. Дар як ҷомеаи динӣ ҳар узве, ки дучори мушкил шавад, мушкили ӯ ба соири аъзо мунтақил мешавад ва низ дар инсоният таҷаллӣ меёбад, ки мафҳуми воҳид дорад ва дар он фарқе миёни сафед, сиёҳ ва зард нест.
Тавсеаи дарунӣ
Амри муҳими дигар тавсеаи дарунӣ аст. Зеро мантиқӣ ва оқилона нест, ки уммати исломӣ 43% ниёзҳои худро аз хориҷ таъмин кунад. Уммате, ки хӯрокаш ҳосили дастранҷи худи ӯ нест, наметавонад дар тасмимоти худ мустақил бошад. Иродаи чунин миллате дар ихтиёри кишваре аст, ки хӯрокаашро аз он ворид мекунад.
Қуръони карим табиати сарсабзеро тавсиф мекунад, ки борон бар он меборад ва ҷунбиши сабз дар он ҷорӣ аст ва гунаҳои мухталифи гиёҳӣ дар он мерӯяд, на табиати зарди беборубаре, ки ҳеҷ дар он намерӯяд.
Қуръони карим фаровон ба тааммул дар табиате, ки Худо онро ба тасхири инсон дароварда то заминро обод кунад, фаро хондааст.
Пазируфта нест, ки ҳамаи назариёт дар боби тавсеаи пойдор, рушди иқтсодӣ, қавонини табиат ва озодӣ мазомини ғарбӣ бошаду Ғарб ба сабаби он бар мо фахр бифрӯшад ва тамаддуни мо ба хотири он ки табиатро фонӣ ва вайрон медонад ва мӯътақид аст, ки инсон омадааст, то бигзорад ва биравад ва на талош ва кор кунад, парешон ва ошуфта боқӣ бимонад. Зеро рисолати динии мусалмонон обод сохтан, тасхири замин, барқарории адолат, ҳифзи каромати инсон ва дар умум, саодати насли башар аст.
Ҳифзи ҳувият ё дифоъ аз ҳувият
Масъалаи баъдӣ ҳифз ё дифоъ аз ҳуввият аст. Дар шароите, ки ҷаҳонӣ шудан хусусиятҳои фарҳангӣ ва арзишҳои диниро аз тариқи шабакаҳои моҳвораӣ ва интернет таҳдид мекунад, ҳаракатҳои исломӣ вазифадоранд, ки аз ҳувияти уммати исломӣ дифоъ кунанд. Уммати исломӣ бо фарҳанг ва меросаш дар тӯли таърих дар баробари ҳуҷуми муғулон ва тоторҳо дар Шарқ салибиҳо ва истеъмори ҷадиди ғарб муқовимат карда, мавҷудияти худро ҳифз намудааст. Ба ҳамин далел мероси фарҳангии Ироқ тороҷ карда мешавад, то таърихи Ироқ дуздида шавад ва мавҷудияти таърихии он нобуд гардад ва ин кишвар ба манбаи таъмини энержӣ табдил шавад ва ҳувияташ камрангтару дар дарозмуддат аз байн биравад.
Уммати исломӣ наметавонад бидуни таъкид бар ҳувияти худ бахше аз ҷаҳони муосир бошад ва бо он таомул варзад. Қуръон дар оёти мутааддид ва ба шеваҳои мухталиф бар ҳуввият таъкид меварзад: «Ва лан тарзо ъанкал яҳуду ва ланнсоро ҳатто таттабиъа миллатаҳум», яҳуд ва насоро аз ту хушнуд нахоҳанд шуд, магар ин ки ту аз ойинашон пайравӣ намоӣ.
Қарор гирифтани уммат дар таърих ба унвони уммати миёна аз лиҳози арзишҳо, фарҳанг ва мавқеяти ҷуғрофиёияш метавонад истиқлоли ин умматро ҳифз кунад, бе он ки ба самти Шарқ ё Ғарб майл намояд. Ҳувият метавонад эҳсоси «ғайрият» ё бегонагиро аз уммат дур нигаҳ дорад ва ба ҷои ин ки «аз худ бегонагӣ» ё табдили «ман» ба «дигаре» ва фуқдони ҳувият рух диҳад, бозгашт ба хештан рух диҳад ва «дигаре» ба «ман» табдил шавад ва шефтаи тамаддун, фарҳанг ва ҳувияти «ман» шавад, ба ҷои ин ки «ман» дар баробари фарҳанг ва ҳувияти «дигаре» худбохта шавам.
Басиҷи тӯдаҳо ё ба ҳам овардани гурӯҳҳо
Як асли муҳими дигар ба ҳам овардани гурӯҳҳо аст. Дар ҷаҳони имрӯз мусалмонон аз лиҳози камият бештарин теъдодро нисбат ба дигар адён доро ҳастанд.
Ҷуғрофиёи Ислом аз Осиё то Африқо имтидод дорад. Аммо бо вуҷуди ин бартарии ададӣ ва вусъати ҷуғрофиёӣ мусалмонон ҳанӯз натавонистаанд Фаластин ё Кашмирро озод кунанд. Ҳанӯз Қудс дар ишғол аст, дар ҳоле ки 6 миллион саҳюнист дар ниме аз сарзамини Фаластин чандин бор бар арабҳо пирӯз шудаанд. Мусалмонон камият доранд, вале фоқиди кайфиятанд ва душманонашон кайфият доранду камияте надоранд. Аз ин ҷо аст, ки ба зарурати мунсаҷим кардани гурӯҳҳои мухталифи ҳомилони амонати илоҳӣ, равшанфикрон ва фаъолони арсаҳои мухталиф пай мебарем. Ҳар инсоне дар рӯйи замин ба дунболи пиёда кардани рисолати худ аст. Бо таваҷҷуҳ ба он ки дар ҷомеаҳои исломии имрӯз тафовути чандоне байни арзишҳои инсонӣ ва рисолати исломӣ вуҷуд надорад, ин ба ҳам омадан, агарчи мушкил, вале шуданӣ ба назар мерасад. Аммо мутмаинан мавонеи зиёде низ дар ин росто вуҷуд дорад.
Инҳо масоиле ҳастанд, ки дар пешорӯйи уммати исломӣ қарор доранд ва дар ҳақиқат, ҷадвал ё барномаи кории уммати исломӣ дар дохил ба шумор мераванд. Баҳсу пажуҳишҳо бояд ин мавзуъотро пайгирӣ кунанд ва барномаҳои дуруст ва огоҳонае дар ин замина пешниҳод карда шавад. Дар канори амал ин мавзӯъҳо бояд дар дуо ва ниёиши рӯзонаи ҳар як фарди ин уммат ҳам ворид шаванд, зеро ҳузури ин чолишҳо дар виҷдони уммат, аз саҳнаҳои қиёмат ва азоби қабр камтар нест. Ҳамон замон ин уммат дубора иззати худро бозмеёбад, ки арзишҳои динӣ дар ҷомеа ҳоким шаванд ва кайфиятро бар камият тарҷеҳ диҳанд.
Таҳияи Равшани Хатлонӣ