Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб
nahzat.tj
“Гузаронидани музокирот бо гуруҳҳои мухолиф танҳо роҳи аз байн бурдани нооромиҳо дар кишвар аст.”
Ин нуктаҳоро Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, рӯзи панҷшанбе 20. 09. 2012 зимни мусоҳибаи худ бо нашрияи мисрии “ал-Аҳром” иброз намуда, чунин афзуд: “Ҳеҷ тағйироте дар кишвар бо дахолати хориҷиён амалӣ нахоҳад шуд”.
Инчунин Башор Асад хотиррасон намуд: “Шӯришгароне, ки таҳти ҳимояти кишварҳои хориҷӣ бо давлат мубориза мебаранд, дастболо нахоҳанд шуд”.
Аз сӯйи дигар Алӣ Акбар Солиҳӣ вазири умури хориҷии Эрон низ чанде қабл зимни як суханронии худ иброз намуд, ки бо ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар Сурия мухолиф буда, танҳо барои ҳалли бӯҳрони ин кишвар роҳҳои сулҳомезро ҷонибдор аст ва дар мулоқоти ахири худ бо ҳамтоёни турку мисриаш низ пешниҳод намуда буд, ки бештар музокиротеро бояд барпо кард, ки диққати ҳамаи гурӯҳҳои даргирро ҷалб кунад.
Ин дар ҳолест, ки мухолифини Башшор Асад ягона роҳҳи ҳалро дар сарнагунии режими ӯ мебинанд ва мегӯянд, ки барои музокирот хело дер шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар натиҷаи нооромиҳои Сурия беш аз 20 ҳазор нафар ҷоми шаҳодат нушиданд.