Categories Uncategorized

Нархи нон дар Тоҷикистон боло меравад?

nahzat.tj

Ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар дунболи афзоиши нархи гандум дар бозори ҷаҳонӣ, қиматшавии нархи ордро дар Тоҷикистон пешгўӣ мекунанд.

Соҳибкорони содиркунандаи гандум мегӯянд, ки дар Қазоқистон бо далеи камборишӣ нархи гандум боло рафтааас, аз ин рӯ барои содирот ҳам нарх бардошта мешавад. Қазоқистон, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо орду гандум аст, мувофиқи пешгўиҳои нав ҳосил аз ҳаҷми интизорӣ ду миллион тонна камтар мешавад.

Ин дар ҳолест, ки масъулин аз тоҷирон тақозо мекунанд, ки нарх боло бардошта нашавад, вале Ҷаъфар, тоҷири орд, ки таҷриба беш аз 40 солаи соҳаро доро аст, бар ин гуфтора аст, ки орди ман то макони худ 136 сомонӣ меарасад, пас чигуна ман орди худро 110 сомонӣ ба фурӯш гузорам?

Орду гандум, ки Ба иттилои Созмони озуқаи СММ 60 дарсади хӯрокаи асосии мардуми Тоҷикистонро ташкил дода, тули соли ахир майли арзонӣ доштанд. Чун нархи гандум боло рафт нархи орд ҳам қимат шуд.

More From Author

You May Also Like