Таҳияи Абдулатифи Ҳаммод
17.04.2012, 15:26
Сомонаи Викиликс боз як барқияи махфие, ки январи 2009 Сафорати ИМА дар Лондон ба ҳукумати худ, фиристодааст, нашр кард ва мувофиқи ин маълумоти махфӣ теъдоди мусалмонҳои Бритониё дар 60 соли ахир 90 маротиба афзуда, тибқи ҳисоботи соли 2001 мусалмонҳо дар Бритониё 1.6 миллионро ташкил медоданд, ҳол он ки соли 1951 аз 22 ҳазор зиёд набудаанд.
Боз як сирри махфии Иёлоти муттаҳидаи Амрико ифшо шуд
Моҳи апрели 2008 Вазорати корҳои дохилии Бритониё теъдоди пайравони исломро 2 миллион нафар эълон намуд.
Ин нишон медиҳад, ки дар байни ҳафт сол мусалмонон 400 ҳазор нафар зиёд шудаанд.
Тибқи ҳарфи ин нома дар 50 сол (1951-2001) солона аҳли ислом 31.500 ҳазор ва аз 2001 то 2008 бошад, 57 ҳазор нафар афзудаанд ва муслимин дар Бритониё 3.3%-и теъдоди куллии сокинони Бритониёро ташкил додааст.
Ҳамчунин ин нома ишора намудааст, ки тибқи гуфтаи коршиносон, теъдоди мусалмонҳо соли 2011 ба 2.2 миллион нафар расид ва ин маънои онро дорад, ки зиёдашавии пайравони ислом идома дорад.
Шояд аз баланд рафтани шумораи мусалмонон Ҳукумати Бритониё бандҳои ҷадидро ба қонуни марбута ворид кардааст ва мувофиқи он барои аҷнабиёни мусалмон гирифтани раводиди Бритониё мушкил шудааст ва ба паст шудани зиёдшавии мусалмонҳо таъсири худро мегузорад.
Ин номаи махфӣ зикр намудааст, ки Ҳукумати Бритониё муҳоҷират ва таваллуд карданро аз нигоҳи динӣ ба қайд намегирад, лекин аз ҳисоботи марказҳои ҳиҷратӣ ба мо маълум гашт, ки соли 2007 тақрибан барои 50 то 55 ҳазор мусалмон, ҳаққи иқомати доимӣ дар Бритониё дода шуда аст.
Агар ба зиёдшавии мусалмонҳо эътибор диҳем, мебинем, ки аз 2001 то 2008 солона 57 ҳазор афзудаанд ва ин афзоиш асосан аз ҳисоби ҳиҷрати мусалмонон шудааст.
Ҳамчунин ин нома аз ташкилоти ғайриҳукуматии «Мигрейшн Воч ЮК», ки зидди муҳоҷират мебошад, ёдоварӣ мекунад. Аз рӯи ҳисоби ин созмони ҷамъиятӣ шумораи аслии аҳли ислом 3 миллион мебошад, на 2.2 миллионе, ки вазорати дохилии кишвар эълон карда буд, бинобарин дар асл 5% аҳолии Бритониё мусалмон аст.
Ин номаи махфӣ паҳлӯҳои гуногуни зиндагии мусалмонҳоро шарҳ дода, менависад, ки дар Бритониё мардуми мусалмон аз дигарон зиёдтар бемор мешаванд ва дар муқоиса бо дигарон заъифанд, лекин дар зиндагии иҷтимоӣ паҳлӯи ҳамдигаранд ва якдигарро дастгирӣ мекунанд ва нисбати хонадоршавии онҳо ҳамин нуктаро таъкид кардааст, ки мардони бе зан дар онҳо камтар дида мешавад.
Ин нома оварда аст, ки соли 2004 аз панҷ як ҳиссаи мусалмонҳо бо корҳои шахсии худ машғул будаанд ва аз ҳафт мард яке дар соҳаи нақлиёт ё алоқа кор мекардааст, камтар аз се ҳиссаи онҳо дар мансабҳои олӣ ва корҳои касбӣ шуғл доранд, ва аз 16 то 20% занҳои мусалмон дар фурушгоҳҳо ва амалгарони (оператор) иртибот кор мекунанд.